Бахшҳо

Мактуби боз ба вазири тандурустӣ: Шикоят аз гирифтани “лифтпулӣ” ва “бозори бахилфурӯшон”

Гуруҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” дар як мактуби боз ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хостори расидагӣ ба чанд мушкил дар самти хизматрасонии тиббӣ шудааст.

Дар ин мактуб, ки онро Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масьули гуруҳи “Ахбор барои афкор” нашр кардааст, сухан асосан сари пулакӣ будани лифти беморхонаҳо ва фурӯши бахил дар касалхонаҳои ҷумҳурӣ меравад.

МАТНИ КОМИЛИ МАКТУБИ БОЗ:

“Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода.
Ҷаноби вазир! Тайи ду рӯзи охир дар гуруҳи “Ахбор барои афкор”- и шабакаи иҷтимоии Фейсбук матлаби як корбари он, дар бораи пулакӣ будани истифодаи лифтҳои беморхонаи марказии вилояти Суғд баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Мардум на танҳо ин амалро шармандагӣ мехонданд, балки чандин мисолҳои дигар ҳам оварданд, ки ин “таҷрибаи нодир” дар бархе беморхонаҳои дигари мамлакат низ ҷо доштааст. Агар ин ҳама ҷо дорад, пас воқеан ҳам ҷойи нанг аст. Хоса дар кишваре, ки тибқи Қонуни асосӣ давлати иҷтимоӣ будаву бандҳои мушаххаси Конститутсия ройгон будани табобатро кафолат медиҳад. Акнун тасаввур намоед, ки кампир ё мӯйсафеди бемореро ё ҳатто бемори ҷавон ҳам бошад, ба касалхона меоранду кадом як дарбони лифт бидуни пардохти 30 дирам (мардум дар шарҳи ин матлаб аз бархе касалхонаҳое низ ном бурданд, ки аз 1 то 5 сомонӣ “лифтпулӣ” гирифта мешудааст) ворид шудан намемонанд. Айб аст? На, ҷаҳолат!

Шумо худатон беҳтар аз мо медонед, ки табобатгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо ва шояд садҳо мушкили дигар доранд. Норозигии мардум аз хидматрасониҳои “бепул” ва дар баъзе ҳолатҳо бесифату камтаъсир кам нест. Бовуҷуд, одамон бо асабҳои хароб ба умеде пеши табибон меоянд, ки то ҷое мушкилашонро осон кунанд. Шумо ҳамчун духтури дилшинос хеле хуб медонед, ки касалидорӣ ба асабу равони мардум ва ахиран қалби онҳо бетаъсир намемонад. Худое накарда ягон рӯз кадоме бо асабҳои хаста ин ҳолатро тоқат накарда, вокуниши ҷиддие ба ин “лифтбон” намояд оё бори дигар “тибби бепул”- и Тоҷикистон мавриди истеҳзову хандахариш ва накуҳиш қарор намегирад? Чун ҷойи гап омад, ҳоҷатхонаҳои пулакии касалхонаҳоро низ бояд мавриди баррасӣ қарор дод. Оре, мо медонем ки ҳоҷатхонаҳо бояд тозаву озода бошанду барои ин масрафоте зарур асту нигаҳбон. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин маконҳои “мушкилосонкун” ба тиҷорати хос дар бемористонҳо табдил ёфтааст...

Ҳамчуноне ки Президенти кишвар бо як боздидаш аз Қарияи Боло садҳо мушкилоти “тиҷоратӣ” ё ба таври дигар ба як бозори калон табдил ёфтани ин касалхонаи машҳурро ошкор намуд, Шумо ё намояндаатон як бор ба ҳоҷатхонаҳои ин касалхона мутавваҷеҳ шавед, даҳҳо масоилро пайдо мекунед.

Масъалаи “бахил” низ дар ҳамон матлаби нашркардаи мо мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Мардум аз он шикоят доранд, ки барои “бахилфурӯшон” муҳим нест, ки як ниёзманд “бахил”-ро мегирад ва ба по мекунад ё не. Муҳимаш ҳамон 1 сомонист. Супоред ва паноҳатон ба Худо!

Ҷаноби вазир! Мо аз Шумо шинохти дигар дорем. Шуморо ҳамчун нафари донишманду ҷаҳондида муаррифӣ мекунанд. Шояд бо ин масоил муроҷиат кардан ба Шуморо бо лабханд мепазиред ва моро ба “ҷиддӣ"”набудан муттаҳам намоед. Вале барои мо ҳоло муҳим шарманда нашудан дар назди дигарон ва аз Тоҷикистон ба ҳайси кишвари “феодалӣ” ном набурдан дар масьалаҳои вобаста ба тандурустист. Барои баррасии масоили бунёдии соҳаи масъулаш Шумо низ баррасиҳое дорем, ки иншоАллоҳ бо даст додани имкон сари онҳо ҳам бармегардем. Қаблан изҳори сипос менамудем, агар масъалаҳои мавриди баррасии ҷомеаи шаҳрвандиро ба муҳокимаи ҷиддӣ мегузоштед ва дар ҳаллашон мусоидат мекардед.

Бо эҳтиром Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъули гуруҳи “Ахбор барои афкор”- и шабакаи иҷтимоии Фейсбук”.
Мӯҳр
дардманд
Мо содда будаем. О иин кору рафтор муддати 20 сол аст, ки давом дорад.

рахим
Ээээ чаноби вазир наход ахвол хамин хел бошад бовар намекунам Обббоо

Аз бемор як дуо
Ба маврид аст ки баробари танзим инро низ ба танзим дарорем. Айб аст, вқте як хориҷи ба беморхона меояду ҳангоми бахил пуши аз ӯ 1 сом талаб мекнанд. Ҷаноби Вазир илтимос дар ЛАБОРАТОРИЯҲО шахсони пуртаҷриба ва аз 5-9 сол таҷрибаи кори дошта бошанд, ки онҳо бо ҳаёти мо сару кор доранд. Ҳар як ҷавоби онҳо он дуруст аст ё нодуруст фикр мекунам дар бисёр ҳолатҳо нодуруст аст моро ба ташвишу ба хароҷоти зиёдати оварда мерасонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)