Бахшҳо
16 сен 2017 09:16Тоҷикистон / Сиёсат

Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шуд?

Асрҳост донишмандону муҳақиқон ба зиндагонии Фиръавн(ҳо) таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, саргузашти онҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд. Дар асри 21 бо дастрасии технологияҳои муосир ва фанновариҳои ҷадид инсоният ҳанӯз ҳам дар гӯшаву конори олам ба зиндагӣ ва саргузашти Фиръавн мароқ зоҳир карда, мехоҳад бидонанд, ки Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Чӣ тавр як инсон ба ин ҳадди туғён ва зулму ситам расид?

Илми ҷамеашиносӣ ва ё арзёбиҳои таърихӣ барои муносибатҳои инсонӣ дар кураи замин ба ин масъала дахли бештар кардааст. Зеро ҳеч асру замоне аз фиръавнсифатон холӣ набудааст. Садҳо китобу рисолаҳо, корҳои таҳқиқиву таҳлилӣ дар масъалаи Фиръавн вуҷуд дорад, аммо ҳеч кадоми онҳо мисли Қуръон бисёр дақиқу ҷаззоб ва возеҳу ибратбахш ҳоли Фиръавнро баён накардаанд.

Фиръавн чӣ гуна Фиръавн шудааст? Ба ин суол Қуръон бисёр дақиқ ва кутоҳ посух гуфтааст. Ва ин посухи Қуръон як дарси бузург ва ҳушдори қатӣ барои инсонҳоест, ки пандпазир ҳастанд!

“Фиръавн қавми худро сабукақл кард, то онҳо фармони ӯро қабул карданд...”(“Зухруф”, ояти 54).

Барои идомаи худкомагӣ қавмӣ худро пасту беарзиш ҳисоб кард ва онҳоро ҳамеша дар сатҳи поёни фарҳангӣ ва рушди фикрӣ нигоҳ медошт. Мардум ба он ҳад қобилияти таҳлил ва шинохти воқеъиятро аз даст дода буданд, ки дигар Фиръавн ҳар коре анҷом медод, мепазируфтанд ва аз он итоат мекарданд. Фиръавн аз хурдану пӯшидан то рафтору гуфтори мардумро таъин мекард ва ба онҳо нишон медод, ки чӣ тавр зиндагӣ кунанд...

Гуруҳе аз мардумро, ки ба корҳои ӯ эрод мегирифтанд ба зиндон меандохт. Фарзандони қавми худро мекушт ва модарони онҳоро ба ғуломӣ мегирифт. Ҳар рӯз бар зулми Фиръавн боз зулм зам мешуд. Ҳамеша қарору фармонҳояш бар он равона шуда буд, ки чӣ гуна қавми худро пасту беарзиш карда, онҳоро аз тамоми муқаддасоташон дур намояд. Дари муколама ва ҳар маҳфилеро, ки дар он рушди фикрию ақлонӣ вуҷуд дошт, ба рӯи қавмаш баста буд...

Фираъавн дар ҳеч заминае дигар бо мардумаш машварат намекард ва ҳарфи мардум барояш арзише надошт. Муаррихон комилан бар ин назар иттифоқ кардаанд, ки Фиръавн бо райъи мардум ҳокимиятро ба даст наоварда буд, аз ин хотир хостаҳои қавмаш барояш эътиборе надошт. Кор то ҷойе расида буд, ки дарбориёни худи Фиръавн шефтаи зулму ситами ӯ ба мардум шуда буданд ва онро дар ин роҳи пешгирифтааш ҳақ мешумориданд. Нишонаҳои қудрат ва заъфи мардум дигар чашми ҳар нафарро дар Миср кӯр карда буд. Мансабдорони калидӣ дар дарбори Фиръавн бо фасод машғул буданд ва дигар қобилияти шинохт ва дарки аҳволи мардумро аз даст дода буданд. Дар назари онҳо мардум як ғуломакҳои беарзиш ва худашон зоти олӣ ҳисоб мешуданд.

Қавме ки дар домани истибдод ба вуҷуд меояд ва бо зулму фишор аз тарафи ҳукамо рӯ ба рӯ мешвад ахлоқи нек ва писандидаи худро аз даст медиҳад ва ба риёву тазвир, чоплусиву хушомадгуӣ, чандчеҳрагиву тамалуқ гирифтор мешавад ва ба ахлоқҳои пасти ҳайвонӣ гароиш пайдо мекунад. Инсонҳои ҳақиқатгӯю росткор гушанишиниро ихтиёр мекунанд ва ба тадриҷ аз байн бардошта мешаванд. Идораи умури давлат ба чанд чеҳраи фасодзада ва бе виҷдон вогузор мешавад. Ихтилофи табақҳои гуногун ба вуҷуд меояд ва мардум заифтар мешавад.

Хуллас, шахсияти Фиръавн ва ба ин ҳад туғён кардани ӯро дар баробари ҳақиқату адолату озодӣ Қуръон ҳамин тариқ баён мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки он қавми худро бисёр заифу нотавон ва пасту беарзиш ҳисоб мекард ва болои онҳо ҳар амали зишту палидашро анҷом медод. Ба ҷуз Мӯсо (а) ва атрофиёни ӯ дигар ҳеч гуруҳе дар баробари ин вазъ ва зулму ситами ӯ чизе намегуфтанд. Охири кори Фиръавн шикаст буд он ҳам ба дасти Мӯсое, ки на нерӯ дошт ва на қудрате мисли Фиръавн. Муҳимтарин силоҳи Мусо имон, адолат ҳақиқат ва шинохти Худои воҳид буд, ки дар баробраш ҳар қудрате шикаст хӯрдааст.

Таҳияи Далер Шарипов
Мӯҳр
точдор
гапхои беасос ва нуктаи назари яктарафа. ягон маълумоте ки асаснок бошад ба назар намерасад. ягона хулоса ин кутохназарии муаллиф мебошад.

Сомонӣ
Мӯҳтарам Муҳаммад,
Маданияти моддӣ ва маънавӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд ва он аз ҳастии инсон, ки аз хирад ва ҷисм иборат аст, сарчашма мегирад. Мисриҳо ва фиръавнҳо ҳам офаридаҳои маънавӣ- дин, худои Амон, дузаху биҳишт доштанд, ибодат мекарданд, хатти тасвирӣ, меъморӣ, санъат ва ғайра доштанд. Мусо ва яҳудиён Яҳворо ва арабҳо бутҳоро парастиш мекарданд ва дар муқоиса бо мисриён дар сатҳи пасти тараққиёт буданд. Дар дунё на танҳо мусулмонҳо, балки миллатҳои дигар ҳам мӯътақиданд, ки дину оини онҳо ҳақ аст. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки дуғи ман туруш аст.
Ғарбиҳо ҳам дин доранд ва ҳам илму тараққиёт ва зиндагии оромонаву осуда. Мусулмонҳо мутаассифона имрӯз ба ғайр аз хурофоту таассуб ва қатлу куштор дигар дастовард надоранд. Ва як сабаби ин татбиқи ҷоҳилонаи дин ва Қуръон аст.

Талабхон
Озодагон дар бораи дин афсонабофиро нагз мебинед. Берахмии Фиръавнро мебинеду аз исломихои муосирро не!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)