Бахшҳо

Видео аз бойгонӣ: Мулло Абдураҳим зидди Мулло Абдураҳим?

Навори видеоие тавассути як хонандаи торнамои “Озодагон” дастраси мо шуд, ки дар он суханронии Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) дар бораи дини Ислом ва пайванди он бо сиёсат сабт ёфтааст. Ин суханронӣ моҳи январи соли 1992, ҳанӯз 21 соли қабл, наворбардорӣ ва дар яке аз бойгониҳо нигоҳдорӣ мешудааст.

Ин видео дар ҳоле дастраси мо гардид, ки тайи як моҳи охир номи Мавлавӣ Абдураҳим дубора рӯи забонҳо омадааст. Вай рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон иштирок ва тақрибан ним соат суханронӣ кард. Оқои Абдураҳим, ки дар рӯбарӯи президент ҳарф мезад, аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.

Аз ин пештар ҳам, Мавлавӣ Абдураҳим дар чандин маҳфиле, ки бо ҳузури намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд, иштирок карда, дар бораи ҳизб дар Ислом ва пайванди он бо сиёсат суҳбат кардааст.

Аммо дар наворе, ки ҳамакнун дастраси мо шуду мо ҳам дар ихтиёри Шумо мегузорем, дида мешавад, Мавлавӣ Абдураҳим чигуна дар бораи алоқамандии Ислом бо сиёсат ва махсусан фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ суҳбат мекунад. Вай аз ҷумла дар суханронии худ мегӯяд, “ҳамаи мусулмонон, ҳамаи масҷидҳо, хусусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ман огоҳ ва водор мекунам, ки агар ягон инсоне гӯяд, ки Ислом ба сиёсат чӣ кор дорад? Худованд оятеро барои дар сиёсат дахолат кардан ва як гуруҳ бояд ба сиёсату фалсафаву руҳияти инсониятро ба корҳои дунёӣ вобаста гардонидан ва мардумро аҳамият додан, барои зинда гардонидани миллат ва талаби ҳаққу ҳуқуқи худ, ҳам оят омадааст ва ҳам ҳадис. Ин оят кадом аст? Худован дар Қуръон мефармояд (Астаизубиллоҳ) ”Валтакун минкум умматун ядъуна ила ал-хайри ва яъмуруна бил маъруфи ва янҳавна ъанил мункарӣ” (Оли Умрон. Оят - 104). Бояд дар мобайни шумо эй миллат як гуруҳе махсусе бошанд, ки мардумро аз нуқтаи назари сиёсӣ огоҳ кунад ва шумо аз майдони сиёсат берун бароварда дар як майдони беруҳу беҳуқуқ набошед. Як гуруҳ бояд мардумро ба сиёсат даъват кунад.”

Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкадаи исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.


Мӯҳр
hakkhoh
ba hak gashtan duruya meshudastmi

in hizb maksadash chi boshad hak gui in khel fitnaho mekunad

partiyaho maksadashon maaruf sabr kardan darkor khub meshavad

vakhsh
in hizb gum meshuda boshad yoki ba sabaa burda merasonad tojikonro ba khumaini burda rasondand

Салим
Аввалан салом ба хама хамватанон ва мухлисони Устод Домуло Абдурахим! Банда аввалан мехостам хамватанони азизамонро ва шахсан Чаноби Абдурахим ро ба муносибати Иди саиди фитр табрик гуфта, барояш тансихатй, дили бе гам ва дар касбу кораш бурдборихои беназир таманно дорам! Хамеша хушбахт боши, сарбаланд боши, ва хамеша дар хизмати халку ватани махбубамон Точикистони азиз бошед! Мо хеч вакт ба сафсатахои ХНИТ гуш намедихем ва инхо иншоолох ба максадашон намерасанд!

bachabachaako
boboi mullo hamikheli korora dar dasti shumo dodagiem mo javono vakht nadorem kitob khonem metarsem daavoi mullogi kunem okibatush hizb maalum bo yak zarari ziyoti dar islom rangi hizbiyovori chizeki meforash islom naforash khiyonat yoki kofir bisyor vazmin

Бародарони нихоят гироми вакте ки ман шарххоро дар бораи домулло Абдурахим мебинам ва шахсоне ки танкидхоро менависад гуфтаниам: шарм намедоред тухмат мезанед.Вакто ки домулло Абдурахим аз макру фиреби саркардахои онвактаи хизб хабардор шуд,пештар фикр мекард ки хамаи корхое ки анчом медиханд холисона аз барои Аллох буд,лекин баъдтар дар Афгонистон фахмид ки бозичаи дасти Мулло Нури, Химатзода ва хусусан хукумати Эрон шудааст.Холо хизбихо бошанд дар бораи хизмати дин мегнуянд ман хайрон мешавам тамоми саркардахои хизб саркарда аз Мулло Нури,Химатзода,Хочи Акбар Турачонзода ва дигар саркардахои хизд бо ахлу аел ва фарзандонашон дар шахрхои амн ба мисл Техрон ва Исломобод дар хонахои бо хашамат ки ичораашон дар якмох аз 3000 долар буд зиндаги ва кайфу сафо мекарданд,дар холе ки мардуми гурезаи дар хоки афгонистон буда ба нони хурдан зор буда дар зери хаймахои хунук зиндаги мекарданд.Боз инхо аз мунофики ва дуруяги гап мезананд.Магар саркардахои хизб дар шахрхо дар боло зикр кардаи ман ба дин хиёнат накардаан хакки гурезахоро дар хонахои бо хашамат сарф накардаанд.Чанд маротиба аз дасти фирегариашон чанд рохбари онвактаро, гурезахо лату куб карданд.Мардум худатон казоват кунед хозир хонахое ки саркардахои хизб доранд аз милион долар боло аст аз кучо агар аз берун маблаггузори нашавад то ки фитнаро мисли солхои навадум ба вучуд оваранд то ки ноороми оварда хукумат ронанд. Дар бораи риши мулло Абдурахим гап мезанед раиси хизбатона риш надорад ба у расонед то ки риш монаду аз чумлаи мунофикин набошад.Гуфтанихо зиёд аст ва хаминро гуфтаниам ки инсон хатокор мешавад ва бисёр чавонмарде даркор аст ки хатояшро эътироф карда пушаймон шуда узр пурсад.Шумо эй хизбихо дар хатоятон икрор шуда аз мардуми шарифи Точикистон узр пурсед.Домулло Абдурахим аз ин гапхои бефойдаи ин бефаросатхо зик нашуда ба ислоим хизмат кунед.Аллох нигахбонатон бошад.

sentr
bobi mullo sabr kun az tuhmati hizbu shaitonhoi davr kami digar mondai shikasta rekhtanshona

Фирдавс
Устоди азиз, мо донишчуени Донишкадаи Исломии Точикистон замеша хамрохи шумо ва дар пахлуй Шумо чизи истодаем ва намегузорем, на хизбихо ва на дигарон ба Шумо зарар расонанд. Шумо яке аз устодхои бехтарини Донишкадаи исломи мебошед, хар касе, ки Шуморо хурмат мекунад, Худо он кас ро хурмат ва хар ки дар бади Шумост Худо он касонро чазиру барбод месозад. Худованд Шуморо дар пушту панохи худ нигохбон бошад!

dushanbe
salomat boshi firdavs boyad olimoni islomro ehtirom kunem nainki badguem onho hakikatro ba bayon mekunan misli ustod abdurahim mavlavi

Астаизубиллоҳ. Раббано ло таҷъално фитнатан лил қавмиззолимин.

anvar
in kavmi zolim az zulamashon namegardan zulm dar nazdashon din ast kase az onho fahmadu gardad pas meguyan

дуст
Хасан,
не бародар инхоро ду.... мегуянд барои ин тоифа муллохо харчи мегуянд ва мекунанд хак доранд

samad
khudashon dar zulmat raftestan boz ba digaron gap mezanan khudashon muhtoj ba nasihat amo kabul nadoran va namegardan toinki isloh kunan khatoashonro khudo insofashon tiat

Сарирохи куча
хамаатон дидед ва шунидед ки хамин шахс гуфт дар мачлис маро сарлашкархои мухолифин фармон доданд, ки рафта точикони худамона куш. Ба хотиреи ин хамин кора ман накардум аз хизб мара пеш карданд. Як бор фикр кунед инсонро бе гунох куштан гунох нест. Ман ку аз ислом маълумоти кам дорам, лекин мухолифини пештара одамкуши кардан хазоро хазор точики бегунохра. Уно хабар доштан аз ислом. лекин бахотири вазифа чангиданд. Чанги мо чанг барои вазифа буд на барои чизи дигар. Харду тараф манфияти худашона пеш мубурданд ва то хол мебаранд.

Шароф
Бародари азиз, Шумо дуруст кайд кардед, Устод Абдурахим ба гапи Нури ва Химатзода итоат накард, борхо чаноби Абдурахим ро угрожат карданд, хукми катлащ ро низ дар мачлиси хизбашон элон карданд ва хато Ризвон ро Нури равон кард, ки устод Абдурахим ро бикушад, лекин зурашон нарасид, чун, ки иносон соф дилу эмондор ро Худованд хамеша дар пушту панохи худаш нигох медорад. Ин хизбихо барой ислом не, факат барой курси ва вазифа чангиданд, инсони аклдор инро сад дар сад мефахмад. Ба хамаатон гуфтаниам, ки ба гапхои ин хизби шайтони гуш надихед ва дар хаки устод Абдурахим дуогу бошед!

hakju
kaseki islom meguyad hakiki islomi muhamad alaihisalom ovad hamonro kapat kase duyo meguyad mehnat karda yobad durukga okibatash hamin sharmandagi islom gufta fand karda dunyo mekoband aib ast barodaron

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)