Бахшҳо

ВИДЕО: 26 соли зиндон ва мусодираи амволи Зайд Саидов

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр Зайд Саидов, соҳибкор, вазири пешини саноат ва раҳбари Тоҷикистони навро аз рӯи 4 моддаи ҷиноӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум кард.

Дар ин бора Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов, хабар дода, афзуд, бо ин ҳукм розӣ нестанд ва аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. “Ин бе шубҳа кори сиёсист ва супоришӣ аст. Дар акси ҳол, Зайд Шерович сафед карда мешуд. Мо ба ҳеч ваҷҳ ба ин ҳукм ва беадолатии додгоҳ розӣ нестем ва то охир мубориза хоҳем кард”,-афзуд Исҳоқ Табаров.



Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов дар шарҳи ҳукми зерҳимояаш гуфт, ин парванда аз аввал сиёсӣ буд ва ҳукми сиёсӣ содир шуд. Ӯ аз рафти эълони ҳукм низ интиқод кард, ки бояд пушти дарҳои баста эълон намешуд, “аммо ба ҷуз аз намояндагони мақомот, ки бо камераҳо буданд, Шавкат Абдулхайров -- раисикунандаи парванда, рӯзноманигорони дигарро ба эълони ҳукм роҳ надодааст.” Бо зикри ин, Шӯҳрат Қудратов таъкид намуд, баррасии парванда алайҳи зерҳимояаш аз аввал то охир яктарафа сурат гирифт.



Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт гардид. Мақомот ӯро барои бисёрзанӣ, сӯистифода аз мақом, қаллобӣ, ришват ва таҷовуз ба номус муттаҳам карда, ахиран намояндаи додситонӣ барои ӯ 28 соли зиндон хост. Чун боздошти Зайд Саидов дар пайи азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав сурат гирифт, аксарият дастгир шудан ва додгоҳи ӯро сиёсӣ унвон мекунанд. Ин аст, ки дархости додситон низ бо вокунишҳои мухталиф дар ҷомеа рӯбарӯ шуд ва ахиран бархе аз чеҳраҳои саршиноси илму фарҳанги Тоҷикистон бо ирсоли нома аз Эмомалӣ Раҳмон хостанд, то шахсан ба ин қазия расидагӣ карда, барои ҳалли одилонаи он кумак намояд.

Худи Зайд Саидов ҳам дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охиринаш гуфта, ки худро бегуноҳ мешуморад ва тамоми иттиҳомоти мақомотро бофтаву сохта медонад. Вале ҳамзамон таъкид кардааст, агар зиндонӣ кардани ӯ ба нафъи миллату давлат аст, пас, розист, ки зиндонӣ бошад.


Мӯҳр
Shuhrat
Озодагон! Барои чи назархои маро чоп намекуни? Ин бори аввал нест,ки хаминхел цензура мекуни?! Охид хар чизе, ки ман мегуям аз самими калб мебарояд. Йо ту ин ноадолатихоро намебини?

Яъкуб.
Ма то имруз тарафдори ин хукумату Рахмон.Баъди казияи Зайд ...........

Тарс ва вахми мардум сабаби хамаи ин конуншиканихо,дард,гам ва азоби мардум гашта аст

Озод
Акнун номи Зайд Саидов догдор шуд, доги суди гирифт мебоист ба сиёсат дахолат намекард сохибкор буд сохибкории худашро мекард аз афташ кадом душман уро ба ин рох пеш карда васваса кардааст чунки Зайд Саидов марди беакл набуд сохиби хамаи чиз дову дасгах чанд зан боз ба у чи намерасид. Ман аз аввал медонистам, ки У сиёсатмадор нест чунки сиёсатмадор набояд инхел рафтор кунад модоме, ки Зайд чанд зан доштааст медонист дар конунхои амалкунандаи Чумхурии мо бисёрзани ин худ чиноят аст барои чи ба сиёсат дахолат кард яке аз точирони маъруф буд хамаи шароиташ мухайё буд шарт набуд Президент шавад ба хама маълум буд хатто ба худи У, ки дар Точикистон ба мисли Эмомали Рахмон номзади арзанда надоштем мебоист дар ин ватан оромона зиндаги карда корхои тичории худашро давом медод. Эх Акои Зайд сари туро, кадом номард инкадар гаранг кард ки шуморо ба ин рох рахсипор кард дилам ба шумо месузад намехохам хеч кас лахзахои умри ширини худро дар зиндон гузаронад.
Ба хонаводаи Зайд Саидов сабри чамил мехохам бигзор Худованд моро ба рохи дуруст хидоят кунад, ки дигар ба хатогихо рох надихем.
Ба мардуми Точикистони азизам гуфтаниям худро курбони хар хел васвасахои бемаъни накунед эхтиёт кунед то курбони инхел васвасахо нашавед хастанд шахсоне, ки мансабталошанд ва сари мардумро гаранг мекунанд ба онхо бовар накунед. Худоро шукр кардан даркор то аз ин бад накунад аз ин бадаш яъне:
як каллаи кокро оби дарё бурда истода буд нохост калла овоз баровард ва гуфт Худованд аз ин бад накунад як мард суханони уро шунида мегуяд аз ин бадаш боз чибошад каллаи аз тан чудо об бурдаистодааст нохос калла рафта дар сари як санг зада тит мешавад баъд мард мегуяд аз ин бадтараш будааст. Худованд ба хеч кас ин рузро нишон надихад мардуми моро акли расо риски фаровон ва тинчию ороми насибашон гардонад. Дар панохи Худо бошед.

шахрванд
Xap вакто ки шумо аз рохи марказии пойтахт мегузаред . Хоб равед е мадхуш гардед. Чунки ин сохтумонхо ва ободкорихое ки З .Саидов карда аст хотироти шуморо ба кирдори номардонаато бар мегардонад.Агар дил дошта бошед санг не албата чунки шуморовичдонатон азоб агар дошта бошед.Судяхо.муфатишон ва хукумат дороне ки имруз дасти шумо дароз аст.

Касе хисоб кард агар умраш дароз бошад дар 81 солаги аз зиндон рахо мегардад мухлати чидди Худо ба душмани кас раво набинад Як одам бо як даст хамин кадар сарват чам карда ва боз дар як руз ба бод дод Худоро бузургиашро бин медодасту боз аз дасти бандагонаш чи хел мегирифтааст Акнун хамон сарвати мусодирашударо боз ки сохиб мешуда бошад

Сидиков ...
Дар мухабат хар, ки гар даъво кунад,
Сад хазорон интихом бар вай кунад,
Чун бувад содик кашад бори чафо,
Чун бувад козиб гурезад аз бало.
Миёни сад бало хуш бош бо дуст,
Ки он чо ку бувад харгиз бало нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)