Бахшҳо

Номгузорӣ аз нигоҳи Ислом ва пешниҳоди Тӯраҷонзодаҳо

Торнамои Turajon.оrg, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо, усули беҳтарини номгузориро аз нигоҳи Ислом шарҳ додааст. Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш навиштааст, “назди ҷумҳури уламои ҷаҳони Ислом беҳтарин ном онҳое мебошанд, ки ба номи Худованд изофа шудааст, аз қабили Абдуллоҳ.”

Ба навиштаи Turajon.оrg, номгузорӣ кардани фарзанд бо номҳои пайғамбарон низ хуб мебошад ва ҳатто аз паёмбари Ислом (с) низ дар ин бора ҳадисе ривоят шудааст, ки гуфтаанд: “Бо номҳои паёмбарон номгузорӣ кунед ва маҳбубтарин номҳо назди Худо “Абдуллоҳ” ва “Абдурраҳмон” аст.” Инчунин, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар идома гуфтааст, “шаҳрвандон метавонанд, бо номҳои фарзандони фарзонаи таърихи Ислом ва номҳои форсӣ, ки маънои хуб доранд, низ номгузорӣ кунанд”.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ дар як суханронии худ аз сокинони кишвар даъват кард, дар интихоби номи фарзанд диққати ҷиддӣ дода, номҳои беҳтаринро гузоранд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфта буд, ки номи шахс ҳатман то ҷое дар хислати соҳибаш таъсиргузор мебошад: “Паёмбар гуфтанд, ҳар нафаре, ки Шумо ном мегузоред, барои ӯ насибе аз номаш ҳаст. Пас, бояд номҳои нек гузошт.”

Торнамои бародарон Тӯраҷонзодаҳо бо нашри чанд намунаи номҳо ба корбаронаш тасвсия додааст, ки аз онҳо истифода кунанд.

Номҳое, ки ба номҳои Худо изофа шудааст: Абдурраҳмон, Абдурраҳим, Абдурраззоқ, Абдулмуҳаймин, Абдулборӣ, Абдулмусаввир, Абдулмуқтадир, Абдулмалик... ва Абдулҷаббор.

Намунае аз номҳои паёмбарон: Муҳаммад, Иброҳим, Мӯсо, Исо, Нуҳ, Юсуф, Яъқуб, Исҳоқ, Исмоил, Юнус, Закариё, Яҳё, Илёс, Идрис, Сулаймон, Довуд... ва Аюб.

Намунае аз номҳои асҳоби паёмбар ва солиҳин: Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ, Суҳайб, Суҳайл, Ҳамза, Аббос, Ҳузайфа, Саъд, Зубайр, Талҳа, Ҳасан, Ҳусейн, Усома, Ҷобир, Анас, Нуъмон, Молик... ва Зуфар.

Намунае аз номҳои занона: Оиша, Хадиҷа, Ҳафса, Сафия, Фотима, Марям, Соро, Савда, Ҷувайрия, Зайнаб... ва Нафиса.

Номҳои форсӣ: Хушбахт, Некрӯз, Рухшона, Садбарг, Лола... ва Бунафша.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
закариё
Маънои номи закариё

Марям
Аз Аллоҳи бузург бояд битарсем, агар газабаш ояд, чунон бардошта мезанад, ки ба худ омаданамон гумон аст! Аллоҳи бузург моро аз хок офаридааст, барои хамин мо бояд хоксор бошем

рухшона
асалому алайкум бародарон ва хохаронам манои Номи Фирузро шарх медодед!

Саломуналек Варахматуллохи Вабаракотух Эшон Бобо ман Насиб бошад набераамро Нуъмон ном мекунам маънояшро мехохам фахмам саломату сарбуланд бошед Бобои Эшон

Номи духтар
Номи духтро чи монем китоби бошад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)