Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
Банда
Бародарон биёед як фикр кунед ба шукрона гуфта шикам сер намешавад. 22-сол мешавад,ки шукрона мекунем.

мусфир
Ба хангоми сахти машав ноумед , ки аз абри сиях биборад оби сафед.

Шукрона аз он дорам ки хамин хонаву дарро дорам вагарна бе ин хам мемондам.

Шумо барин шахсои фитна андоз точикистонро харобу к,ашок, карда будед,,боз аз нав мехохен мардумро овораву саргадон куненд,,як лук,ма нони бе ч,ангу ч,анчол мехурем дар ин ватани тенч,у оромамон Ба АЛЛОХ, шукрона мекунем,,лекин х,амин хел журналистонро парондан дар кор ки ватани мо моро но ором накунад,,

Az man ham 1 savol....Oyo prezident medonad ki baroi med institut
dokhil shudan hatman

d 15 000 & boyad rishva dod ?

Man nafahmida istodaam. Shoh boyad raiatro nighboni namoyad yo in ki baraks.
Tojikiston imruz bemorkhonaero memonad ki dar on tanho tabiboni beixtisosu garihirfi (kasbi) mashguli tabobatand.
Khub meshud ki janob az rafiqho, qudoho, domodho, khusurbachaho va farzandon ki imruz tojikistonro idora karda istodaand dast kashad. Va sari kor mutakhasisoni hirfiro novobasta az mahalashon ba kor tain namoyad. va dar idorakunii davlat namoyandahoi tamomi mintaqaho ishtirok namoyand. Ongoh dar haqiqat ba vahdati milli khohem rasid. Naboshad ba giftai siyosatsinoshoi garbi filho mamlakathoi khurdro furu khohand burd.
Ba misli Ukraina. Aknun navbati osiyoi miyona hast. Va alakiai yk senariya ham guzaronidand Vorukh va oqaoi.

Вакте ки раиси кумитаи чавонон як гапро се соат тоб дода сафсатаю лак лак кати одамонро сардард мекунад, шукрона мекунед?

Точик
Шукрона кунем ки давлати фасод дорем. 21 сол АСТ ки мо шукрона мегуем вакт рафта истодаасту сардор бо гурухашон пул чам кардаистан

Точикак
Албатта Чаноби оли карздор аст аз мардум, аз халк, ки шароити мусоиди зиндагиро фарохам орад, вагарна барои чи мардум президент интихоб мекунанд. Ин мардумро ман нафахмидам, агар аз ухдаи ичрои вазифа набарояд ягон мансабдор маълум аст, ки чи мешавад....

22 сол шуд. Умри як чавони бо зана. Боз чансоли дигар шукрона кунем? Дур намеравем хамин кишвари хамсоя КИРГИЗИСТОН чанд сол шуд, хукумати чадидашонро? Пешравиро бубин. Шумо бошед. ШУКРОНА КУНЕД.
Дар ИНТИХОБОТ бошад, ман шахсан ба инхо овоз надодам. Чинки ин ИНТИХОБОТ набуд, хамааш маълум буд. Як ЦИРК буд.

Ана дар боло як нафар кайд кардаст ки приздент аз мо карздор нест Албата у карздор нест Ин вазифааш мебошад то мардумро бо одитарин шароит тамин кунад Бо сохтани якчанд мактабак ва парчами баландтарин ватан обод намешавад Хар сол мехмонхона хонахои бисёр ошиёна вваба мо минат мекунанд ана мо барои мардум сохтем Ба мардуми камбагал аз он фоидаехнест Вадигар мардумро бо чанг натарсонед Агар шумо худатон боз ба сари мардум бо ярок нахезед дигар кае чанг кардани нест

Падари
Ту барин шукрона кнед

Мард
Худо бген аз ин бад накнад.

HUDOVANDO ba millati darbadarshuda rahm kun, OMIN!

Бале рост гуфтаевд суолхои зерин бисёр аст масалан шумо фарзандатон бемор шаваду ба беморхона баред вагарна аз шумо духтурон маблаг талаб кунанд барои хобонидани бемор ба беморхона оё шукрона мекунед.
Вакте баъд аз тамом кардани донишгох дар ЧТ бо 500-800 сомони кор кардан шукрона мекунед....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)