Бахшҳо

“Кашмакаш”-и соҳибкорзан ва додарарӯси президент барои бозор (ВИДЕО)

Нилуфари КАРИМ

Санавбар Абдуллоева, соҳиби бозори “Имон”-и ноҳияи Шаҳритус иддао дорад, ки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон бо сӯиистифода аз мавқеъ мехоҳад бозорашро гирад.

Ин тоҷир дар муроҷиаташ ба унвонии Абдуфаттоҳи Ғойиб, сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки нусхаи онро дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, навиштааст, ки ҳамроҳ бо шавҳараш Бурҳон Абдуллоев, соли 2005 дар музоядаи хусусигардонии амволи давлатӣ ширкат намуда, биноҳои кӯҳнаи АТП-19-и ноҳияи Шаҳритусро хариданд: “Ҷоеро, ки мо харидем, дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ яке аз нуқтаи харобшудаи Шаҳритус маҳсуб мешуду партовҳои маркази ноҳияро ба ин макон оварда мерехтаанд. Мо онро обод кардем”.



Ин соҳибкорзан мегӯяд, дар аввали кор Муҳибулло Саъдуллоев, ки дӯсти шавҳараш буд, ба онҳо маслиҳати беғаразона медодааст, аммо баъди фаъол шудани бозор хостааст, ки бозорро куллан ба ихтиёри ӯ диҳанд. Абдуллоева иддао дорад, ки 2,5 сол мешавад, дар мақомоти додситонию додгоҳӣ барои бозораш мубориза мебарад, аммо мақомотҳо мунсифона қарор намебароранд. Ба гуфтаи ин зан зимни баҳсҳои додгоҳӣ Саъдуллоев розӣ шудааст, ба ивази маблағи муайян бозорро харад, аммо баъдан гӯиё аз раъйаш гашта, мехоҳад бозорро бепул гирад. Ин соҳибкорзан аз Абдуфаттоҳи Ғоиб хостааст, тафтиши қазияро зери назорати шахсӣ гирад.

Дар ҳамин ҳол Нусрат Илёсов, сокини Шаҳритус ва яке аз ёварони Саъдуллоев, ки аз аввал дар бунёди бозор иштирок кардааст, иддаои Абдуллоеваро рад кард: "Ин бозор аз аввал бо мусоидат ва кӯмаки Муҳибулло Саъдуллоев сохта шуд ва дар охир вақте бозор фаъол гардид, Бурҳон Абдуллоев коре кард, ки тамоми саҳмдорони ин бозорро канора монд."

Илёсов таъкид намуд, Саъдуллоев на тамоми бозор балки саҳми худро тариқи қонунӣ талаб карда истодааст: "Тибқи созиш бояд 50 дарсади саҳмияҳои бозор ба Абдуллоев ва 50 дарсад ба Саъдуллоев мерасиданд. Аммо Абдуллоев коре кард, ки саҳмияҳоро ба номи зану фарзандонаш гузаронда азхуд кард."

Ӯ илова намуд, ки Саъдуллоев бе ягон сӯиистифода аз хешутаборияш бо роҳбарияти кишвар ин қазияро хост, тариқи додгоҳ ҳал кунад: "Ҳозир замони зӯрӣ гузаштааст. Саъдуллоев ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳаққашро талаб дорад. Аввал ба додгоҳи иқтисодии вилоятӣ ва баъдан ин масъала ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ рафт."

Ба гуфтаи Илёсов ва тавре, ки худи Абдуллоева низ таъйид кард, феълан ин қазия дар Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон қарор дошта, баррасии он идома дорад.
Мӯҳр
Палвардгоро ояндаи фаразандои мо чи мешуда бошад!!! Кай адлу инсоф мешуда бошад???!!!! Худое гумрохонатро худат хидоят кун вагарна ин бандахои мазлуми ту зери зулму фишор ба нести мераванд!!!!!

Ном
Fabrikai Savol,
Ин модар на аьзои ХНИТ ва на ягон шиноси Зайд саид аст.

масалан фикр кардем, ки ин иншоот 50%-аш сахмияи Саъдуллоев аст, вале ба хотири беобру накардани авлоди президент чаро аз бахри хамон 50% намегузарад ё он кадар камбизоат аст, ки баъди аз даст рафтани иншоот ахли оилааш гурусна мемонад ва ё аз "боло" фармон шудааст, ки ин иншоотро хатман кашида бигир...? Аз Абдулфатохи Гоиб ёрдам напурсед, ки у хам аз командаи Саъдуллоев аст ва у аз хешовандони президент пуштибони мекунад, чаро ки у хам намехохад вазифаро аз дасташ гиранд...

Сино
Сохибкорони мо дар Россия бисёран метавонан, ки рафта дар Точикистон сохибкори карда ватанро обод кунанд аммо аз сабаби хамин муфтхкриашон метарсан,ки ба Точикистон раванд !!!!

Душанбе
Дар мукобилибеадолатихо мо хама точику узбаку лакаю кунгурот яке хастем. Миллатгароин дар чунин холат маънояшро гум мекунад.

фикр накунад,ки бо зурию пул халкро метарсонад. Хал бузургтарин кувваест,ки сад сол пеш хукумати подшохии Русия ва як мох пеш армияи пурзури Украинаро бишкаст.

Чопра
Шавхарат узбек бошад,ба узбекистон мурочиат кун.

Апаи азиз, Санавбар! Аз чашмони бодомй ва чехраи зебоят маълум, ки точикзодай. Точики асилй ва номуси баланд дорй. Зебой ва номусат як чахон бочи хирочро мемонад. Хайфи чавонмарде, ки бо ту барин модари асили чехраи точикй дошта сану ман мекунад. Офарин ба акаи Бурхон, ки бо ту барин духтари баномус ва зебои точик издивоч кардааст.

Кургани
Ба кариби яктоаш раиси шахри кургонтеппа шуд ва бо хеши дигари президент ки албата хеши худи президент аст Нусрати Шахритус бошад як пешка ва бозичаи хусурбачаи президнт аст ва баъди онки бозорро гирифтанд чор шатта мезананд!!!!!!!

талхакаф бше барои як узбак ун мардум хамин одатро доранд хок зада ба ту наздик мешаванду хама чизатро сохиб мешаванд Саъдулозода агар номуси точики бошад уро барои фиребгариаш ба суд дода бозоро ба точикон баргардон браво МухибуллоТочик,

Чопра,
Чопра,
а бача гумуш куу!

ин Хасани президент кай сер мешудабошад,,,

JO. Rav khusurbachata sarishta kun okhi. Vay nomi tuya da zamin zad.

Точикистон барои хамин обод намешавад хеч гох нагзтараш омада россияба кор кунеду фарзандонатонро хуронед. Барои хамин бояд пеш аз интихобот фикр мекардед ки бояд ба ки овоз тиен

kumaku yordampuli karda boshad dar biznesatonu xaridi bozor 50% hak dorad kase naboshad.

naxod hamin zani zebo uzbak boshad??neneneeeee

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)