Бахшҳо
11 апр 2014 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътироз аз дахолати омӯзгорони ДДОТ ба тугмаи духтарон

Бархе аз духтарони донишҷӯ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки масъулон ба тугмаи пироҳанашон низ дахл карда, аз онҳо баёнот мегиранд. Волидони ин гуруҳи духтарон мегӯянд, “агар чунин талаботи бемантиқу беасос идома ёбанд, аз болои масъулини донишгоҳ ба додситонию додгоҳ муроҷиат хоҳем кард”.

Зарринаи Холназар, донишҷӯи соли аввали факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, 9 апрел масъули донишгоҳ оид ба таълиму тарбия ӯро водор кардааст, барои тугмаи камзӯлаш баёнот бинависад. Ӯ дар шарҳи қазия афзуд, ҳангоме аз долони факулта мегузашт, муаллима ӯро нигоҳ дошта, тугмаи камзӯлашро тафтиш кардааст. “Муаллима баъд аз он ки дид пойафзолам пошнаи баланд дорад ва дигар ягон камбуд дар сару либосам нест, гуфт, тугмаи камзӯлат ба ман маъқул нест. Гир баёнот навис...”,-нақл кард Заррина.

Зарринаи Холназар афзуд, ин эроди муаллима дар ҳолест, ки ду ҳафта боз дарси психология (равоншиносӣ) намегузаранд, аммо ягон масъул парвои онро надорад: “Як сол мешавад, ки таҳсил мекунам. Ягон муаллим оид ба таълиму тарбияро надидам, ки бо муомилаи хуш суҳбат кунад. Ҳамааш дағалона муносибат мекунанд. Аз ин муносибаташон фикр мекунӣ, ки дар ягон мактаби душвортарбияҳо таҳсил дорӣ.”

Хадича Холиқова, модари Заррина, дар суҳбат ба “Озодагон” аз низоми сару либос дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки барои як тугма водор мекунанд баёнот нависанду нисбат ба таълим камтаваҷҷуҳанд, шикоят кард: “Куртаи гулдор, юбкаи дароз, туфлии бе пошна напӯшед мегӯянд. Бо мегӯянд, ки атри қиммат занед, ман ҳеч ин низомро нафаҳмидам. Мо ҳам ҳар рӯз аз куҷо пул меёбем, ки ин ҳама талаботи Донишгоҳро иҷро кунем. Ҳар рӯз баъд аз дарс ба ҷое, ки фикри дарсро кунанд, меоянду пагоҳ чӣ пӯшида равем мегӯянд. Бас аст!”

Ин дар ҳолест, ки масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон эродгирӣ аз тугмаро рад карда, таъкид карданд, ки норозигишон бештар аз кӯтоҳии камзӯли Заррина Холназарова будааст.

Қаблан низ масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон як гуруҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пошнаи пасташон ба дарсҳо роҳ надода буданд. Искандар Аминов, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шарҳи роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пошнапаст - “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, бар асоси низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
М
Бетараф,

Шумо маро муътакид бар он сохта истодаед, ки дар ин маврид танхо донишчуи шикояткунанда мукассир аст, дар холе, ки банда форигутахсили хамин донишгох хастам ва аз хама каму коси рохбарият, порахурии устодон, сатхи пасти таълиму тарбиря дар донишгох хуб огах хастам ва хамаи инро ба кавле дар пусти худ санчидаам. Донишчу дар ин чо хеч гунохе надорад, зеро хама чизе мегуяд хакикат дорад. Дар синфхонахо донишчуро бо телефони мобили боздошт кунанд, папкаву телефонашро гирифта мачбур ба баёнот навиштан мекунанд ё тахдид менамоянд, ки хорич мешави. Аммо дар рафти дарс телефони устодон бо садои баланди гушхарош садо медихад, раванди дарс халалдор мешавад, муаллим бо як такаббури хос дар дохили аудитория бо телефон сухбат мекунад. Дар ин кор касе уро танбех намедихад. Рохбарияти ин донишгох бояд хамаги ба вазорати фарханг куч банданд. Педагоги вокеъи нестанд.

99
Инро "КРИЗИСИ АҚЛ", мегӯянд!!!

Buzbala
Behtarash ba sathi donishi donishjuyon ahamiyat dihandu nizomho barorand, na ba aftu andomashon. Saru libosu rangu rui donishju ba sathi ilmomuzii u hej ta'sire namerasonad! xay in mualimhoi mo fakat hamika chira metonan, korhoi melochda zuran fakat!

барои туй марака рафтан ДОТ брен тарзи либос пушиданша меомузонидааст инашам пешрафт

Фируз
Дар ДМТдар факултети фармасевти духтарора ду хафта пеш барои руймол ва сатр хорич карданд. Касе чизе нагуфт.

Калтаки худо садо надорад.

Ё тавба! Ин чи балое болои сари мардуми точик омад? Агар дар донишгох ки маркази илму фарханг аст ин хабархо бошад аз дигар ниходхо чиро бояд интизор шуд!? Албатта ин ба ягон мантик рост намеояд ин хама мугризона асту бас. Аслан ин хел инсонхо бояд худ истеъфо диханд. Дируз масъалаи сатр буд имруз тугмаву пошна фардо... Аксари ин духтархо аз дехотанд фардо вакте ба дехот бармегарданд дар кучаву паскучахои дехот ки хамеша нохамвор аст чигуна рох мегарданд? Далеле ки шумо зикр кардед аввал якбор андеша накардед? Ох вой айб аст!!!!!

Рута сиёх кади зарина ва модари игвоангез. Мардум бовар накунед...

Тоҷин
Ба амнияти кишвар зарур аст, ки ин корро пайгирӣ намояд. Ин ба миллати тоҷин ва давлатдории он ҳеҷ рабте надорад, баръакс бесаводиро дар ҷомеи мо тоҷикон ва ихтилофи назарро эҷод кардан, алоқаманд аст. Кадом момои тоҷин чунин либос дошт, оё мураббиён фардо чигуна талабҳои худро аз фарҳанги миллӣ сухан хоҳанд гуфт.
Як талабаро тамоми соли гузашта чанд маротиба аз дарсҳояш пурсидам, вале ягон дарсашро намедонист, аз синф ба синф гузашта ба донишкада дохил шудааст. Ман ҳайрон ва дар даҳшатам, ки фардо бо кадом илм ва дониш метавонад Ватанро хидмат кунад ва ё ҳифозат намояд???
Дар донишгоҳҳо ҳам дидам ва дида мешаванд, ки комилан, бале комилан савод надоранд. Вале ин формасозон, гумон мекунам аз кадом кишвари хориҷ, ки нияти хуб ба кишвари мо надорад анҷом дода мешавад.
Илтимос ба ин масъала аҳмияти сахт дода шавад, ки ҷомеро мехоҳанд аз давлат ва ҳукумат дилхунук кунанд. Ҳол он ки бояд мо дар ин марҳала дусти ва муҳаббати миллат, Ватан ва раҳбарони худро дар ҷомеъа эҷод кунем.

Эй мардум шумо дига кор надоред аз оне, ки номи Рахмонова каблук ё тугма монед худата якбор фикр кунед ки худи Шумо барои Точикистон ягончи кадаен

Эй афроди хангомачуи бадгуфтору бадандеш! Шумо кай бо чашми нек ба инсонхою ба дунё менигаред?! Кай пардаи чашматон ба замин меафтаду вокеияти зиндагиро мебинед?! Ман дар Донишгохи омузгори ба хайси ассистент кор мекунам ва хамаруза пешравиро бо чашмони сар мебинам. "Кач нишину рост бигу", гуфтаанд. Хар сухани манфие, ки дар хакки донишгох ва рохбарияти он гуфта мешава, ягон хаккикат надорад, хамаашро хангомчуёну бадтинатон, ки аз онхо ягон зарра манфиат ба чомеа намерасад, аз руи гараз чунин менависан.
"Озодагон" озод бошу бе ихтисор навиштаи маро чоп кун! Таваккалатон ба Худо дилсияхон шумо худатон дарун ба дарун сухта нест мешавед.

Дар колечи тибби ш Душанбе хам хамин ахвол аст чанд донишчудухтари ин даргохро бинобар ту китоби курони каримро хатм намудаи гуфта аз колеч берун кардаанд инро хам пайгири мекардед вазъияти ин колеч хам хеле ташвишовар аст хусусан декани факултаи момодояги тамоман аз дину мусулмони дур аст хучаташонро дода гуфтааст ки донишгохи исломи равед ин давлат сохиб дорад!

" Озодагон" шумо дига мавзуъ надоред аз Рахмонов чи мехохед? ма хамина намефахмам. Хамин низомнома то давраи ректории Рахмонов буд аммо дар ёди ягон кас хами мавзуъ намезад акнун Рахмонов ректор шудану шумо да хами донишгох часпидет. агар шумо онкадар худатона озод донед суханони маро кайчи накарда монед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)