Бахшҳо

Видеои Эшони Нуриддин: “Паём"-и маро ба президент расонед

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруф ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз ҷорӣ шудани бархе маҳдудиятҳои динӣ дар кишвар ҳангоми як суханронии ахираш шадидан ибрози нигаронӣ карда, мегӯяд, дар робита паёми ӯро ба раисиҷумҳури кишвар расонанд.

Ин руҳонии тоҷик мегӯяд, агар як тӯй ё рақсу бозӣ бошад, истифодаи балангӯяк ё микрофон иҷозат аст, вале барои як руҳонӣ иҷоза намебошад. “Имрӯз душманони Ислом бисёр талош доранд, Шумо ва фарзандҳоятонро аз Ислому Қуръон ва пайғамбаратон ҷудо созанд”,-мегӯяд ӯ дар баромадаш.

Ӯ таъкид кардааст, сабаби зиёд шудани бадахлоқӣ ва бемориҳои руҳӣ дур кардани мардум аз фаризаву русуми динияшон мебошад: “Азон аз хонаҳои мусулмонон дур шуд. Азон аз гӯши тифлҳои навзод дур шудааст, ҳоло аввалин сухане, ки онҳо баъди ба дунё омадан, мешунаванд, ин дашном аст, аз сӯи ҳамшираҳо.”



Эшони Нуриддин бо зикри манъ шудани азон тариқи балангӯякҳо дар масоҷид дар хитоб ба ҷорикунандаҳои ин иқдом, мегӯяд: “Ин манъкунандаҳо фардо дар пеши соҳиби азон чӣ мегуфта бошанд?! Дар пеши як ҳокиме, ки мисли худашон як инсон аст, барои ҷавоб додан, лабашон кушода намешавад, дар пеши Офаридагори замину осмон чӣ мегуфта бошанд?!”

Дар ин авохир ин яке аз наворҳои баҳсбарангези Эшони Нуриддин аст, ки дарҳол ба интернет роҳ ёфта, миёни корбарон низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Баъд аз онки масҷиди “Муҳаммадия”, мутааллиқ ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеи худро аз даст доду амри маъруф ва сабти он камтар шуд, наворҳои Эшони Нуриддин хеле кампайдо буданд.

Эшони Нуриддин 20 марти 1953 дар деҳаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1970 мактаби миёнаи №9-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Илми фиқҳро дар назди Домулло Мирзо Тоҳири Ромитӣ меомӯзад. Баъд аз он, барои омӯхтани илми тафсиру ҳадис, таъриху адаб, сарфу наҳв, усулу мантиқ ва мерос ба назди Ҳоҷидомулло Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ рафт ва муддати беш аз даҳ сол заҳмати шогирдӣ кашид.

Соли 1976 оиладор шуда, ҳоло соҳиби 12 фарзанд аст. Аз соли 1992 то соли 1998 дар Қазоқистон муҳоҷир буданд. Эшони Нуриддинҷон рисолае дар ҷавози мавлуди Паёмбар (с) ба унвони «Оё ҷашн гирифтани мавлуди Паёмбар (с) ҷоиз аст?» (соли 2000) ва рисолае дар масоили ушри замин ба унвони «Адиллатул куср фи вуҷубил ушр» (соли 2003) таълиф кардааст.

Ӯ тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.

Фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» дар пайи нашри баёнияи Шӯрои уламо ва ташриф овардани раиси ин Шӯро бо ҳамроҳии намояндагони Кумитаи дин ва масъулони ҳукумати ноҳияи Ваҳдат ба ин масҷид маҳдуд шуд. Шӯрои уламо рӯзи 6-уми декабри соли гузашта дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии «Ховар» ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории «Ошӯро» дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба «тағйири мазҳаб» муттаҳам намуд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар сурати рафъи камбудиҳо, барои фаъолияти ин масҷид иҷозат дода мешавад. Дар ин миён Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ваҳдат бо қабули як муроҷиатнома ба ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳёи намози ҷумъа дар масҷиди «Муҳаммадия» зарурате боқӣ намондааст.
Мӯҳр
Баъзан вакт мавъизахои бобои Эшон ба гушам, ки расид хаёл мекунам, ки Жириновскии точик ба сухан ё ба хакораткуни даромада истодааст. Алхамдулиллох мусалмонаму намонядагони динро зиёд эхтиром мекунам, вале ба фикри ман шахсе, ки мехохам дигар мусалмононро ба рохи рост хидоят намояду тарбият кунад, бояд аввал худаш намунаи ибрат бошад.

Али
Хазрати Эшон 100% рост мегуяд. Вакте давлати демукратиаст микрофон ё дигар чизхо махдуд набошад, хама озод бошад. Ба тамоми касоне, ки назар менависанд хохиш мекунам гапхои копалаи бемани нанависед! Ингуна шахсиятхоро бояд ихтиром кард кадрашонро донист. Ин корхое, ки мансбдорхо кардаистодаанд паёмади хуб надорад.окибаташ ба хайр бошад. Худо Хазрати Эшона нигахдорад ва мову Шуморо тавфик дихаду хидоят кунад. Омин

ЭЙ КАСОНЕ КИ ДАР БОРАИ ЭШОН СУХАНОНИ НОЧО МЕГУЕД ОЁ ШУМО ТАЪСИРИ АЗ МАСЧИД ДУР БУДАНРО ДАР ХУД НАМЕБИНЕД? ИМОНИ ШУМО ЗАИФ ШУДААСТ ВА ИН БИМИ КУФР ДОРАД ИН МАРДИ ХУДОДОД ГАМИ МАРДУМРО МЕХУРАД КАСОНЕ МЕГУЕД ГУРИ У ЧУДОСТ ГУРИ ДИГАРОН ЧУДО ОЁ ПАЙГАМБАР САС НАМЕТАВОНИСТ ХУД БА БИХИШТ РАВАД ВА МОРО БА ИСЛОМ ДАЪВАТ НАКУНАД? ПАС МАКСАД АЗ ЗИНДАГИ ЧИСТ? МАЪНОИ ЗИНДАГИ ЧИСТ? КАДОМ ОЛИМЕ КАДОМ ДОНИШМАНДЕ КИ АЗ ДАЪВАТИ ИСЛОМ ДУР БОШАД У БИХИШТИ НЕСТ БА МИСЛИ ХАТИБОНИ ТАЙЁРКАРДАИ ХУКУМАТИ ТЧК. ЭШОН ТАНХО АЗ АЛЛОХ МЕТАРСАД НА АЗ МАХЛУК ЧАРО МАВЪИЗАРО АЗ КОНСПЕКТИ ШУРОИ УЛАМО МЕКУНАНД? ОЁ ИСЛОМ ИН АСТ?
ОЗОДАГОН ХАТМАН ЧОП КУН

Озодагон, масъулини сомона, барои чи навиштахои маро чой надодед? Ё шумо низ озод нестед?

Tojik
Hakikati talhi boboi eshon javononi az din judo shudaro ba gazab meorad, az in sabab in guna suhanhoi nojo mezanand. Eshon yagon niyat nadorad, valloh ki fakat gami tojikonro mehurad,

Абдуллох
Тахкири олимо куфрай кофир мешави тахкир накун бобой эшон микрафон надорад барои хамин баланд гап мезанад фахман хама

саид
БобоИ ЭШ БЕХТАРИН ИНСОНАЙ ХУДО НИГАХБОНАТ БОШАД

Муслим
Ягона ситораест, ки дар осмони зулмати торикистон медурахшад, Худованд ҳифзат кунад!

Устои Сартарош
Ин домулло дигар кор надорад,
Домулло аз Шумо як хохиш дар хамин дунёи дуруза манхам як борм мебиём тухам як бор ё ба фикрам тура Худованд барои хаминхел угражат карданат дуюнбор ба ту чон намедихад, ки ту дар ин дунё сафсата хондангири.
Домулло ин як намуди угражат кардани халк, ки Шумо дар у дунё чавоб медихед, шумо аз кучо медонед, ки он шахс дузах меравад ё бихишт, ягон гарантия доа наметони. ма ира 100% ба Шумо мегуям..
Ягон бор президент дар баромадаш Шуморо угражат кардаги ё....

мусалмон
Ей бародари азиз, Шумо ин кадар дод мезанед магар боре фикр накардаед,ки дод задани шумо ба Худо хуш намеояд.
Худованд инсонхои бо инсофу бо фархангро дуст медорад, на ба мисли Шумо баринхои аз зуромад доду вовайло мекардагиро. Агар хурмату иззат хохед пас дар фикри бо маърифат гап задан шавед. Суханони дагалонаи Шумо бародари азиз на ба Худованд писанд меояду на ба инсонхои бо фарханг. Шумо барои халкро ба ислом дилгарм кардан на он тактикаи даркориро истифода мебаред. Илтимос каме оромона гап занед, ин хости хама пайгамбарон аст. Бо доду фигон ба даст овардани шухрат но имкон аст.

Э МАРДУМ БАС КУНЕ ШАЙТОНИВУ ГАЙБАТА НИСБАТИ ЭШОНИ НУРИДИН!
О шумо занак нестен ку?
5-10 сол пас мурдохотона дискотека мебаран чанозакуни писаротон агар суханони бобои эшона напазиред!
хамин намоз аст агане яхелыт сураи фотихаро (алхамд) фаромуш мекуне!

Точик
эшон ба фикрам мактаби миёна хондаги нест. ин чи тавр суханкуни аст? интизоми суханкуни кани? Наход паёмбарамон (с.а.в) дар вакташ хамин тавр дод мезад?!

assalomu alaykum barodaron va xoharoni tojik KHudovandi mutaol dar hama gushavu kanori dunyo hofizu pushtibonaton boshad va az nemati islomu imon hamai movu shumoro mahrum nagardonad va nemati ozodivu ozod tarbiya kunii mujtamaro baroi mo ruzi gardonad. Padari millat gamxori millat hoji NURIDDINJON khudovandi mutaol ba shumo umri nuh alayhi salomro bidihad to solhoi ziyod boloi sari mo boshi va bar nafshoi mo tazkiyavu fahmi imoni bidihi to mo payravi shaytonhoi jinnivu insi nagardem omin yo rabbal olamin yo man qulta fi kitabikal karim: <ujibu davata doi iza daon> .

muslim
Boboi Eshon Sheri naray yagona doieasct,ki haqro notarsida merasonad onhoe,ki ziddi Eshon sukhan meguyand laganbardoroni hukumatand

ширин,
in Mulloe hast ki qadre boshad ham gami mardumi musalmona mexurad, ogahi mekunad ki mo kistem. ahsan Eshon,
lekin agar misli tu pulu chiz guyand, ba dunyoparasti doda shavand xoharu duxtaron beroha shuda istodaand. xudat agar namozxon boshi inxel gaphoi puch namegufti, Xudo panoh dihad az tu barin odamo

Dev,
gaphoi bejo nazan, in kas az jihati dini gap mezanad, lekin tu xudat jihati dunyaviro fikr kun, havolaash ba xudat, tu xud chixel hasti digaronro misli xud medoni, lekin dar asl ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)