Бахшҳо

Эшони Маҳмудҷон “фиктивный брак”-ро раво донист, ба шарте ки...

Эшони Маҳмудҷон, руҳонии шинохта ва яке аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо, “ақди сохта” ё “фиктивный брак”-и муҳоҷирони корӣ бо занону духтарони русро ба хотири ба даст овардани шаҳрвандии Русия раво хондааст.

Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли яке аз муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия дар торнамои Turajon.org гуфтааст, “аз сабаби зарур будани ин ақд барои ба даст овардани шиноснома ҷоиз аст.”

Аммо Тӯраҷонзода дар шарҳи гуфтаҳояш таъкид кардааст, бастани ақди сохта бо зани русе маънои онро надорад, ки ӯ дар никоҳи Шумо ворид шудаасту ҳамсаратон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон, барои пайравони дини Ислом кардани никоҳ шарт мебошад, чун ақд (загс)-и имрӯза, ба номи қонун оғоз мешавад ва дар шариати исломӣ муътабар нест: “Дар шариати Ислом никоҳ ва талоқи исломӣ муътабаранд.”

Ин фатвои Тӯраҷонзода дар ҳолест, ки ҳоло дар Русия бар асоси омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион сокини Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ ба сар мебаранд ва дар пайи пурзӯр шудани қавонини будубош дар қаламрави ин кишвар фаъолият ва пайдо кардани ҷойҳои корӣ хеле мушкил шудааст. Доштани шиносномаи Русия барои муҳоҷирони корӣ дар ҳама соҳа аз манфиат холӣ набуда, ҳангоми қабул ба кору муайян кардани музди меҳнат афзалиятҳои худро дорад. Аз ин рӯ, бархе аз муҳоҷирони корӣ бо духтарону занони рус “ақди сохта” карда, барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия талош мекунанд.
Мӯҳр
ЖОЖгуиро бас кунед, хазрат!

мехмон
Бародаро устод фахмондестай ки факат закс кардан даркор бо ризоги тарафайн барои бадаст овардани шахрванди

In barodari islomi hub sharh kard... Aslan har yak kaloma yo jumla 88pahlui manoi hudro dorad va in eshon niz in suhanro bahri kam gashtani azobu mashaqati barodaroni muhojiro tojiakamon guftaast... Va bazeho dar injo fikru akidai hudro bayon kardan va ba in fikru akidai onho chandon zik shudan darkor nest, chun ki bazeho az rui mafkurai hud in suhanhoro ba hud kabul dorand...
Rusho ya makola dorand "kajdiy ponimaet po mere svoey isporchenosti"
Boqi Hudovand hamaro dar rohi hud hidoyat kunad!!!

Abdulloh,

ЭШОН ДУРУСТ МЕГУЯД,ЯНЕ МАН БО ШАХРВАНДИ РУС МЕТАВОНАМ БО НАРХИ 25000 РУБЛ ГАП ЗАНОН КУНАМУ ,ИМЗО МОНАМ ВА ДАР ТАИ ЯК ЧАНД МУДАТ СОХИБИ ШИНАСНОМАИ РУССИИ ШАВАМ.Мухаммад,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)