Бахшҳо
02 авг 2014 11:29Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эълони натиҷаҳои имтиҳоноти дохилшавӣ ва нахустин вокунишҳо

Алишер ЗАРИФӢ

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон натиҷаи имтиҳоноти дохилшавии довталабонро ба донишгоҳҳои кишвар эълон намуд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, натиҷаи кори доваталабон шурӯъ аз 1-уми август дар ҳуҷраҳои инфиродии довталабон дар сомонаи марказ гузошта шудааст: “Довталабон тариқи вуруд ба ҳуҷраи инфиродияшон дар сомонаи Марказ метавонанд бо натиҷаҳои кори худ шинос шаванд.”

Манбаъ мегӯяд, довталабон ба натиҷаи имтиҳонҳои худ инчунин метавонанд тавассути паёмак (SMS) шинос шаванд: “Барои дарёфти маълумот оид ба натиҷаи худ довталаб бояд ба рақами кӯтоҳи 1617 аз телефони мобилӣ матни “t рақами назоратии худ”(масалан, t100201400374)-ро ирсол намояд. Дар ҷавоб паёмак(SMS) фиристода мешавад, ки дар он натиҷаи имтиҳонҳои супоридаи довталаби дахлдор дарҷ гардидааст. Фиристодани паёмак (SMS) пулакӣ буда, арзиши он 1 сомонию 70 дирамро ташкил медиҳад”.

Савзалӣ Ҷаъфаров, муовини аввали директори марказ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар маҷмӯъ ҷараёни имтиҳони довталабон тибқи нақша муташаккилонаву хуб гузашт. Ҷаъфаров мегӯяд, тибқи тартиби муқарраргардида довталабоне, ки холҳои гузаришро ба даст овардаанд, барои иштирок дар озмуни тақсимоти довталабон ба ихтисосҳои интихобнамудаашон, ба донишгоҳҳо роҳ дода мешаванд: “Дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳон довталаб ҳуқуқ дорад давоми 2 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо аризаи худро ба комиссияи апелятсионии Маркази миллии тестӣ пешниҳод намояд.”

Тибқи иттилои манбаъ, аз теъдоди умумии довталабони иштирокдошта 29 597 нафар холҳои гузариши фанниро аз рӯй компонентҳои А ва Б ба даст оварданд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз волидон ва довталабон дар суҳбат бо “Озодагон” аз роҳандозии низоми нави воридот ба донишгоҳҳо тариқи Маркази миллии тестӣ истиқбол карданд.

Зарвони Дӯстмурод, як довталаби Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, аз натиҷаи имтиҳонаш розӣ буда, мегӯяд бо ба даст оврдани 404 балл имкони ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо кардааст.
Мӯҳр
Салом.. Бо чанд бал, дар умум, довталаб метавонад ба Донишгохи тиббии Точикистон дохил шавад? Ба факультети стомотологи чанд бал лозим аст???

шарипова саида
Гулбаҳори Маҳмуд
ба ман ҳоло ҳам натиҷаҳои интиҳоим дастрас нашудааст

Сайдуллоев Ислом
Салом барои чи ба телефони ман смс фиристода нашуд?

Ман муафак нашудам чи кор кунам

усмонова дилшода
Натичаи имтинхонхо

алиева дилноза
Мирзоев Жамшед
чанд бал гирифтам

Талбакшо
натичаи имтихони Аро фахмида мешавад

Боймуродова Нилуфар
баохои гирифтаи худро фахмидан мехостам аммо наметавонам ёри дихед

Низомов Зарифчон
Мирзо
Салом ман мехохам бо таври осон чавобхоямро гирам оё сайт надоред вайбер ватсап
саломат бощед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)