Бахшҳо

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст

Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи овозхонҳои шинохта Азизовҳо мебошад, пиёдагардеро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Озодагон” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, номбурда савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад.

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаастВисол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш “0100 ВР 01”, ки Висол бо он пиёдагардро аз пой афтондааст, ба номи Остон Азизов, овозхони тоҷик, сабт шудааст.
Мӯҳр
Чанд соли мушохидахо ман ба акида баромадам, ки хамаи хамин бадбахтихо аз хамин сиёхшиша сар задааст, ки ба хоси, менталитети мо муносиб нест. Агар дида бошед, чавонони хозира дар кисаашон танга надоранд, лекин харакат мекунанд аз кучое сум меёбанду шишахои мошинхои сабукрави худро сиёх мекунанд, ана баъд менталитети точики сар мешавад даст ба нобакори мезананд, он тарафи киссаро шарт нест гуфтан, ба хама маълум аст. Дар давлатхои Америка, Европа ва хатто Ф.Русия мардуми ончо тарбияшон дигар хел мебошад, менталитеташон дигар мебошад. Барои хамин фикр дорам, ки сиёх намудани мошинхоро бояд катъиян ман намоянд.

Сомони бе сомон, айб дар шишаи сиех нест, айб дар тарбияи фарзанд!

USA
Эхаа значить еще 7 экспертиза они сделают и всёёёёёёё......................

Афсус
Чабрдида,
Агар Шумо ҷабрдидаи ҳақақӣ мешудеду ин Лексус пахш карда инвалид карда гурехта мерафт, ин хел намегуфтед. мошин, ки харид, мемурад гуяд, ки соз ҳай кун, дар роҳ ин дупоҳа рост мегаштагӣ одам аст, мо барин набошадама одам аст...

хуши
ин бечорахоро бениде. Ранг аз тана надоранд, гушнаву ташна, дилашон пури гаму гуссаи халк. Илохо умракотон дароз шаваду аз ин дида рузакое бада набинед, ландахурбачаххо

Чавоб ба Исматча, аввал аз сиёхшиша тарбияи фарзандро сар кунем баъд усуш меравад худо хохад. Щояд Шумохам шишахои мошинатонро 700 доллар дода мошинатонро сиёх кардеду акнун дил намешад, ки онхоро канед. Гурда, часорати марди даркор, ки сиёхшишаро кани.

Мухаммад
Иноя ба сарбози бурда мурданак давондан даркор то равганошон об шавад

neee inho 17 sola neee rangi 50 sola mardakanu pufakchaho

Ismaili
Салом. МВД НЕ МОЛЧИ, НЕ МОЛЧИ, ТВ - ТВ ПОКАЖИ, ПОКАЖИ, ШКД ШКД ИНФОРМИРУЙ, ИНФОРМИРУЙ, КОММЕНТАТОР КОММЕНТАТОР РАСПРОСТРАНИ РАСПРОСТРАНИ.

тайлок (дангараги)
Хукми Висол алакай маълум аст, модарашро 150 сомони чарима мекунаду халос

Shahrvand
Инхо дар шахр чи хеле хоханд мегарданд
Мухаммад,

99
Хама бадбахтихо дар шишасиёх будани мошинахо мебошад о ин кадар сиех кардани шишаи мошин дар ягон давлати дуне нест?Хатто калонсолон низ аз ин намуд мошинахо метарсанд.Рогун ба умеди ин пул сохта намешавад лекин айши мардума талх кардестай ин гуна шишасиеххо бехтараш чунон кунен ки одами даруни мошина дида шавад агане талхакаф шидан мумкин аст.

ВКД
Ин туҳмат асту хато. Висол Азизов бегуноҳ аст. Зеро мошини Висол ба донишҷу барнахурдааст, балки баръакс донишҷу ба мошини ӯ бархурдааст. Ӯ нагурехтааст, балки донишҷу худаш гурехта, дар шифохона паноҳ шудааст.

ассафох
Кишри сарватманди чомеаи Точикистон аз набудани конун ва чавобгари нисбати онхо истикбол мекунан,хамин аст,ки дар натичаи садамаи онхо агар 3 нафар талаф ёбад хатман ЧАвобгари Маъмури бо рохи огохи ё чарима натичаи тахкик макомоти хифзи хукук анчом медихад! Дар вокеотисолхои охир шохиди он гаштем ки чахони имрузи точик ба ду кишри нобаробар таксим шудаасту кисми сарватмандхо аз касе ва чизе тарс надоранд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)