Бахшҳо
20 авг 2014 10:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Намоиши навори маҳрамонаи имоме аз Лолазори Фархор дар ТВ-ҳои давлатӣ

Шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон шоми 19 августи соли ҷорӣ навореро намоиш доданд, ки аз равобити маҳрамонаи Асомуддин Саркоров, имоми масҷиди деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор, бо як зан ҳикоят мекунад. Дар ин навор гуфта шуд, Саркоров раҳбарии яке аз ташкилоти ибтидоии Ҳизби наҳзати исломӣ буда, дар баробари имоматӣ ба дуохонӣ ва табобати сокинон низ машғул будааст.

Бар асоси нақли гузоришгарон, авлоди Саркоров дар оғози асри бист гӯиё аз Бухоро омада, дар Лолазори Фархор маскан ихтиёр кардаанд. Онҳо гуфтанд, ҳадаф аз ин намоиш паҳни фаҳшо ва ё кинаву кудурат ба рӯҳониён нест, балки мехоҳанд аз ин тариқ дардҳои ахлоқии ҷомеаро дармон бахшанд.

Дар ин навор лаҳзаҳои хуфтухоб ва равобити ҷинсии Саркоров бо зане, ки гӯиё барои дуохонӣ ба пешаш омадааст, дида мешавад. Аз навор маълум аст, он аз чанд гӯшаи хона сабт шуда, тамоми лаҳзаҳои равобити маҳрамонаро ҳифз кардааст ва зани дар он буда, бо истифода аз кӯрпаю болишт талош мекунад, то чеҳрааш ошкор нашавад.

Дар гузорише, ки шоми 19 августи соли ҷорӣ аз равобити маҳрамонаи Саркоров дар шабакаҳои давлатӣ намоиш дода шуд, бархе аз ҳамдеҳагони “қаҳрамон” баромад карда, амали ӯро нафратангез хонданд. Яке аз ин афрод, гуфт, Асомуддин Саркоров баъд аз ин овозаҳо кам ба масҷид меояд ва дар кӯчаҳо низ камтар пайдо мешавад. Онҳо мегӯянд, ин овоза обрӯи деҳаашонро ба замин задаасту онҳо то ба ин ҳад ба бадахлоқии Саркоров бовар надоштанд. “Чун имом буду ҳамеша аз зарари зино мегуфт. То ин корро карданаш одами хуб буд. Чи хел мешавад, ки ҳамаро ба сӯи некӣ даъват мекунию худат ин хел менамоӣ”,-гуфт яке аз сокинони Лолазор.

Намоиши навори маҳрамонаи Саркоров тавассути телевизионҳои давлатӣ дар ҳолест, ки он ҳамагӣ чанд рӯзи пеш тавассути “Нури наҳзат” дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд. Пахши ин гуна наворҳо тавассути шабакаҳои давлатӣ бори аввал нест. Дар гузашта низ чандин навори маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз сӯи Нури наҳзат таҳия мешаванд, намоиш ёфта буданд. Аммо ин бори аввал аст, ки Шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ҳангоми намоиши навори маҳрамонаи Саркоров истинод ба Нури наҳзат карданд.

Нури наҳзат, ки дар пайи маъракаҳои “антинаҳзатӣ” ба миён омадаасту худро мақоми амниятии дохилии Ҳизби наҳзати исломии Тиҷикистон муаррифӣ мекунад, бо ифшои лаҳзаҳои маҳрамонаи бархе аз афрод, ки аз онҳо “мулло” ном мебарад, машғул аст. Дар пайи зиёд шудани ин гуна наворҳо аз сӯи ин шабака Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз паҳн намудани ин гуна наворҳоро нигаронӣ карда, онро маҳкум карда буданду амали “Нури наҳзат”-ро мухолифи фарҳанг, дин ва минталитети тоҷикон эълон каданд.
Мӯҳр
тобистон мешавад хамаи дачияхои варзоб пур аз фохиша аст ки бо вазифадорони давлати истирохат мекунанд охир як муллои бечора камтар истирохат кунад дар хонааш хеч гап надорад.

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд, Чун ба хилват мераванду кори дигар мекунанад,,, И мисрахо ба баъзе муллохои фосик дахл доранд. Мо, ки алхамдулиллох мусалмон хастем аз ин хел муллохои чодугар хазар намоёем.

Асаломуалайкум агар никох кардаги боша чи магар бо хамсори худ барои хобу хезам лицензия гиран

ВАТАНДОР
САЛАМ! ОХИР ХАМИН МУЛЛОХОРА ХУДИ ХУКУМАТ МОНД КУ ДАР ВАЗИФА
КУНАД ХАМЧИНС БО ХАМЧИНС ПАРВОЗ
КАБУТАР БО КАБУТАР БОЗ БО БОЗ

Махина
Дар ин хабар омадааст, ки "маълум аст, ки навор аз чанд гуша сабт шудааст..." Хар чанд ман онро тамошо накарда бошам, вале аз ин чумла хаминро дарк кардам, ки тахрези шудани чунин наворхо вучуд дорад....Худованд доност ва рузе мерасаду ба ин ПЕШБАРАНДАГОНИ ЧУНИН АМАЛ аз чазо бахравар мегардад....

Сугди
Мухтарам кормандони сомона! Дар бораи ин мавзуъ чандин маротиба навиштед, аммо ягон маротиба Шумо-журналистон дар бораи этикаи журналисти наменависед. Вакте, ки мо, кудакони мо аз ТВ ин гуна наворхоро мебинанд, ин магар бар зазари чомеаи мо нест. Ман ба хулоса омада истодаам,ки журналистхо ба чойи як проблемаи чомеаро гуфтан, барои халли он ёри расонидан бо дигар корхо машгуланд. Ман умуман пешниход доштам, ки ин гуна барномахо аз ТВ-1 нишон додан нодуруст аст, неэтично ба хисоб меравад. Журналистхое, ки ин гуна маводро тайёр кардосиянд, чомеаи моро вайрон карда истодаанд. Илтимос, ба ин мавзуъ дигар даст назанед. Бигзор рост бошад, бигзор дуруг бошад, ин гуна инсонхоро дар сатхи конун ба чавобгарии вазнинтарин кашида шаваду, майнаи сари кудакхоя бо ин гуна фахшу беадаби пур накунем! Айб аст барои ТВ-1 Точикистон ва хамаи он ВАО-е, ки ин гуна маводро барои тайёр кардан вакт сарф мекунанд!

))))))
ба фикри ман ин чо чои бахс нест. Бигзор намоиш диханд, мардум аз кору рафтори чунин муллохо огоху вокиф шаванд.

Хазорон наьлати Худо бод ба он зани шайтон. Замин кафаду дароем бо ин намоишхои телевизиониву бо ин муллохоямону занхоямону барномасозхоямон...шармандаги

Яфтоли
Бадбахти дар инчост,ки бо максади передвиборный компания беобуру кардани дини ислом дар чомеъа рафта истодааст ва хамааш махакаш дар курси ва мансаби парлумонист.Гандагии кор дар инчост,ки ин бетамизхо ба хотири вазифа чунин фахшониёти муллохоро нишон дода,бе сохтани фабрика ва завод рейтинги худро баланд бардоштани шуда,дар интихобот даъвои голибиятро доранд.Аммо нишон додани чунин фахшигари обуруи миллати бе ин хам беобуруи Чамшуд ва Хуршудро ба маротиба поён мезанад.Барои ин мардум мухимаш курси ва мансаб аст на обуруи давлату миллат.

Че Гевари
Нишон додани чунин аъмоли бади мулоёни замони давлати"конуни" нишонаи фасоди ва бесаводии чомеъае аст,ки 22 сол боз тарбия гирифта истодааст.Дахшатовараш он хаст,ки ин аъмол шубхаи халкро оиди гайриточики будани давлат байни точикон зиёд мекунад.Ба хар хол ин фахшгарихоро дар хоричи кишвар нишон медиханд ва обури бе ин хам резондаи халки моро,ки чанги точиккушон солхои 93-97 ба бор овардааст зиёд мекунад.Муборизаи интихоботии парлумони чунин намешавад.Хис мешавад,ки точик то хануз фарханги сиёсиро дар 23 соли истиклолият нафахмидааст!

Гость
Коракхои ин "мулло"и Лолазор дар баробари он хама номаъкуливу "кахрамони"хое ки хамвора даруни утокхо ва дафтархои кории баъзе мансабдорони харкаллаву говшикам бо "духтар" ва бевагалахои сабукпову гуруснаи мухточ ба мансаб ва ё пайсае чанд сурат гирифта истодаанд,чизаке нест.Имруз ба чурми як ифлос хама суи намояндагони дин санги маломату тахкир мезананду он чиро ,ки бевосита дар "таки бини(ашон" ) ва атрофи худашон хамаруза сурат мегирад,намебинанд.
...Бо камоли бовари метавонам бигуям,ки имруз аксарияти муассисахои "фарханги" (ХАРХАНГИ) ву адаби -аз хамин ВАО ву боз ким кудом балову бадтари дигар мубаддал ба фохишахона шудаанд..Ман аз тамоми он дустонам,ки бо ин муассисахо муносибат доранд,маъзарат мехохам.Ба хеч вачх ин чо манзури ман хама нестанд..Ман бисёр нафаронро хуб мешиносам,ки вокиъан хам аз дониш ва хам ахлоку сирати писандидаи инсонй бархурдоранд.ки бароям мухтараманд.Мутаассифона он чи дар мавриди бадахлокиву фахш ва фучур ки боло зикр намудем, асос дорад.Имруз баъзе махлукакони майзадаву(алкашка) сабукпой,бетамйиз,фохишаву фочир(а) дар чомиъаи мо вучуд доранд, ,ки хамвора мекушанд,то худро хамчун шоир ва ё шоира ва боз инсоне фарханги чилва намоянд.Чи тавре ки боло иброз доштем,касифтарин мардумсуратонанд,ки дигарон ба сафсатаву чаранд ва "офарида"хои ифлосашон ки чуз таблиги фахшу беиффати ва вайрон сохтани ахлоки инсонй мебошад,ба хеч вачх бояд дода нашаванд..Агар нек назар андозем ,хохем дид,ки махз хамин тудаи фохиш(а) ва бадахлок барои чомиъаи имруз музирр мебошанд.Чун дар либос ва никоби шеъ\ру сухану фарханг афкори ботил ва вайронсози худро дар саросари чомиъа рохандози мекунанд...Он чи мо бояд ба чой оварем,хамин боз намудани чашми дигарон аст.То дар тамйизу ташхиси он чи хуб асту он чи ки бад,дучори мушкил нашаванд .Хуб бидонад,ки чи чизе барояшон муфид асту чи чизе музир.Бовар дорам,чун мардум адо ва гавхаршинос шаванд,хам бар "шеър" ва хам бар сару руи чунин "шоир"(а) хо туф хоханд кард!!Хамонгуна ки муаллифи ин сатрхо-каминаи камтарин..( Барои густохиам аз тамомии дустони хубу хушдилам бори дигар маъзарат мехом..Бубахшедам,ки дигар илоче чуз коридани хамин ПОСТро надоштам..))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)