Бахшҳо

Подшоҳ не, Президент: Аз қавли Абуҳанифа дурӯғ нагӯед!

Далер ШАРИФОВ

Хеле вақт аст, дар расонаҳову минбарҳои масҷид бештар аз эҳтиром ва шукргузорӣ ба подшоҳ ё роҳбари давлат, манзур президент гуфта мешавад. Ҷумлаҳои “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст”, “ Бадгӯӣ дар ҳаққи сардори давлат ғазаби парвардигорро меорад”, “Ҳамеша бояд аз сардори давлат шукр гуфт” ва монанди инҳо аз забони руҳониёни саршинос, муфтӣ ва имом-хатибони масҷидҳо бештар садо медиҳад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ин гуфтаҳоро асоси динӣ бидиҳанд ва ҳатто аз роҳбари мазҳаби ҳанафиён - Имом Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) далел ҳам меоранд. Ба ин маънӣ, ки “пешвои мазҳаби мо - Имоми Аъзам шогирди худ Абуюсуфро насиҳаткунон мегӯяд, “подшоҳро эҳтиром намо ва манзалаташро гиромӣ дор”.

Аввалан, ин уламои муҳтарам ва имом-хатибони донишманд бояд бидонанд, ки Имом Абуҳанифа дар низоми хилофат, ки онҷо тамоми қонуни шариат иҷро мешуд, зиндагӣ ва умр ба сар бурдааст. Он ҷо ҳеч мухолифате бо ҳиҷоб, таълими Қуръон набуд ва ҷавонони то сини ҳаждаҳ низ дар масҷидравӣ мушкил надоштанд. Даъват барои худдории занон дар намозҳои ҷамоат ҳам аз забони ҳеч руҳонӣ садо намедод. Гузашта аз ин, тамоми дастуроти илоҳӣ тибқи қонуни шариат амалӣ мегашт. Он ки ин амалишавиҳо хуб буданд ё бад, мавзӯи баҳси дигар аст.

Дуввум, Абуҳанифа (раҳмати Худо бар ӯ бод) итоат аз подшоҳи одил, подшоҳи мувофиқ бо дастуроти Қуръону суннатро воҷиб медонанд.

Саввум, эътирози мардум ва гуфтани камбудиҳо ҳатто дар замони хулафои рошид - Абубакр, Умар, Усмон ва Алӣ (Худо аз онҳо розӣ бод) магар набуд? Чӣ касоне аз онҳо ҳукуматдорӣ ва адолати олӣ доштанд, ки мардум меомаданд ва ҳарфашонро дар баробари онҳо мегуфтанд. Дунё то ба ҳол чунин роҳбарони одилу хоксорро надидааст. Ё он вақт масъалаи “Итоат аз подшоҳ амри воҷиб аст” матраҳ набуд? Агар итоат аз подшоҳ воҷиб буд, пас чаро Имом Абуҳанифа амри халифаро дар баробари мансаби муфтигӣ қабул накард ё имоми муҳтарам ба суханони худаш амал намекард?

Абуҳанифа ба Қуръону суннат ва ҳарфи худаш пойбанд буд ва амал мекард, аз ин рӯ вақте ботилро дид аз ҳақ дифоъ кард.

Чаҳорум, шояд аксари мулло ё руҳониёни саршинос надонанд, ки кишвари моро на подшоҳ, балки Президент идора мекунад. Истифодаи калимаи подшоҳ ё пешво ё ҳар вожаи дигар дар баробари Президент ё сардори давлат хилофи қонун буда, ин амал ба сохти конститутсионӣ ва низоми давлатдории мо латма мезанад ва он ҷиноят маҳсуб мешавад. Ман аз ин гуна уламо даъват мекунам, агар барои хондану дуруст фаҳмидани андеша ва афкори Имом Абуҳанифа ранҷ мекашед ва товони онро надоред, ҳадди ақал муқаррароти қонуни асосии кишварро риоя намоед. Агар мафҳуми оятҳои Қуръон ё аҳодиси паёмбар бароятон душворие пеш меоварад, ҳамчун як шаҳрванд хоҳиш дорам, боби чаҳоруми КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНро мутолиа кунед, ки “ПРЕЗИДЕНТ” ном дорад. Ман аз онҳое, ки кафили ин муқаддасоти миллӣ мебошанд хоҳиш дорам, сари ин бебандубориро бигиранд. Ва иҷоза надиҳанд, КОНСТИТУТСИЯ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН танҳо як коғаз бошад!


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чамшед Н.Восеъ
Ин як худнамоишдихист. Далер ту як бор рав ба давлатхое исломие ки риш мемонану аз ду солааш боло масчид мераванд бин кани холашон чи гуна аст. Масалан Афгонистону Покистон. Шабхо хоб намераванд. Як рафик доштам аз чумхурии хамсояи Афгонистон орзуву хаваси ватани моро шаб дар хобу руз дар бедори мехурад, ки ватани Шумо тинчу орому осуда хаст агар кадом соати шаб хохи бе ягон мамоният гаштанд мегири. Инаш барои мо бас аст. Хамун ришдорхое ту мегуи ягонтоашон мактаби миёнаро то охир хондаги нестанд ва саводи кофи надоранд. Корхое, ки онхо мекунанд кофир ун корхоро намекунад. Мо шукри Худо мусалмонем лекин бе риш, тозаву озода. Насиб кунад сину соламон ки ба пири расид хамон вахт мемонам!!! Як бор масчиди мо омада бин 2 сола кудакхам дар масчид хаст. Ман тарафдори ягон гурух нестам лекин дар ин сину сол чавонхои мо бояд илм омузанд на ин ки ришу салаву кала гуфта гарданд. Имруз одамони дигар давлатхо дар фикри кайхонанд мо гаштем риш гуфта. Мо Саломату сарбаланд Бошед!!!

Sughdinazhod
Рахмати худо бар Падару модарат Далер!
Вокеанхам Падару модарат дар номгузори иштибох накардаанд.
Худованди Бузург хамеша туро дар мукобили каззобон Далер
ва нотарс гардонад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)