Бахшҳо

ВИДЕО: Даъвати Кабирӣ тариқи ТВТ: Барои курсӣ қонунро нашиканед!

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шоми 3-юми феврал дар баромадаш тариқи шабакаи аввали телелвизиони кишвар аз мардум хост, дар интихоботи парлумонии 1 март ба ҷонибдорӣ аз ҳизбаш овоз диҳанд.

Кабирӣ дар хитоб ба мардум гуфт, ”пештар ҳамеша мегуфтам, ба ҳар як ҳизбе, ки дилатон мехоҳад райъ бидиҳед, вале дар ин интихобот бо назардошти вазъияти имрӯза аз Шумо хоҳиш мекунам ба Ҳизби наҳзати исломӣ овоз диҳед”.

Ба ақидаи Кабирӣ овоз ба ҷонибдорӣ аз ҲНИТ ин овоз бар зидди туҳмат, бар зидди дуруғ, ихтилоф ва фитанаангезӣ аст: “Ба Ҳизби наҳзати исломӣ раъй додан ин овоз барои субот, ваҳдат, ҳамбастагӣ, барои ҳамдигарфаҳмии дин ва дунё, барои оромиш ва суботи дунё ва охирати ҳар кадоми мо аст”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қайд намуд, ки наметавон тоҷикро, тоҷикистониро ба тарафдори мутлақ динӣ ё дунявӣ тақсим кард ва касе талош мекунад миллати тоҷикро ба ду гуруҳ- динӣ ва дунявӣ ҷудо кунад, ин як хилофандозӣ ва фитнагарӣ дар ҷомеа аст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба он дӯстоне, ки масъалаи дину дунявиятро мебардоранд, гуфтаниям, ки ин масъаларо аллакай миллат ҳал кардааст: "Дар референдум ва бо қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон ин масъала ҳал шуд, миллат иҷозат дод дар кишвари мо як ҳизби сиёсии динӣ вуҷуд дошта бошад. Хоҳиш мекунам сари ин масъала дигар худро азият надиҳанд, танҳо ва танҳо миллат ва қонун дар ин бора метавонад тасмим бигирад ва танҳо аъзои ҳизб дар бораи ном ва ё барномаи ҳизб сухани охиринро бигӯянд. Вале мо бар ин назар нестем, ки пешниҳодҳои дигарон нодида гирем, мебинем, меомӯзем, таҳлил мекунем, вале на бо фишор”.

Кабирӣ қайд намуд, ки боварӣ доранд дар парлумони ояндаи кишвар намояндагони бисёре аз ҳизбҳои сиёсӣ ва ё номзадҳои мустақил ворид хоҳанд шуд ва агар дар пардумони кишвар ҳамаи ҳизбҳо намояндаи худро дошта бошанд, ин бурди кишвар ва парлумон хоҳад шуд ва ҷои ягон ҳизби сиёсӣ, сиёсатмадар ё мансабдор кам намешавад.

Муҳиддин Кабирӣ дар муроҷиат ба масъулини ҳукуматҳо дар маҳаллаҳо, муаллимон, расиони ҷамоатҳо, мақомоти ҳифзи ҳқуқуқ гуфт, дар арафаи интихобот ба қонуншиканӣ, фишор болои номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғӣ роҳ надиҳнд: “Имрӯз аксрияти раисони ҷамоатҳо, масъулини далатӣ ва онҳое, ки тақдири интихбот дар дасти онҳост намояндаи як ҳизб ҳстанд. Хиёнат ба як овоз ин хиёнат ба миллат аст. Касоне, ки дар комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд, бахусус муаллимони муҳтарам, кормандони фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ аз Шумо як хоҳиш дорам, биёед миллатро дигар тақсим ба худиву бегона накунем, ҳар як овозро ҳамон тавре, ки мардум райъ додааст дуруст ҳисоб кунем, агар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раъйи бештар гирифт, ягон мусибате барои ҳеч кас нахоҳад шуд”.

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар хитоб ба масъулини давлатӣ гуфт, барои чанд сол мондан дар мансабе корҳои ғайриқонуниро анҷом медиҳед, вале бидонед, ки ягон вазифа доимӣ нест: “Домиӣ фақат адолат аст, ҳақиқат аст, Худованди якто аст ва ҳама мо дар назди Худованд, виҷдони худ ҷавобгар ҳастем”.


Мӯҳр
Asl
Офарин ва ахсан бародари гироми
Раисон ва хамаи Рохбарон баромад кардан ва тарзи суханрониро аз Кабири омузед дар хакикат арзанда!!!

Худованд нигахбонат бошад

Dev
Dar hakikat mardumro ba dindoru ba bedin naboyad judo kard,vale azojoni HNIT bo yak gururi kur-kurona hudro musulmonu mardumi az hizbi onho durro bedin mehisoband. Inchunin mardumro edashon naboyad fireb dihad, solhoi jangi barodarkushi in musulmonho fundamenti hamai nooromihoi Toj.budand.Yak ba davlathoi ba nom musulmoni nigared! Hama "urjon"-u gurusna va bo konunhoi saddai 7 zindagi dorand.Baroi hamin va baroi biser nomardihoi dindoron ba HNIT ovoz naboyad doda shavad.

Каири Ба фикрам барои ин баромад 5 сол таёри дида буд. Як савол. Мардуми Точикистон Хатари Мухидин Кабири дар парламент чист??? Фикри ман хамчун як шахрванди Точикистон ин аст:
1. МУхидин кабири мехохад Козихои солхои то инкилоби шуравиро баркарор кунад. Пешвои ХНИТ аст. Тарафдори хамон гурухе хаст ки гуё мехоханд Конуни Аллох дар Точикистон хукмрон бошад (Мо хама Алхамдулиллах мусулмон хастем хама инро мехохад). Аммо Аксарияти конунхои дини мубини ислом алакай дар Конунхои Точикистон мавчуд аст, чиноят дар Ислом ва Конунхои имрузаи Точикистон: дузди, одамкуши, горатгари, тачовуз ба номус, дар чойхои чамъияти нушидани шароб кашидани тамоку нос, бо хохару бародар оила барпо кардан. Ин хама чи дар Исломи чи дар Конунгузоии имруза манъ аст. Факат як чиз Козихои даврони то инкилоби ки мардумро бо истифода аз конунхои шариат фиреб медоданд нест. Мо хама медонем он козихо чи гуна фаъолият мекарданд. Ана адолати Кабири.
2. Чун пешвои ХНИТ аст хизби Исломи аст мехохад, бо дунёи Исломи муносибати зич дошта бошем. Хуб инро хама мехоханд, Аммо ин муносибат алакай мавчуд аст. Вале Кабири мехохад, салафихо, Хизбхои экстремистии Таблиг, Тахрир, Харакати исломи узбекистон ва дигаронро конуни гардонад то ки онхо омада дар точикистон писарони точикро барои чиход ба сурия ирок афгонистон баранд. Ахсан бар ТУ Кабири. У мехохад ки кудакони хурдсол дар масчидхо рафта низоъ миёни шиахо суннихо салафихо ва тахририхоро дида сабак гиранд. У мехохад насли чанги тарбия кунад.

Коршинос
Суханронии хело ҷолиб ва пурмуҳтаво.
Беҳтарин сухангӯӣ! Аввалин бор чунин суханронии сиёсатмадори Тоҷикистонро мебинам, озод, ором ва барои ҳама фаҳмо.

Чаноби Кабири ин чи гуна шиор аст, «Мо барои Тоҷикистон (яъне мо нахзатихо барои Точикистон) ва Тоҷикистон барои ҳама(хама ин хамон хочагони беруниатон, ки солхои 1991-1992 бародарро бо бародар чанг андохта буданд)». Биёд бас кунед барои мансаб шуда Ватану миллатро фурухтаед.

Дар давлатдори сухандони чои аввал нест, суханхои хуши Кабириро чи кунам? Кудаконро сер мекунад ин суханхо, маризонро табобат мекунад, кучахоро обод мекунанд, чи кор мекунанд ин суханхо, чи заруранд ин суханхо? ... сухан бисёр дону андаке гуй, якеро сад магу, садро яке гуй. ана хамин аст Кабири. Баъдан барои муаррифи барнома баромада боши, барномаро муаррифи кун, на ин, ки тахдид бо гуё суханхои ширин... Мукаррарот мукаррарот аст. Баъдан ХНИТ, ки ин кадар хуб аст, чаро ба у овоз намедиханд? бовар кунед, ки пеш аз хама Халк тарафдори ин хизб нест, Халк тарафдори Ислом аст, на тарафдори ХНИТи мансабхох! Агар халк тарафдор мебуд, бурд мекардед, лекин халк тарафдори Сулх аст, оромиву суботу осоиштаги аст. Сулхи бад аз чанги хуб бехтар аст гуфтаанд. Хол он, ки сулхи мо бехтарин сулх аст, озоди аст. Зинда бод Эмомали Рахмон бо сулху баркароркарда ва пойдор нигохдоштаат. Баъдан, суханхои ман хама аз руи конун ва вокеият аст! Як тахлил кунед! Шукронаи Худованд, ки Эмомали Рахмон, баркароркунандаи сулхро ба мо додааст, касе, ки пеши рохи хунрезиро гирифт, ободи кард. Зинда бод Точикистон, поянда бод миллати точик!


Ustozi giromi ALLOH nigahbonat boshad

Дилшод
Мухиддин КАбири хуб сухбат карданд бояд он хизб сари кудрат ояд ки адолатро нигох дошта тавонадр

мухочир
Ба Шохин...аз кибру гурур накафи бо як бор мухочир шав мефахми хукумат чи кор кардаистодааст?мухачири андоза дорад1-10 и 20 сол шуд ба фикрам Боз 20 солидигар давом дорад!

Нарз
Ман ҳамчун шахси ғайриҳизб баъди тамошои баромади вакилони парлумон ба хулосае омадам, ки шаси босовод ва соҳибтаҷриба бе ягон мамоминият фикру дархости худро баён карда метавонад. Баромади ҷаноби Кабирӣ воқеан ҳадафманд буд ва асосу далел дошт. Ҳамчун шахси озод аз ҳизб мегуям, ки агар Кабирӣ аз ҷониби мардум дастгирӣ ёбад дигаргуниҳои зиёд низ ба вуқуъ хоҳад омад.

Нарз
Ман ҳамчун шахси ғайриҳизб баъди тамошои баромади вакилони парлумон ба хулосае омадам, ки шаси босовод ва соҳибтаҷриба бе ягон мамоминият фикру дархости худро баён карда метавонад. Баромади ҷаноби Кабирӣ воқеан ҳадафманд буд ва асосу далел дошт. Ҳамчун шахси озод аз ҳизб мегуям, ки агар Кабирӣ аз ҷониби мардум дастгирӣ ёбад дигаргуниҳои зиёд низ ба вуқуъ хоҳад омад.

110
мадина,
Khhari azizam Islom khud 30yosat ast.

BO BURDU BOKHTASH BO NAHZAT MEMONEM

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)