Бахшҳо

ВИДЕО: Посухи Кабирӣ ба мухолифонаш дар мулоқотҳои “гарм”-и Суғд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз мухолифини ҳизбаш, ки иддао доранд, ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шаваду ниёзе ба ҳизби исломӣ нест, хост, дар ин масъала ба Додгоҳи конститутсионӣ ва парлумон муроҷиат кунанд, на ба ӯ.

Кабирӣ дар охирин вохӯрияш бо интихобкунандагони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, гуфт, “бар асоси Сарқонуни кишвар дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва агар нафаре ба ин розӣ нест, бояд бо ҲНИТ ё Ҳизби коммунисту Ҳизби халқӣ демократӣ даъво накунад, мо парлумону Суди конситутсионӣ дорем, ба онҳо муроҷиат кунад”.

Ба гуфтаи Кабирӣ, ин гуна даъвоҳо бояд дар асоси қонун ва аз тарафи ниҳодҳои марбута баррасӣ шавад, на дар кӯчаҳо: “Ин баҳс баҳси кӯчаву бозорҳо нест. Мо як бор дидем, ки бо шиорпартоию баҳсҳои кӯчагӣ ба куҷоҳо расидем”.

Раиси ҲНИТ аз сокинон хост ба қадри суботу ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар пайи талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ба миён омадааст, бирасанду ҳар даъвое доранд, дар асоси қонун ҳал кунанд. Ӯ дар мавриди иттиҳомот алайҳи ҳизбаш ишора карда, гуфт, ҳоло ҳар коре, ки дар олам мешавад, аз ҷумла Сурияву кишварҳои арабӣ мусулмонон гунаҳкор мешаванд, вале чаро боре касе фикр намекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар Украина ҳам нооромист: “Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 50 миллион нафар кушта шудааст, ки онро мусулмонон ташкил накарда буданд ва ё худ Ҷанги аввали ҷаҳонро. Дар Тоҷикистони мо ҳам баъзе аз расонаҳои хабарӣ мисли Бӣ-Бӣ-Сию СНН тавре хабарҳоро пӯшиш медиҳанд, ки гӯиё танҳо мусулмонону ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ гунаҳкоранд. Дар ҳоле ки бар асоси омори соли гузаштаи Созмони милали муттаҳид танҳо се дарсади амалиётҳои террористию экстремистӣ аз сӯи мусулмонон ташкил шудааст”.

Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки як модари тоҷик дар вохурии ӯ бо интихобкунандаҳо аз бедарак шудани фарзанди худ шикоят карда, гуфт, тӯли 7 сол мешавад, ӯ беному нишон аст ва ба ин наҳзатиҳо гунаҳкоранд: “Рост, намоз хондан даркору аммо ин хел мардумро бероҳа кардан даркор нест. Дар ин 7 сол зани писарам баромада рафту падару фарзанди ӯ аз дунё даргузаштанд. 7 сол мешавад, ман азоб мекашам”.

Инчунин нафари дигаре низ аз худ варзишгар ном бурда, дар ин вохурӣ баҳсу мунозараи иштирокдорони маҷлис бо раиси ҲНИТ-ро яке аз хусусиятҳои демократия хонда, пайравони ҳизби Кабириро дар тафриқаандозӣ муттаҳам кард: “Ҳамчун варзишгар метавонам, аз номи тамоми варзишгарони шаҳри Истаравшан як ду сухан гӯям, чун демократия ҳаст. Ман бисёр шунидам, ки тавре бародари гиромӣ гуфтанд, ҳамин хел мардумро ба қисмҳо – намозхону бенамоз ҷудо мекунанд ё мегӯянд, ту аз ин ҳизб ё он ҳизб, ки ин суханҳо миёни мардум як фитна эҷод мекунаду моро ба соли 1992 бармегардонад. Ин ваҳдату ягонагӣ бо пул не, бо хун омадааст ва зиёда аз 2 миллион шаҳванди Тоҷикистон зери хок рафтааст. Ман дар бисёр ҷойҳо менишинам ва дар бисёр ҷойҳо баранда ҳастам, ҷигарҳои лахта-лахтаи модаронро дидаам, ки фарзандонашон дар Сурия меҷанганд”.

Нафари сеюм ба нашъаманд шудани фарзандаш ишора карда, таъкид намуд, ҳамаи нашъафурӯшон риш доранду Қуръон дар даст ба чунин амали номатлуб даст мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ аз ин пештар бо интихобкунандагони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа мулоқот карда буд.

ВИДЕОҲОИ мулоқоти Кабирӣ бо интихобкунандагон дар Истаравшан:








Мӯҳр
салмон
Худован сабри устодро зиёд кунаду дар хифзаш гирад уро ва хамхизбонашро

Худованд дар Курон ваъда кардааст Вай бо сабркунандахост.

Шумо кабл аз интихобот пируз хастед
Худованд ихлосатонро зиёд кунад

сино
Хам модар хам варзишгар (ба гумон аст ки варзишгар боши шояд спиртсмен боши) ман хам ба шумо мурочиъат карда мегуям чунки демократия ё дамократия хаст ку. Агар дар хакикат шумо адолатро тарафдор бошед чаро чониби призидент ва хизбаш харфе намегуед чи онхо тамоман беайбанд??? Тамоми мушкилихое ки шумо ва халки Точикистон доранд факат хизби хоким гунахкор аст чунки сиёсати нодурустро пеша кардаанд ва сари давлат онхо мебошанд на хизби нахзат.

Муслим
98%мардуми ин толор хучандихо ... ва он ашхосони ки дож зада истодаанд онхо истаравшанихо нест... хатто ин толор хам хато накунам дар истаравшан нест.... ин хама дуруг. инчо истаравшанихо хап хастанд аммо хучандтхо дону нодон харф зада истодаанд

Муслим
Ассалому алайкум
Бародарон
1. Як чизро фаромуш накунед, хеч кас хак надорад ба сабаби гунохи 1 ё 10 хайр бигзор сад нафар шуда кулли мардуми як нохия ё минтакаро бадгуи кунад ё бемаданият гуяд.
2. Мо мегуем давлати демократи месозем аммо нишони аз демократияро дар мукобили давлатмардон намебинем оне ,ки дар мукобили хизбхои сиёси гурухе бе харос фикрхои худро ё мавкеи худро баён мекунад худаш хусусияти демократия аст.
3. Дар чомеъае,ки 99% -ахолиаш мусулмон аст набудани хизби исломи нишон аз надоштани иродаи исломии мусулмонон аст,яъне хизби исломи якто не ду се ва зиёда аз ин бояд бошад инхо дар чомеъа даркоранд.
4. Парлумони мо бояд мавкеъи сиёсии худро дар чомеъа баланд гардонад аз хисоби шомил кардани хизбхои гуногун, чун парлумон худ чои бахс аст-БАХС ДАР ПАРЛУМОН -БАХСИ ХИЁБОНХОРО АЗ БАЙН МЕБАРАД.

Нур
Монанди Кабири хама чунин сабур шуда наметавонандЯъкуб. Душанбешахр.,
Яъкуб. Душанбешахр.,

Почтеннейший Кабири, будьте мужественны и необращайте внимание на глупых, так как против Вас и партии и впредь еще будут вот такие сценарии и спектакли, так как Вам об этом лучше знать. Желаю больших Побед Вам и тем кто действительно богобоязненные!

Точик
Агар ду фарзанди шумо баромада ба чанг рафта бошанд бисёр кори хуб кардаанд ва гунахкори асоси шумоед, чун ки шумо хамчун модар монеи намозгузории фарзандонатон шудаед. (аз суханхоятон маълум аст) Якумаш шумо ба модари фарзандгумкарда монанд нестед. Дуюм ин ки шумо дар бораи ислом мегуед хеч чиз намедонам модоме ки намедонед барои чи дар бораи ислом харф мезанеду намозу исломро гунахкор мекунед. Дар куча нишаста гайбат накунеду фарзандонро тарбия кардан даркор аст.
Дар охир гуфтаниям ба хамаи ин мардум ба хочагонатон гуед ки ягон сенарияи дигар тайёр карда ба шумохон диханд ва дар вилояти Сугд шумо бо як сенария баромад кардед ва косалесии худро ошкор кардед.
Озодагон илтимос чоп намо!

МУХТАРАМ КАБИРИ чаро бо мардуми бе фарханг вакти кимататро сарф мекуни аслан овози хамин мардума бо фоидаи хнит хам бошад кабулшон накунед бигзоред инхо хамин намуди зиндагира кии одать аждодишон яне патхалимы хорию зори аст бо хамин бимонанд

мардикор
охойинсоно шумо фарзандотонро аз хурдсолиш худошинос кунед шумо банум мусулмон фарзандотон шариатчимегуд намефаману сони аз хизбу кабири хафа мешед инхо фарзандошонро бо пули харом тарбия кардиян азобаша мебинан

Салом ба хамма ин одамо аз истаравшан нее инхоро аз хучанд бо микроавтобусхо оварданд номери мошин 5011 буд бафикрам, тамгааш ьошад мерсаде спринтер буд.

Инхо Истаравшани Н А Б У Д А НН.Индесантхо
донишчуёни гумрохи
донишгоххои хучанд буданд. бо
микроавтобуси Мерс 5011 СТ 02/
рт.

Ахмад,
Ин десантхо
донишчуёни гумрохи
донишгоххои хучанд буданд. бо
микроавтобуси Мерс 5011 СТ 02/
рт.Ахмад,

Киймиддин
ОФАРИН БА ИН МАРДОНИ ҳнит САБР МЕКУНАНД.

Беадолати
Ман як чанд посух навиштам мутаасифона нагузоштан ин магар озоди аст радиои озодагон шумохам хиенат мекунед фикри халкро ва орзуи халкро дар сатилм партов мегузоред рахмат . Устод Мухиддин зинда бошед худованд сабри хазрати Якубро ба шумо диха МО БОШУМО ШУМО БО МО ВА БОХАМ МЕКУНЕМ КИЁМАТ ВА ВАТАРО ОБОД

Ахсан ба Домулло Кабири. Вокеан инсони хирадманд хастанд. Баъди дидани ин навор ман бовар кардам ки Чаноби Кабири бо зомбихо хам метавонанд вохуранд ва сухбат карда тамоми беадабихоро тахамул кунанд ман ба сабри ин Шахс хасад мебарам.

Ба вуҷуд омадани ҳар мушкилҳо дар Тоҷикистон ҳизби ҳоким айбдор аст ва барои ҳали он бояд давлати ҳозир ҷавобгар бошад. мардуми азизи кишавар аз ҳизби ҳоким ин саволҳоро кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)