Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Агар сатри духтарони фохишаро гиред аз фохишаги боз меистанд? масалан дар Либоси Х,арби ва кормандони умури дохила зиёд Ч,урми куштору дузди ва дигару дигар ч,урмхо ба вукуъ меояд,ин тавр ки бошад пушидани либоси х,арбиро маън кунед...

Аз хар як зане ки мехохад сатрро бабар кунад давлат имтихон гирад...Бе хафаги Китоби мукаддаси Куръонро бо забони араби хонда тонад, 5 вакта намозашро адо кунад....хамин хел занхоба ичозат диханд...Аксари занхои мо барои муд мепушанд, агар як сураро пурсед намедонанд...леким хаст занхои ки дар Ислом рост аст...!!!

Мухаммад
Ин фохишахои "сатрпуш" дар асл фохишахои бесатр хастанд. Вакте аввалин бор ба дасти милисия галтиданд, КГБ аз байни фохишахои боздоштшуда, чавонтару хушрутархояшонро интихоб карда, чанд муддат таълими рафтору гуфтори исломиро ба онхо меомузонанд. Тарзи пушиши хичобро таълим медиханд. Барояшон чанд квартираи ичоравиро гирифта фармон медиханд ки " шумо фохишагии худро идома дихад, факат бо либоси хичоб". Максад исломро дар назари мардум бадном кардан. Аммо коргарои ин идора факат ба ин кифоя накарда, баъзе чавонони точир, сохибкори бо такво, панчвакт намозро дар масчид мехондагиро муайян карда, ду нафар фохишахои "хичобпушро" ба наздаш, ба бозор, магоза е чои кораш фиристода бо он чавони шинос бо хар бахона шинос мешаванд. Масалан, якеаш илтимос мекунад, ки дугонааш аз шавхараш, ки аракхуру зиногор буд чудо шудааст, кавртираи ду хонаги дорад, мехохад е кор ебад е зани дуввум ба ягон чавони намозхони ботакво шавад. Ин чавони бечора дилаш месузад, болои инба духтари базеби чавон, боз хонадор, чаро худаш нагирадаш??? . Хулоса никох карда мегирад. Шаби аввал ба хонаи "арус" бо хадияхои зиед меояд. КГБ бошад камерахоро дар хона, чои хоб хатто ваннахона насб кардааст. Ду се руз чавон бо "аруси" чавону "хичобпушаш", ки дар назараш зани никохияш аст, хамхобаги мекунад.... Баъд аз чанд руз коркуни КГБ наздаш омада ба идораашон мебаранд, навори ишкварзихояшро нишонаш медиханд, тахдидаш мекунанд, ки ту чавони намозхон, муриди фалон домулло е эшон аммо ту зинокори мекуни, телевизионба нишон медихем, агар 50 хазор доллар надехи ва хамчунин хабаркаши мо нашави. Бечора аз тарси шармандаги, карз карда, баъзехо хона фурухта пулро дода ба Россия хичрат карданд. Акнун худатон хулоса бароред, инчо хам

Абдуалим Норасов дар покистон хондай ва салафихоро дастгири мекарди вакташда ку? Гап нест. Ма дар ту коил. Даррав тарафи хукумат гашти а. дар покистон аз хисоби чамоъатхо хонди, дастгири мекардаи одамхоро таргиб мекарди вале хозир бошад тамоман гапхот дигар ку.

Муслим
Дар кишваре, ки 99 %-аш мусулмон аст мубориза ба муқобили эътиқод, муқаддасот ва шариати исломи ба як барномаи амали табдил шудааст. Мусулмонони одди ҳама эътироз мекунанд, чаро олимони исломии мо хомушанад мо олими дини надорем?

Ватаншо
Ман ОРИЁИЯМ эй чалламусулмонхои тангназар худатонро боз ба гуломи мекашед барои чи ба араб таклид мекунед куръони каримро бо хатти араби навистаанд мо рози либоси арабро барои чи ба сари занхои худ бор мекунед гузаштаро фаромуш накунед худшинос бошед, биёед якчоя аз либоси аврупои низ даст кашем махсусан аз джинс пуши факат аз аслу насаби худ кур курона даст накашед Самарканду Бухороро аз даст додаем бас!!!!!

123ккк
ин телевизионшико нигох мекунанд ки кай президет барояшон сужа пешниҳод мекунад, баъд мавзура месозанд. Шояд хамин сатрхоро махсус харида ба фохишахо пушонда бошанд. Тахиякунандаи асосии ин барнома президент ва гуяндаву иҷрокунандаву монтажникаш кормандои твт.

пеш аз омадани ислом либоси аврупои доштанд гузаштагонамон, Мехохи аз ислом ба зардушт гузари? Фикр мекунам максадат аз ин гапхот маълум ки ислома кабул надори

Soleh Qurboni
Сатр амри илохи мебошад, ки касе хак надорад, ки алайхи он сухан гуяд ё чоре бар сатрпушон дида бошад.

Сатр амри илохи мебошад, ки касе хак надорад, ки алайхи он сухан гуяд ё чоре бар сатрпушон дида бошад.

Ватаншо
Дар рохи ИМОМИ АЪЗАМ бошед, хонед донед мо кистем араб шуморо хамчун мусулмон медонад ё не? худоро бо дили худ шиносед!

Гиес аз Ростов
Мухтарам журналистон дурусттар менавистед, инчо навистаед, ки чанд тан сатрпушон танфуруши кардааанд.Кучои ин гап дуруст аст. Духтарони фохиша сатр карда, номи сатрдоронро бад кардаанд, на сатрпушон фохишаги!!!!!!!!

Хозир 80% дар Душанбе аврупои мегарданд .Бас будагист монад 20% дигараш акалан сатр кунад .Шумо ягон кор карда наметавонед .Барои онки ин хукми Аллох хаст .Хохароне.ки хидоят кардаи Аллоханд он ба гаппи шумо намекунанд ИншоАллох МО ба шумо кор намегирем шумо ба МО .Боки хама дар панохи Аллох.

ффф
123 ккк ин кори кормандони твт нест иёра ай амният капидаги

Араш
Устоди донишгохи исломи ки сатри фармудаи Худоро рад мекунад аз одамони камсавод чи гила

АВВАЛАШ ИН КИ САТР ХЕЧ ГУНОХ НАДОРАД БАЛКИ ИН ЯК САРПУШ БАРОИ ИНСОН АСТ. БАЪД АЗ РУИ ГАПХОИ ФОХИШАХО ОНХОРО МИЛИСАХО МАЧБУР МЕКАРДААНД, КИ САТР ПУШИДА ФОХИШАГИ БИКУНАНД, МАКСАД АЗ ИН БАДНОМ КАРДАНИ САТРПУШОН АСТ.

Точик
Нест бод сатр! нест бод арабпарасти...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)