Бахшҳо

ВИДЕО: Ифшои номи ронандае, ки корманди БДА-ро кашола кард

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.

Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.


Мӯҳр
Фарз кунем ки ронанда бемории рухи дошта бошад е ин ки маст бошад пас ин корманди БДА худашро чаро ба хатар меандозад, Худо нохоста ин ронанда манъ намекард пас вои бархоли корманди БДА.

Илтимос кормандони БДА зиндагиву зану фарзандонатонро фикр кунеду худро зери мошинхо напартобед, дар ин шабу руз масту бе пул ва праблемахои зиндаги зиедхастанки ронандахо дигар аз конуну чазохам наметарсанд..
Бо эхтиет бошед..

ozodi
Айба надони коркуни БДА!

Айба надоне кормандони БДА!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)