Бахшҳо

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.

Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.

Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.

Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.

Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.

Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.


АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Мӯҳр
Бахром
"Дар Покистон, Миср, Ирок, Сурия, Тунис, Либия ва як катор давлатхои дигар бар асари БИСЁРХИЗБИ мунокишахои мазхаби сар заданд, ки дар натича хазорон нафар мардуми бегунох кушта, садхо хазор кудакон ятим, шахрхои сарсабзу хуррам вайрону валангор гаштаанд" Мухтарам Мавлонов А., маълум гашт ки хама кафомони ва камбагалии давлат аз дасти бисерхизби мебошад-як хизб чизе мегуяд хизби дигар мукобили ин хизб мегуяд, хизби сеюм тамоман чизи дигар дар натича масъала хал ношуда ба чангу хархаша мегузаранд. дар Точикистон хамаи хизбхоро бастан даркор. ЗИНДА БОД ТОЧИКИСТОНИ БЕХИЗБ!!!

Мухтарам домулло марди босаводу пешвои дин метобеду, ьаммо як чизро намефахмед, ки ХНИТ ин хизби дини не балки хизби сиёсие ки манфиатхои дини ИСЛОМро воло мегузорад ва мухолифи салафия, тахрир ва гайрка баромад мекунад. Бехтар мешуд шумо чун инсони баимон зидди сатркашисо сухбат карда ба омма мефахмондед дуруст ё не. агар дуруст бошад асоснок намоед. ВАЛЕ БОВАРИ ДОРАМ ЧУРЪАТ НАМЕКУНЕД. Фикр мекунам ки халки точики моро чи бало задааст. ин хамачо номарди пастиё баланди бенамозу беакли.

diplomat
дар бораи сулхи точикон сухан гуфта истода нахзатихо мо сулх кардем гуфта халкро гумрох накунед шуморо мачбур карданд, ки сулх кунед кахрамонхои асосии сулх ЭМОМАЛИ РАХМОН ва рухаш шод бод АХМАДШОХИ МАСЪУД буд, ки бо чаноби ОЛИ хамсухбат шуда ки будани уро фахмид. мо дар совхози туркманистон баромад кардани асосгузори хизби нахзатро, ки шумо тирро парронед фариштахо уро бурда ба синаии ..... мезанадро ва сабти видиоии онро махфуз дорем

Ин натичаи "Сабурчон"-ако ... Сабр кунед назхатихо САБР. ИН рузхоям мегузарад) Кабири-ако акнун писаратона Гуед, ки хамон Туркиянда чойи кор ёфта монад... так что дига умед пумед накунедда

ватандуст,
гумон, бародар. гапи хушку холиву, дуругу раксу бози.

Хуб рисолаи хело чазобу пурмаъно! Оё ислом бо хизби ХХДТ ниез дорад? Ин оятхову хадисхое далел овард хамааш бар шумо далолат дорад шурои уламор Точикистон на ХНИТ! Аз хакикат натарсед чунки рузе хак ба хакдор хохад расид шурои уламо! Шумо фикри мардуми масту аласта кунед на фикри мардуми намозхону китобхонро! Хайфи хамун далоиле, ки овардед ?Шер,

МУҲАММАД ХОВАЛИНГ
ИЛТИМОС ОЗОДАГОН ЧОП НАМО......................

АЛҲАМДУЛИЛЛОҲ. ИН ДОМУЛОҲО ДИГАР АЗ КОРИ ХУД ФАРОМУШ КАРДААНД ЧИ?????????????????????????????????????????
МВҚСАДИ АССОСИИ ИН МАРДОНИ БО НОМ "МУЛЛО" ДАР МАСОҶИД СУҲАБАТ ДИНУ ДИЁНАТ БОШАД Ё АЗ СИЁСАТ??????????????????????
ҲОЛО АКСАРИЯТ ДОМУЛЛОҲО БАҶОИ АМРИ МАЪРУФ ВА НАҲЙЕ АЗ МУНКАР БА СИЁСАТ РОҲ ГИРИФТААНД. ХУДОВАНДО ДУОГУЯМ ИМОНИ МИЛЛАТИ АЗИЗАМ ВА ДАВЛАТАМОНРО ДАР ПАНОҲИ ХУДАТ НИГАҲ ДОР.

пешниҳод кунӣ ки муҳоҷират барҳам дода шавад, ғуломии тоҷик бас. Кучаруби чмошники ва аробакашии тоҷик дар ФР бас. Ба ватан баргардед ва мулкатонро соҳиб шавед!

Бачаҳой Фабрикаи Ҷавоб дар сойто метонанд зиёд каментария нависанд вале дар Фесбуку Адна.. зиёд навишта наметонан зеро даҳ понздаҳто зиёд нестанд лекин инҷо бо номҳои гунонгун зиёд менависанд... Э мардум ино зиёд нестанд

adl
Agar dar jomeai musalmoni hizbi islomi darkor naboshad pas hizbi demokrati chi lozim. Malum meshawad hukumatdoro na az hizbi islomi balki az islom ru gardondand. Fardo bo farmoni hukumat badi bastani hizbi islomi bo fatwoi mufti wa komandash dar tamomi masjidhoi kishwar zangulai masehiyat sado medihad. Hudoyo az in fitnai hukumat ba sui tu panoh mebarem.

мучохид
э ту даркор набошад барой мо мусалмонхо даркорай то ки дифоь аз мусалмонхо кунан

озод
ХХДТ БЕХТАРИН ХИЗБ АСТ.

на корай на барку на оби гарм на рохои соз оби хунукам соат кати додестан и проблема несту хизби Нахзат проблема, магар ин 23 сол хизби назат рохбарии давлата ба ухда дорад, ки хамаи ин проблемахо ба вучуд овардааст? Не ин хама проблемахора Хизби халки демократи кардаст.

Шер,
Парвиз,
Хурик,
Рустам,
Комил,
Ман,
Али,
Шумо дунёбехабарон, агар аклу фаросат медоштед ин сухханҳоро намегуфтед! А
ОФАРИН: Ба Коршинос, атандуст, Субҳон,Ислом а Мусофир!
Ин душманони миллат магар аз созишномаи сулҳ хабар доранд?! Ин созишномаро ду тараф имзо намудааст!
Эй мунофиқон донед, ки дин ба ҳизб зарурат надорад, аммо мусалмонон ба ин ҳизб зарурат доранд!
Эй ғофилон, вақте ки ҳукумат ба масҷид рафтани шахсони то 18 соларо манъ намуд, танҳо ин ҳизб овоз баланд кард,

Кулоббии мусулмон
Мардм дигаро дар бораи мо ингуна фикро мекунанд.
Аз Черчил нахуст вазири Британия пурсидан:шумо наметонен Ирландияи шимолиро идора кунен ки хамсояатон аст амо чи тавр дар кишвархои ховаримиёна мустаъмира(зеридаст) дорен?
Чавоб дод: мо дар ховаримтёна ду абзор дорем ки дар Ирланд надорем
1- Аксарияти нодон.
2- Акалияти хоин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)