Бахшҳо

Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад

Далер ШАРИФОВ

Баҳси ҳиҷоб дар матбуоти даврӣ, маҳофили гуногун, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавзӯи рақами як шудааст. Дар кишваре, ки мардумаш 1400 сол аст бо оин ва фарҳанги исломӣ зинадгӣ мекунанд, оё ин баҳсҳо лозиманд? Беҳтар нест, ҷои баҳси намоз, риш, ҳиҷоб ва дигар аркони Исломи азиз, ки кори шахсӣ ва пайравони ин дини муқаддас мебошад, мушкили дигар кишварро ба баҳс бикашем ва бо гуфтугӯҳои созанда роҳҳали онҳоро биҷӯем?

Баъзан чунин менамояд, ки ҳама шиорпартоӣ ва машғул кардани зеҳни ҷавонон ба масъалаҳои ҷузъӣ ва ҳассоси динӣ ба хотири дур кардани андешаи онҳо аз мушкилиҳои рӯзмараи онҳо аст.

Чун имрӯз мавзӯи ҳиҷоб (сатр, русарӣ) ба як баҳси доғ табдил ёфтааст, мехоҳам чанд нуктаро на аз зовияи дини мубини Ислом, балки аз нигоҳи дунявият ва принсипҳои демократӣ, ки имрӯз ағлаби мансабдорон ва зиёиён болои он тамаркуз доранд ва онро барои худ як низоми “тилоӣ” медонанд, пешкаши хонандаи муҳтарам кунам.

РАНГИ ЛИБОС Ё ҲИҶОБ

Дар асри 21 баҳс сари ранги либос ё дахолат ба он як кори хандаовар аст. Як зан ё мард новобаста аз сатҳи ҷаҳонбинӣ, эътиқоди динӣ, мансаб, ҳолати иҷтимоӣ ва нажоду миллат дар интихоби либос ва ранги он соҳибихтиёр аст. Ҳеҷ кас ҳам ин ҳақро надорад, ки ба интихоби ӯ монеа шавад. Сиёҳ мепӯшад, сафед мепӯшад ё кабуду зард ихтиёри ӯст. Пӯшидани рӯсарии сиёҳ ё сафед аз кай хилофи қонунҳои Тоҷикистон ё байналмилалӣ шудааст? Дар кадом принсипҳои дунявият ё демократия гуфта шудааст, ки пӯшидани рӯсарӣ ё либоси сиёҳ хилофи озодиҳои шаҳрвандон аст?

Ранги либос пешрафт ё ақибмондагиро нишон намедиҳад. Ранги либосро мардумон вобаста ба завқу майлу рағбаташон интихоб мекунанд. Ҳиҷобро низ ва ҳеч мансабдор, омӯзгор ва дигарон ҳаққи дахолат ба онро надорад. Хуб мешуд ин гуна баҳсҳоро канор гузошта, пойбанди ҳамон шиорҳои демократияву дунявият, ки зиёд такрор мекунем, бошем.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ: АТЛАСУ ЧАКАН Ё ...?

Вақте сухан дар бораи либоси миллӣ равад, ҳатман гуруҳе атласу чаканро ба забон меоранд. Агар атласу чакан либоси миллии мо бошад, чаро онҳо либосҳои мависмиянд ва ба талаботи чаҳор фасли сол ҷавобгӯ нестанд? Гузашта аз ин, бо он ҳама тарғиботу ташфиқоте, ки дар Тоҷикистон ин ҳама сол карда мешавад, ҳанӯз оммавӣ нашудаанд. Бо атласу чакан рақсидани раққосаҳо дар саҳнаҳои гуногун ҳам натавонист, онро вориди зиндагии мардум кунад.

Дар асри 21, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръат идома дорад табиист, мардум чизи нек, хуб ва беҳтарро зудтар қабул мекунад. Бо либоси миллӣ гуфтану нишастан кор ҳал намешавад.

Маҷбуран либосеро барои толибаҳо, омӯзгорон, духтурон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа пӯшонидан ҷиноят нест? Дар куҷо гуфта шудааст, ки бояд барои хоҳиши шахсе ё гуруҳе ва майлу рағбати нафаре либос пӯшем? Вақте либоси миллӣ мегӯем, бояд хуб бидонем, ки зан ва модари тоҷик ҳеҷ гоҳ бо домани кӯтоҳ, сари урён ва остини кӯтоҳ муарифгари миллат набуд ва нест.

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАНҲО БАРОИ ЗАНҲОИ ҲИҶОБДОР?

Чунин ба назар мерасад, ки либосӣ миллӣ танҳо аз заноне талаб мешавад, ки имрӯз ҳиҷоб ё рӯсарӣ доранд. Онҳое, ки либоси аврупоӣ мепӯшанд, аслан ба онҳо касе кордор нест. Ҳар таъну маломате, ки ҳаст, танҳо болои занони ҳиҷобдор мерезад, ки ин ҳам хилофи прнисипҳои демократӣ ва дунявист. Хилофи Сарқонун ҳам аст, ки дар моддаи 17 банди авалаш чунин омадааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.

ҲИҶОБ ЭМОН, МУД, ЗЕБОӢ Ё ТИҶОРАТ?

Ҳиҷоб барои зане ҳамчун рукни муҳими Ислом эмону тақводорист. Барои нафаре муд аст. Қисми дигар шояд барои тиҷорат ё зебоӣ онро истифода мекунанд. Инҷо занони мусалмон чи гуноҳ доранд, ки вақтҳои охир ангушти ишора сӯи онҳо мешавад? Чор панҷ ё шаш нафар фоҳишаро боздошт мекунанд ва онро такроран аз тариқи телевизионҳо намоиш медиҳанду мегӯянд, бубинед, сатрдорҳо ба чикор банд ҳастанд. Суоле ба вуҷуд меояд, оне ки бесатр аст, даст ба чунин кор намезанад? Агар мезанад пас чаро гап дар бораи фоҳишагӣ дар умум намеравад? Ҳоло он ки фоҳишагӣ на миллат мешиносад, на дин мешиносад ва на мазҳабу нажод.

Вазири корҳои дохили эълон карда буд, дар соли 2014, 275 ҳолати ташкили фоҳишахонаҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар гузориши дигари вазорати корҳои дохила теъдоди фоҳишаҳои сабтшуда дар Тоҷикистон 2 ҳазору 471 нафар гуфта мешуд. Магар шарт ва зарур буд, ки чор ё панҷ ҳиҷобдорро ба намоиш бигузоранд? Яъне, гап тамоман сари дигар масъала аст, на ислоҳи ҷомеа?

ХОҲАРОНУ МОДАРОНИ МО НА ИФРОТИЯНДУ НА ТЕРРОРИСТ

Дар охир мехоҳам ба ин нукта таваҷҷуҳ шавад, ки истифодаи калимаи ифротӣ ё террористҳо дар баробари модар, зан ва хоҳари мусалмон низ як амали ғайри қобили қабул аст. Агар нафароне мехоҳанд танҳо ба хотири рӯсарӣ ё ҳиҷоби модарони мо, ҳоло фарқ намекунад он сиёҳ бошад ё сафед онҳоро ифротгаро ё террорист бигӯянд, иштибоҳи бузурге кардаанд.

Дар модаи 5-и Сарқонуни Тоҷикистон омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Давлат бояд ҳуқуқу озодиҳои зани мусалмонро бо ҳиҷобаш эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Пеши ин ҳама баҳсҳои ноҷову нолозим ки алайҳи онҳо сурат мегирад, гирифта шавад, зеро ба номус, ҳаёт, қадри онҳо дахолати рӯи рост сурат гирифта истодааст.

Калимаҳои ифротиву террористро дар баробари зан-модар ва хоҳари мусалмони тоҷик кор фармудан мантиқӣ нест. Ба ҳамон арзишҳои дунявиву демократие, ки ба ҷои “бисмиллоҳ” онро истифода мекунед, арҷ бигзоред!
Мӯҳр
мардуми точики мо аз кадимулайём марми бо фарханг буда ва ба чавонони мо намезебад ба дигар миллат таклид намудан .

мубориз
МашаАллох бародари азиз Далер банда чандин маколахои шоморо мутолеа кардам дар хакикат чавоби дандоншикан аст .дар хифзи Аллох дошед...

фанатик
Худо чазои хайрат дихад. Дар хакикат хам Далер будаи.

Amri ma'rufi Mullohoi mashhura man kaden, kasetahoi amri marufa furuxtanwa man' karden, to sinni 18 masjid raftana man' karden, hozir bo navbat ba hijob wud? Oyandai Tojikistona rewawa qoq kardanien bafikrum. Vaktrki inson imonawro ob nadihad, 100 ilmi dunyavi ham dowtabowad, bo 1 qanat parvoz karda nametavonad...

Салому дуруд ба хайати эчодии Озодагон!
Шумо фаромуш накунед,ки исми дуввуми ТОчик баъди ориёи Озода ваё Озодагон буд.Сипас Дехкон(ашрофзода) ва сониян номи чомеъи ТОчик дар адабиёти хатти роичият касб намуд.Аз ин ру аз хайати эчодии Озодагон эхтироман хохиш дорем фикри касу нокас ва ба истилох гапхои кучабозорию шарафи ТОчики озодаро пасткунандаро ба сахифахоятон рох надихед.Аз арзишхои ошкорбаёни бояд истифода бурд ,вале харчи чиз ба мизонбаёнию мизонсанчихо бастагидоранд.Аз назару гуфтори авоми дар умраш хату китобнадида ва аз Дини вокеи бехабарро то имкон аст ба сахафоти Озодагон магузоред,ба поку беолоишии нашрияатон кушиш ба харч дихед ва дар эхтироми нашрия шавед.ИН рафики Дехоти вокиан таассубзадаю гумрох аст. У мебояст исмашро Гориё Биёбони меномид.Хадафи мо таргиби юбкаю чинс ва дигар аносири сару либоси номарбут ба фархангу ба истилох менталитети Точики асилу Озода нест.Либосро бояд озодаю Точикона ва инсонвор интихоб намуд ва бар бояд кард.Точик дар масири таърих даххо анвои колою матоъхоро ба истилох ихтриоъ намуда ва шоистарашро барои сару либос мавриди истифода намудааст. Дар нисбати шохию атлас бошад ин матоъи вокиан ашрофонаи Точик аст ва аз анвоии он бояд васеъ истифода намуд. Дигар анвои колохои читу сатин,абр,кимхобу кундал ва даххои дигар хар кадоме мавкеъ ва макоми хос доранд ва тахияи сару либос аз ин анвои колохо бастаги ба хунари хаёти чирадаст(дузанда) доранд.Озодагони Озода Шумо бояд назархоро аз дидгохи ТОчикони шахригарию меросбари тамаддуни бузурги умумиточики ва дар мизони одобу русуми точикият дар сахафоти нашриятон чой дихед ,на аз дидгохи як дохундаю хаммол,лойкашу мухаддирпахнкунанда, нотаъриху нодиншинохта ва охунди таассубзада!!!
Мо чун як хонанда ба нашрияатон эхтиром дорем ,вале бори дигар хохишмандем барои озодагии Озодагон кушиш ба харч дихед. Гап бисёру..... Дигар ба саломат....

Худованд сафи чунин хак,гуёнро зиёд гардонад, бисёр губ гуфтед. Худованд ч,азои хайрат дихад Далерчон!

абдулох
ахсант ва як чахон ташаккур

абдулло
Сухани,хубгуфти.аммо,инсонхоеки,азХудодур,

Saif
rostin,
Бале дустам, сайф- шамшер аст, ки рост мегуяд ва дуругро мебурад, азбаски мутааъсифона чарохат мегузорад, ба "дуруг" намефорад. ))
Саломат боши !
P.S Вокеъан ман хамон дине, (Ислом) ки ба кавли шумо ба сари мо "бор" карданд, мепарастам, эътикод дорам ва мефахрам. Чунки Ислом дини бархак аст!!

Сайф- шамшери азизи дил!
Норохат аз сухани ростин мабошед!!!
Ба Шумо равшан бод,ки дин хечгох ифтихори милли нашуда ва нахохад шуд. Дар интихоби Дин бояд инсон аклманд ва озод бошад ва дини тахвилишуда, ба истилох мачбури паёмади хуб надорад ва дини шамшеру табари охируламр арзишу маънавияташро аз даст хохад дод.Динро бо акл пазируфт ва дар динманди бояд инсон устувор бимонад.ТОчике ,ки бо миллияти хеш ифтихорманду Озода аст,у хатман динманду имонманд(боварманд) аст.Барои Точикият ва боварманди ба Шумо иродат мехохем.2550 сол мукаддам як киёи ифтихорманду Озодаатон гуфта:Бо хости Худованд Ростиро дуст дорам аз дуруг безорам..!!!Мо бояд дар паи барчоияту устуворияти ин маниши ТОчикона бошем ва талош намоем.!!!!
Ба саломат....

Ozod
Ягона суханони хак, ки дар ин масъала гуфта шуд. Ахсан Далер шери майдон будаи!

шероз
Занонро бас аст ҳамин як ҳунар
Ки шинанду зоянд чунин ШЕРОНИ НАР!
зинда боши далерҷон!

Сад ташаккур ба Шумо, акаи Далер. Рости гап маколаи Шуморо хонда ба матни он хамфикрам. Дуруст кайд кардед, ки хамаи ин бахси хичоб, ки имрузхо аз тарафи хукумати имрузаи мо ва васоити ахбори омма ин кадар талкин мекунанд, танхо ба хотири дур кардани мардум аз мушкилоти асосии имрузаи чомеаи мо равона шудааст.

модар
Ахсант бародари гироми. Худованд хамаи мардони точикро ба монанди шумо бо гайрату баномус бигардонад омин.

шодмон из ТГМУ
Офарин ахсан бародарчон. Худо туро дар панохаш нигох дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)