Бахшҳо

ВИДЕО: “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”

Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурини пулис бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб нашр шудааст, ки дар он маъмурин аз зӯр кор гирифта, ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд.

Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"

То ҳол, Вазорати умури дохилӣ ин наворро шарҳ надодааст. Нашри навори мазкур дар ҳолест, ки ахиран аз ҷониби маъмурини пулис маъракаи густурда алайҳи ришу ҳиҷоб роҳандозӣ шуда, дастури махсуси Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ содир шудааст, ки ба ҷилавгирӣ аз майли бархе аз занон ба либоспӯшии барои фарҳанги тоҷикон бегона равона шудааст. Аммо роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буд, ки ин маърака тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ роҳандозӣ шавад, на тариқи зӯроварӣ.


Мӯҳр
ислом.70mail.ru
Кошке дар кудаки дар хок пинхон мешудум................... Бародарон ин маколаву посуххоро хонда мачбур шудам фаред занам. Наход то ба ин дарача расида бошем! Дар куча ки кам мегардам хушбахтона ин бадбахтихоро намебинам. Шахсан оилаи ман бо сатр хаст ки ин амри Худо аст ки дар сураи Ахзоб Омадааст. Худо накунад ки чунин Абучахл-хои замон мисли ин милисаи дар чашм айнак бо ман ру ба ру занад, агар хомуш истам худро беномус мехисобам ва умри худро бо хичолату гурбат гузаронида сабаби беморихои табобатнашаванда шуда рузе сактаи дил шуда мемирам. Аз хамин сабаб хубаш як дакика бо ин хел Абучахл-хои замон корамро мекунаму иншооллох абадан хушхолу сарбаланд зиндаги мекунам. Хой бадбахтхо!Хой бесаводхо ! Хой бадномкуни хукумат! Хой салла мегуянд калла биерхо! хозир хам дер нашудааст фикр кунед мардум ороми мехохад шумо барои чи худ нооромиро сохта истодаед? Дар охир аз халки азияткашидаам хохиш мекунам ки шабу руз дуо кунед ин Абучахл-хои замонро хидоят кунад ва Точикистону Точикистонихоро дар панохаш нигох дорад.

ДОстон
ОЗОДАГОН ШУМО ХАМ МЕБИНАМ СОМОНАИ ДАРБОРИ ШУДЕН . ЧИЗХОИ ДАРКОРИРА ЧОП НАМЕКУНЕН. ФАРДО БО ХАМИН ГУНА МИЛИСАХОИ ЧОПЛУС МАШХУР МЕШАВЕН

хама милисахоро ганда кардестен охир ин дузду горатгар хамухо накапан ки мекапа дилу гурда мекуни капиданда........ либсим точикира пушида гард охир шартан пайрави дигар миллат ва урфу одат боши мусалмони дар амалу рафтор аст наинки дар ришу хичоб....

Демократ
мардон,
гапи шумо 100% рост бародар. Бояд расми инро дар интернет пахн кард, то шарманда шавад, шармандаги дар охират аз ин бадтар мешавад.

Запад опережает нас на более сто лет в развитии, там всё свободно, ни кто не обращает внимание на твой внешний вид. Там есть подлинная демократия, ни та которая у нас. Людей не заставишь забыть свою религию. Люди на верху будьте благоразумны!!!

Чаро кормандони хифзи хукукро гунахкор медонед.
Рост аст бисёр хуб мешуд агар мардони сину солашон аз 45-50 сола боло риш мемонданд на чавонони 20- 22 сола.

сино
Ба Фирузи "доно" бародар ин шумоён бо ҳукумат думи пашму латтаро гирифта гаштаед.Дигар кишварҳо тамоми техникаву тарақиётро аз худ карданд.Дар мавриди муқобилият кардани мо аввал моро қонун иҷозат медиҳад аз ҳуқуқҳои шаҳрвандиамон ҳимоят кунем дуюм мо мусулмонем шариати исломи ҳам ба мо аз ҳимояи номуси зану хоҳарони худ хабар дода аст.Дар мавриди ИГИЛ ҳарф мезани ақли ту қобили дарк кардани ин чизҳо надорад вагарна аз хуну мурдаҳо сухан намегуфти.Ба ту маъқул бошад ки зану духтарат нимурён дар кучаву бозор гарданд ин кори ту ба дигарон кордор набош.

Собир
Риши бугинат аз сарат монад. Падару бобот то шастсолагй умуман риш надоштанд. Таклидкорй бегонапарастй кори точик шудаст. Як бор андеша кардан даркор. Хамун заношон хам безорай аз риши габдала...

чаро матни шархи манро 2 руз мешадад нагзошти?

Салому алейкум ман сухани зиед намегуям як сухан мекунам ки хукуматдорон ками дигар мондааст

Муштари
ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН, ТОЧИКИСТОНИ "озоди" МАН!

Шахрванд, бародар, 99% милиса як тараф, 99% кормандони боломакоми Хукумат арзандаи мансаби худ нестанд!!!

антиараб
касе орзуи чиход дорад ин фикрро аз сар дур кунед. дини араб аз мо нест. дине ки бо шамшер ба мо бор шудаст ва асосгузораш як араби бесаводу шахватпараст буд, ки хатто ба кудаки 7 сола хонадор шуда буд. акли худро кор фармоед. зомбии арабхо нашавед. шайххои пулмасти араб бехтарин хонумхом модели дунеро. .... мегарданд шумо ришу чиход гуфта гаштед бефахмхо..

Абдулҳаким
Дардноку аламовараш дар он аст, ки ин маъмурони пулис мардумро ба қонуншиканӣ айбдор ва ё даъват ба эҳтироми қонун мекунанд. аммо худ қонуншикани рақами як мебошанд. Ин шояд аз ҳазор ҳолатҳои ҳуқуқшиканӣ якеяшам набошад. Шумо тасаввур кунед, ки инҳо дар назди мардум дар рӯзи равшан ин авбоширо мекунанд, пас аз чашми мардум пинҳон чи қорҳои носолиму қонунвайронкориҳоро дар ҳаққи мардуми бечороа раво мебинанд, ки мардум онро на дида метавонаду на расмбардорӣ карда.

Озодагон! Ту ва кормандони ту хам тарсуед, ё дуруггу. Ман шарх додам вале нашр накардед. Буздилхо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)