Бахшҳо
15 июл 2015 19:22Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Вазорати адлия ва қумандонҳои собиқи ИНОТ алайҳи ҲНИТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро “ғаразнок” хондааст. Дар изҳороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, “бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ “барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон” муроҷиат намудааст”.

Масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад: “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”.

Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери “шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ” ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло “баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон” истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад: “Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст”.

Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористти маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон “туҳмат” хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд: “Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан 12 қумандони собиқи ИНОТ бо шумули генерали феълии мақомоти умури дохилӣ, Шоҳ Искандаров низ дар робита ба муроҷиати ҲНИТ изҳорот дода, онро маҳкум карданд. Қумандонҳои пешини ИНОТ ҲНИТ-ро дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон айбдор карда, хостори қатъи фаъолияти ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд: “Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд”. Зери ин изҳорот аз ҷумла Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст. Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти тоҷик нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кард буд.
Мӯҳр
Ас
Вазъият чунон аст ки холо мавчудияти хизби исломи дар Точикистон хатари беш дорад. Бисёре аз хаводорону балегуёни ин хизб чавонон мебошанд, хусусан чавононе ки танхо саводи кур-куронаи динию фикхи гирифта, аз илмхои дигар - илмхои асли бехабаранд, хатто зидди онанд. Акидахои аксарияти чунин чавонон ба назариёту амалиёти Созмонхои террористии исломгаро - ДИИШ, ихвон, чиходи исломи, толибону гумрохони дигар хеле шабохат дорад. Хар як амалиёту кирдори террористии ин созмонхоро тахсину офарин мегуянд. Бинобар ин ба фикрам ин мусичаи бегунохи мо - ХНИТ хам бо кувват гирифтан ба ДИИШ-и дуюм ё хатто ба филиали он дар Точикистон табдил меёбад ва ба халифа байъат мекунад. Биноан бояд баста ва ронда шавад.

Ба Маликаи Панчакенти гуфтаниям. Шумо хонум гумон мекунед,ки ба чуз ХНИТ дигархо чиноят намекунанд! Ман аъзои ХНИТ нестаму аз ХНИТ безорам аммо Шумо хакикатро гуед. Агар дар Панчакент хамин хол давом кунад дар 5соли оянда ягон (мебахшед) духтари бокира намемонад. Як нафар дугонаам,ки дар таваллудхона кор мекунад гуфт,ки хамаруза аз 26 то 40 нафар барои ба таври сунъи баркарор намудани бокираи худ ба тавалудхонаи шахр мурочиат мекунанд. Ин дахшат аст охир. (Мебахшед агар ба иззати нафси касе расида бошам е ягон гапи бешармона гуфта бошам) Шояд Панчакент ягона шахре бошад,ки бо таклиди Гарб фохишагари дар авч аст. Шабонгох агар дар кучахои шахр кадам занед мебинед духтарони мо чи гуна рафтор доранд. 2 сол кабл дар МТМУ раками 15-и шахр хонандаи синфи 7 хомила шудааст аз хонандаи хамин муассиса. Худ казоват кунед. Духтарони Панчакент нимбарахна мегарданд касе пеши рохи онро намегирад. Магар сатр либоси ба мо бегона асту нимбарахнаги хоси миллати мост. Аз хукумати кишвар хамчун як шахрванд хамчун зан-модар талаб дорам,ки бигзор ХНИТ баста шаваду аммо ба сатри исломи ву ба тоату ибодати мардум монеа нашаванд ва пеши рохи ин нимурен е 75 фоизи баданашон уренхоро бигиранд. Як ба хамсари Чаноби Оли нигаред чи гуна сатри аврат дорад. Пас чаро мо накунем. Сатр нагиред хам руймолу куртахои адрасу атласи Точикиро фаромум накунед. Охир дар даврони Шурави хама занону модарон руймолпуш буданд ку!


точик
шукри давлати точикон, шукри сулху салох, шукри рахбари точикон, шукр, ки тавасути рохбари давлат ба ин рузи ороми расидаем? чаро шукр накунем, 23 сол пеш барои даст ефтан ба истиклол ва хукумат даст ба куштори якдигар задем: кариб 2000000 хазор кушта мондем: набояд инро фарумушт кард. Шукр, ки имруз дар бастани ин ё он хизб бо рохи конун ва осоиштагы коргирем. Кафили сулху салох дар рузхои аввали бастани он Сарвари давлат ва мархум Нури буданд. Ьоло сарвари давлат танхост. Албата хаминро баъзе куввахои хоричи ва дохили истифода мекунанд ва вазъро бо таври сунъи андеке ноором карданианд. Бо бастани ХНИТ ва махкама кашидани рохбарони он масъала хали худро нахохад ёфт. Мисол исломиёни Иронро гирем: ки ьабсу бадарга шуданд, вале окибат аз хорич ёрдамчи ёфтанду шохро сарнагун карданд ва зимоми давлат дар дасташон, Худо накунаду ин тачриба дар Точикистон такрор ёбад. Он вакт баргаштан ба суи асри хафт якин аст. Зеро гайр аз рохбар ва раёсати ХНИТ: ки дар хакикат шахсони хирфаиянд ва фахмиши давлатдории хозиразамон, дигар аъзоён ва тарафдорон аз дунявият фарсаххо км дуранд. Онгох дер хохад шуд. Бинобар хамчун шахрванди солиакл харду тарафро ба сабру токат, якдигарфахми ва хамкори барои рушди давлату миллат ва ояндаи нек даъват менамоем. Мо танхо шахрвандонем, ки аз чангу чадал, кашмакашихо, номардихо, бефаросатихо, ноадолатихо безорем. Мо низ ватани худро дуст медорем: рхбари давлатро эътироф а самимона пайрави дорем ва аз у низ ифтихор дорем ва хама вакт дар пахлуи у карор хохем гирифт. Вале шахсону ниходхои мутасадди пещ аз кореро пеша кардан бояд аз нигохи давлати кор гиранд на гарази сиеси. Аз парвадирго илтичо дорем то ватани моро хазорхо сол нигахбону фарзандони точикро бообурй ва сарбаланд нигохдор бошад. Мухтарам озодагон агар кучое галат бошад: пешки узри худро аз чонибхо ба воситаи шумо пурсонам. Дигар вобаст аст ба иродаи тарафхо.

Я даже видео видел по этой теме. Сейчас скину ссылку, если найду.

Я даже видео видел по этой теме. Сейчас скину ссылку, если найду.

Точикистон ба ХНИТ зарурат надорад ва мардуми мо аз аъзогии ХНИТ даст кашидаанд чун фахмиданд, ки ин хизб ба Точикистон лозим нест ва манфиатовар намебошад.
Нест бод ХНИТ.

умри
Шохидабону холо гап дар бораи Бокира будани духтарон нарафта истодааст, гап дар сари ин ки агар ин хизб корашро давом дихад оянда чи мешавад Таъсири фоиша духтарои мо аз соли 1991 -1992 мондагихай агар мо чавонмардои точика амусоло бой намедодем холо хамаш пушти бахт мешудан и руза намедидем баъдан ира гуфтанимт ки зан Панчакенти ё дигар гуфтани гап нест ин шаъну шарафи зани точик аст паст назан хта аз дигарчо нагир ин доги руи хамамонай...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)