Бахшҳо

Риш дорам, пас террористи эҳтимолиям?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ришам номи маро ба кадом як рӯйхати “сиёҳ” ворид кард. Шояд феҳрасти “ҷинояткор ё террористони эҳтимолӣ” буд...

Чаро иддао мекунам ин рӯйхат “сиёҳ” аст? Боре шоҳид будаед, ки дар кишвари азизи мо исми нафаре барои гузоштани риш вориди феҳрасти “сафед” шуда бошад?

Ҳоло дигар қисса кунам, ки номи ман чӣ тавр дар ин рӯйхат навишта шуд. Барои гирифтани посухи як дархост ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ рафтам. Вақте гуфтанд, нафаре, ки мепурсам бо коре баромадааст, баргаштанӣ шудам, аммо навбатдор ному насабу ҷои истиқоматамро пурсид. Гумон кардам, мехоҳад дар дафтари асосӣ маро сабти ном кунад, аз ин рӯ гуфтам, беҳтараш замоне ки фалонӣ омад, меояму баъд қайд намоед. Аммо навбатдор гуфт, “ин барои ришат”.

Ному насабу ҷойи истиқоматро пурра гуфтаму дар коғазе навишт. Сипас гуфт, акнун ба ин тараф гузар (ба дохили утоқи навбатдор), акс бигирам. Пурсидам, чаро? Гуфт, фармон шудааст. Гуфтам, лутфан мешавад он фармонро бароям нишон бидиҳӣ? Табиист, ки “не” гуфт. Дохили утоқ шудаму гуфтам, ин ҳолатро дар рӯзнома менависам. Гуфт, бинавис, аммо танҳо росташро, яъне бигӯ, ки барои ришам буд. Бо аломати тасдиқ сар ҷунбондаму як хандаи мастона задам ва дар телефонаш аксам гирифт.

Вақти хайрухуш гуфт, “ако, боз аз ман хафа нашавӣ”, гуфтам аслан ҳеч далели аз Шумо хафа шуданро надорам, чун танҳо фармонро иҷро мекунед.

Ростӣ, нафаҳмидам чаро номамро навишта карданд. Гумонам он навбатдору даҳҳо корманди дигари пулис ҳам намедонанд чаро ин корро мекунанд. Ҳатто онҳое ҳам ки баъзан маҷбур риши нафареро “чаптарош” мекунанд...

Воқеан, номнавис кардани ришдорҳо ба чӣ хотир аст? Касе аз Шумо медонад? Шояд мақомоти Тоҷикистон оморе доранд, ки бештари ҷиноятҳо аз сӯи ришдорҳо анҷом шудааст? Ё шояд кадом равоншиноси бузурги тоҷик пажуҳише анҷом додаву дақиқ кардааст, ҳар ки риш гузошт дар ӯ эҳсоси ифротӣ будан пайдо мешавад? Шояд олимони мо баъди “кову шӯр”-ҳои зиёде маълум кардаанд, кадом кишваре дар фазо вирусе паҳн кардаву ҳар ки риш бигзошт, вирус ба он сироят намуда, сӯи анҷоми ҷиноят “қит-қитак”–аш мекунад? Шояд...
...Ва ришдорҳо номнавис мешаванд, то дар сурати анҷоми кадом ҷиноят ҳамчун гумонбарони эҳтимолӣ даъват шаванд?

Муборизаи беамон алайҳи “фарҳанги бегона”-и мақомотро фаҳмидан мумкин, гӯиё мехоҳанд суръати пӯшишҳои бегонаро коҳиш бидиҳанд, аммо мантиқи мубориза бо ришро дарк карда наметавонам. Ё инро ҳам зери чатри мубориза бо фарҳанги ғайр роҳандозӣ кардаанд? Гузоштани риш аз кай фарҳанги хоси як миллату қавм буд?

Агар воқеан риш хатар дорад, пас чаро қонунан гузоштани онро манъ намекунанд? Лоиҳаи илова ба Кодекси ҷиноӣ бинависеду ба парлумони мардумӣ бифиристед, мутмаинам дар аввалин баррасӣ як тугмаи муқобил ё бетараф фаъол нашуда, бо як овоз қабул мешавад. Бо ҳамин ба қавли Аловиддин “кори хирс тамом”. Дигар касе эътироз намекунад ва аз он ки як корманди БДА ба риши мусофирон “чаққа” мешавад, ҳайрон намегардад.

Ба дунболи баҳси ришу беришӣ бисёр шарҳҳо хондаем, ки муаллифонаш иддао мекунанд, “гузоштани риш фарзи Худованд мебуд, писарон аз модар бо риш таваллуд мешуданд”. Агар дунболи ин мантиқ биравем, моро бидуни либос ба дунё овардаанд, пас чаро луб-лучи модарзод намегардем?

Далели шайъӣ муҳимтарин омили гумонбар шудани нафар ё нафароне дар анҷоми ҷиноят аст. Муфаттишон маъмулан мегӯянд, аз фалон гумонбар далели шайъӣ - корд ё силоҳ гирифта шуд. Шояд акнун мегӯянд, “далели шайъӣ -- як мушт риш гирифта шуд?” Ба қавли дӯсти рӯзноманигорам Абдуазими Абдуваҳҳоб, “агар риши ман ба амнияти давлат хатар дошта бошад, риш чи ки розиям сарам бурида шавад”...

Дар чанд соли ахир шоҳиди ҳаводисе шудем, ки қаблан майнаамон тавони қабулашро надошт. Ин шабу рӯз дигар дидану шунидани чизе ҳайронам намекунад. Шояд замоне барои мурдаи Ленин бозпурсӣ шавам...

АЗ ИДОРА: Ин навишта назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
Ҷавоб ба Фирӯза. Акнун ту ақлу дониш дорӣ? Асри VII-ро ба асри XXI баробар мекнӣ. Вай ақидаҳо фарсуда шуд, замона дигар аст. Риш ба ту чӣ медиҳад? Нишони зургуӣ асту бас. Андешаи солим кун. Сиёсати давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ кун. Вагарна бо ин ришат кафангадо мешавӣ!

чавоб Марг ба ту
э ть аз Худо наметарси хами гапора меги

Зоир
риш мондан барои хар як шахс ки худро мусалмон мешуморад гуем ки фарз аст мешавад аммо мушкили имруз тамоман дигар чиз аст дар мо худамон масал ман бо доштани риш нишон медихам ки ман пайгамбарамонро с.а.с ва дини уро дус медорамяъне бо ин рох мо дустдори худ нисбат бар пайгамбарамонро с.а.с нишон медихем
аммо имруз бисери мардум худро дустдор ва пайрави пайгамбар с.а.с мегиран аммо ба мукобили гуфтахои у мубориза бурда боз мегуянд ки алхамдулилох мо хам пайгамбаро с.а.с дуст медорем аммо онхо худ медонад ки дугур мегуян агар онхо пайгамбаро дуст медоштан бар мукобили сунатхои у мубориза ва е ки гапхои ношояш намегутан акалан сукутро пеша мекардан онхо фикр мекунанд ки метавонанд худо ва пайгамбаро фиред тиянд мо дуст медорем аммо дар аст дуруг мегуянд танхо барои бастани дахони хамсояхо ки боз нагуяд ки ба мукобили ислом гап мезанад барои хамин мегуянд пайгамбаро с.а.с дуст медорем тамом аммо иншоалах дуруги онхо танхо дар ин дуне хаст тамом фардо ки мурдан баъд мебинан хакиката!!!!!!!!

Хайр як риш будааст, чони одам не ку.

Муслим
РИШ МОНДАН СУННАТИ ПАЙГАМБАР (С) АСТ ВА ХАР КАСЕ РИШРО БАД БИНАД ГУЁ ХУДО ВА ПАЙГАМБАР (С) БАД ДИДААСТ РУЗИ КИЁМАТ ПАЙГАМБАР (С) АЗ ДУШМАНИ РИШ ВА РИШТАРОШОН БЕЗОР АСТ ЭЁ ХАЛКЕ КИ ДАЪВОИ МУСУЛМОНИ МЕНАМОИ БО РИШУ РИШДОР ДУШМАНИ НАКУН КИ ЭХТИМОЛИ ИМОНАТРО АЗ ДАСТ ДОДАН АСТ ВА ИН АКИДАИ ИМОМИ АЪЗАМ АСТ. 90% ЗАНХО МАРДОНИ РИШДОРРО ДУСТ МЕДОРАН.

Авалан салому алек бо мардуми точик Ман дар як чи хайронам дар шабакахои интернети шахр дода шудааст конун дар бораи риш тароши ё сатр гири ай сар дад точикистони азиз нест лекин аз чониби баъзе кормандон пурсиш барои риш мешавад дар хамин ватане ки озоду тенч мегардем инро шукрона кунем бояд бо кадраш расем агар ин ришу сатр хело ташвишовар бошад аз дидани ягон шахс кормандон онро бо сухани нарм бо у фахмонан чи кора чи кор мекунад хучаташро пурсан хама чониба дида бароян лекин ин тавр намеша капида ришашро тароши ё сатро ай сараш гири нофахмои байни ду тараф нашавад

гурдофарид
номи ВОСЕЪРО хайф карди

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)