Бахшҳо

Масъули Маркази исломшиносии назди Президент: “Ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ аст

Рустам Азизӣ, муовини раҳбари Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро дар ноором сохтани фазои сиёсии кишвар муттаҳам намуда, иддао кардааст, “маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Сайид Абдуллоҳи Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Рустам Азизӣ дар матлабе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, ҳодисаҳои ахири Тоҷикистонро баёнгари интиқоли ақидаҳои тундрав ба марҳилаи татбиқи амалӣ унвон кардааст, ки ба қавли ӯ, “дар натиҷаи кушишҳои баъзе нохалафон барои ноором кардани ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ мо шоҳиди хунрезӣ ва талафоти ҷонӣ гардидем”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносии Тоҷикистон навишта, “таҳлили воқеаҳои охири Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат неруҳои харобкор ва аъзову ҳаводорони ҲНИТ дар ноором сохтани фазои сиёсии Тоҷикистон даст дошта, фаъолияти минбаъдаи ин ниҳодро ҳамчун ҳизби сиёсӣ зери суол мебарад. Зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб аз коршиносон ва таҳлилгарон тақозо менамояд, ки реша ва сарчашмаҳои эътиқодӣ, идеологӣ, иҷтимоӣ ва молиявии онро биомӯзанд”.

Ӯ аз исёни Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа ва маъруф ба “Ҳоҷӣ Ҳалим” ёд оварда, таъкид намудааст, ки он далели аҳамияти аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва шинохти сарчашмаҳои интишори ақидаҳои тундрав мебошад. Ба навиштаи Азизӣ, “фаъолияти ҳар гуна гуруҳҳои тундрав, ифротгаро ва террористӣ решаҳои зеҳнӣ ва идеологӣ дорад, ки пайравонашро барои даст задан ба хушунат ва амалҳои харобиовар роҳнамоӣ мекунад”.

Дар идомаи матлаб аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, яке аз поягузорони ҲНИТ ба унвони падари маънавии аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб ном бурда, гуфтааст, суханрониву роҳнамоиҳои вай ба андеша ва рафтори онҳо пайваста таъсир мерасонад: “Албатта, солҳои баъд аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳбарияти ҲНИТ кушишҳои зиёд намуданд, то барои оқои Нурӣ симои шахсияти илмӣ, равшанфикр, таҳаммулпазир ва ҳатто яке аз меъморони сулҳи тоҷикон эҷод кунанд ва бояд эътироф кунем, ки то андозае дар ин ҷода муваффақ ҳам шуданд. Вале агар бо чашми инсоф бинигарем, маҳз андеша ва “ҳидоятҳо”-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии тундравӣ ва ифротгароӣ дар сафҳои пайравони андешаи наҳзатӣ мебошад”.

Муовини раҳбари Маркази исломшиносӣ барои тақвияти ин суханҳои худ аз Маҷмӯаи суханронӣ ва навиштаҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки соли 2007 аз ҷониби Кумитаи ҷавонони ҲНИТ бо унвони “Он сӯи сиёсат” нашр шуд, мисол зада, муҳтавои онро “саршор аз даъватҳо ба хушунат ва хунрезӣ” гуфтааст: “Оқои Нурӣ кишвари азизу маҳбуби моро ба таври ошкор “дору-л-куфр” (кишвари куфр) ва “дору-л-ҳарб” (кишвари ҷанг) номидааст (саҳ. 190). Дар саҳифаи 198 ин китоб чунин омадааст: “Онҳое, ки феълан дар дорулкуфри Коммунист ҳастанд дар Тоҷикистон дари тавба барои онҳо боз аст ва дари ҳиҷрат низ барояшон боз аст, ки роҳ биёбанд ҳатто як рӯз ҳам дар дору-л-ҳиҷрат (яъне, Афғонистон – Р.А,) бошанд”.

Дар поёни ин матлаб гуфта мешавад, “мо боварии комил дорем, ки мақомоти дахлдор ва ниҳодҳои қудратӣ ин қабил китобҳои саршор аз даъватҳои ифротиро мамнўъ эълон намуда, онро аз дасти аъзои феълӣ ва собиқи ҲНИТ мусодира менамоянд”.

Нашри матлаби як мақоми баланди Маркази исломшиносии назди Президент дар ҳолест, ки рӯзи 17 сентябр Додситонии кулл Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар ҳамдастӣ бо генерали фирорӣ -- Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карда, аз боздошти 13 узви Раёсати олии ҲНИТ бо ҳамин ҷурм хабар дод.
Мӯҳр
Nafahmidam
Озодагон, чаро ин кисмати маколаро наоварди? Агар вокеан муздури касе набоши аз руи инсоф инашро низ зикр мекарди! «Касе, ки дар сарзамини душман иқомат меварзад, агарчи донишманди ақидаи ислом аст ва ў қодир аст ба тарафи мусалмонҳо биёяд, агарчи худашро мусалмон мешуморад, ҳукмаш ҳукми мушрик аст, наъузу би-л-Лоҳ. Яъне, ҳукмаш ҳукми як кофир аст. Тасарруф дар молаш ҳалол аст ва хуни ўро ҳам рехтан ҳалол аст» (саҳ. 198). «Имрўз вақте ки биравад мард ба як мамлакати кофир, агар чанде, ки худашро мўъмин ҳисоб кунад, муртад мешавад. Аз ин ҷо рафтан ба дори (кишвари) Раҳмонов, албатта маълум аст, ки аз зери парчами «Ло илоҳа илло-л-Лоҳ» ба зери парчами КПСС аст, ғайр аз ин ҳеч маъно надорад!» (саҳ. 199).

эмомали
ОЗОДАГОН ОЗОД БОШУ НАЗАРИ МАРА ХАМ НАШР КУНЕД МИСЛИ НАЗАРИ ДИГАРО......

эмомали
ОЗОДАГОН КУЧО КАДЕН НАЗАРИ МАРА? НАШР КУНЕД НАЗАРИ МАРА ХАМ.

Али
буза гузу хара ханда гирифт!

хайр хеч гап не рустам азизи рафта нуриро аз кабр гирифта бурда сутш кнен тамом гапи зиёти чи даркор товба гунохра хатто дар мурдахо бор мекнен

эмомали
ОЗОДАГОН НОМАРД БДАЕН НЕКИ О КУЧО КАДЕН НАЗАРИ МАРА?????Е НАШРШ КНЕН Е ПУЛША ТИЕН НОМАРДО

Saidbilol
Наъузу Биллох. Панох бар Худои Чаббор аз як хел бандахои мушрику номарду шайтонсифатоне ки бар руй Пардаи Одам мекашанд вале рафтори Хабисона мекунанд . Чи кадар бояд паст буд ки Он хама чонфидоихову Дилсузихои Усто Нурии Рхамати ро нодида гирифтану инкадар тухмат ро бар сараш бор кардан он хам дар хаёт набуданаш . о Мард мебудед дар Хаёт буданаш дар руяш мегуфтед ин тухмат хоро баъд чавобаш ро медидед . Шармандахо .Заррае Нанге хам намондааст ки дар баробари Хамватанону бародарони худамон чунин вокуниши вахшиёна ро раво мебинем !

бо чунин икдомхои харобиовар хизби нахзати исломи бояд ай байн бардошта шавад

бо чунин икдомхои харобиовар хизби нахзати ислом бояд аз байн бардошта шавад

мусулмон
озодагон мудоме ки номи шумо ОЗОДАГОН бошад чаро матни маро чоп накардед бочо кардед

Ин Рустам Азизи дар сатхе карор надорад ки бо у бахс кунем сиёсати С. А. Нури ба хама маълум аст ва ниёз ба фахмондани хеч кас нест. Бехуда зур назан. Устод Нури ва Чаноби оли Ба ин Кишвар Сулх овардан.

нуриддин
ман хам хамфикри шумо будам то ки хамон китоба нахондам...ин китоб вучуд дорад...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)