Бахшҳо
02 мар 2016 08:09Тоҷикистон / Тема дня

Президенти "Ватандош": Парастори қотил тоҷик ё эронитабор аст

Усмон Баротов, президенти ҷамъияти минтақавии узбакони Русия -- "Ватандош" гуфтааст, шубҳа дорад парасторе, ки тифли чорсолаи русро бераҳмона ба қатл расонд, узбак бошад. Ба иддаои ӯ, он зан тоҷик ё эронитабор аст.

Баротов дар суҳбат ба Хадамоти миллии хабарӣ (НСН) гуфтааст, шаҳрванди Узбакистон будан, ба ин маънӣ нест, ки вай узбак бошад: “Дар Узбакистон намояндаҳои беш аз 100 миллат зиндагӣ мекунанд. Тавре ман медонам, он зан аз Самарқанд аст. Онҷо аз узбакҳо дида, тоҷикҳо зиёдтаранд. Ҳамчунин эронитаборон низ ҳастанд. Ҳатто худи тоҷикон бисёр вақт мегӯянд, ки Бухорову Самарқанд шаҳрҳои тоҷикон аст”.

Ӯ гуфта, узбакҳо бо оромтабиатии худ ҳамеша фарқ мекунанд ва ба чунин куштори ваҳшиёна қодир нестанд: “Узбакҳо аз тоҷикон бо ин фарқ мекунанд, нисбатан ороманд. Мардуми хашмгин нестанд, ороманд. Тоҷикон бошанд, бештар ба қафқозиҳо шабеҳанд”.

29 феврал дар метрои “Октябрское Поле” Гулчеҳра Бобоқулова, шаҳрванди 38-солаи Узбакистон боздошт шуд, ки дар даст сари буридаи тифлеро дошт. Расонаҳо баъдан навиштанд, ки ин зан дар хиёбони “Народний Ополчения” -и Маскав ба ҳайси як парастор фаъолият мекардааст ва сари тарбиятгирандааш - Настяи 4-соларо ба таври ваҳшиёна бурида, манзилро оташ задааст.
Мӯҳр
Хама медонанд, ки Бухорову Самарканд шахрхои точикоанд, аммо чунин вахшоният ва чинояти сангинро чомаи сиёси ва е миллатгарои пушноидан кори маъмулии усмон Баротов ва бештари узбакон аст. Вакте инсон мукаддасоти хаети ва милли надорад ба пасттарин амал кодир мешавад чун усмон Баротов ва хочахои у аз СНБ Узбакистон! Бобокул худ номи узбаки аст!

TAJ
Бале иштибох накардед мухтарам Баротов аз номи хонаводагиаш --бобоКУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛ-КУЛова маълуму возех аст ки ки аст. Барои мани ТОЧИК самарканду бухоро лозим нест. Мо бо будагиаш каноат мекунем. Вале шумо Баротов нони Узбакистони сохибистиклолу якпорчаро мехуреду ба он дастархон ТУФ мекунед. Президенти "Ватандош" шуда ду шахри бузурги ин ватанро ба хамсоягон нисбат медихед. Магар ин хиенат ба ватан ва рахна ба якпорчагию мустакилияти Узбакистон нест? Ое догдор кардани бузургтарин ва мукаддастарин неъмати узбакон- ИСТИКЛОЛИЯТ, накзи кавонини давлатии Узбакистон нест? Президенти "Ватандош" магар ин аст Ватан дощтан?

Нозир
Ҷаноби Баротов!

Аз навиштаҳои бемантиқи худ хандаат намеояд?

Ин тавр бошад, пас биёд баргардонед шаҳрҳои Самарқанду Бухороро! Вақте гап сари ягон олим ва ё марди бузурги тоҷиқ, ки зодаи Самарқанду Бухоро меравад, ҳатман ӯро ӯзбак муаррифӣ мекунеду намегӯяед, ки "шаҳрванди Ӯзбакистон будан, ба ин маънӣ нест, ки вай ӯзбак аст"?!

Канӣ он тоҷикону тоҷдороне, ки алайҳи чунин гуфтаҳо вокуниш кунанду дар воситаҳои ахбори оммаи Русия баромадҳо кунанд?!

Окибат хак ба хакдор хохад расид. Бубинед.ки худи узбекхо хам моли точикон будани Самарканду Бухороро эътироф мекунанд!

Магар дар точикони Точикистон пасвандаки -кул, -кулов ё -кулова нестми? Мархамат: Худойкул Хамрокулов, Усмонкул Шокиров нафарони машхур аз Панчакенту Айни. Ахмад Бобокулови сароянда ва хоказо ин гуна мисолхо бисёр. Аммо дар масъалаи Гулчехра Бобокулова нашояд ба узбек ё точик будани у ишора кардан. У як нафар шахси бемории рухи доштааст. Агар бемори рухи доштанаш хакикат бошад, хатто дар ин бора сухан рондану мухкима кардан умуман дуруст хам нест. Оё чинни (бемори рухи дошта) ба харакат худ чавоб дода метавонад магар?

Ман яке аз точикони узбакистониям. Аз миллати худ ифтихор дорам. Лекин агар ин шахси миллатгароро дар Узбакистон вохурам, албатта як-ду лагади обдор мезанам. Узбакхо, ки дар асл бо мугулони чингизи омехта шудаанду Самарканду Бухороро азхуд карданд, магар акнун оромтабиат шуданд? Мо точикони узакистон ху медонем, ки онхо чи гунаанд.

маликшо
Инчо гап дар сари шахрвандии кадом давлат меравад, дар айни хол ин котил шахрванди Ч.Узбакистон мебошад

Вали
Аз журналистоини барчаста ва кавиирода эхтиромона хохиш менамоям, ки суханони мухтарам Баротов Усмонро зери тахлили хамачониба карор дода, оиди Самарканду Бухоро заминхои ТОЧИКОН будан як барномаи чолиб ба СММ ва тамоми мардуми чахон пешкаш намоед. Баротов усмон ба фикрам хуни точики дорад. Рахмат Баротов барои сидкан эътироф кардани Сарзамини ТОЧИКОН будани Самарканду Бухоро. Хеч гап не мухочири точик ба хама пастихо токат мекунад ва ба хотири Самарканду Бухоро гунохи зани узбак Бобокуловаро низ ба ухда мегирад ба хотири баргардонидани сарзаминаш, чунки мардуми точик ба хар гуна гапу хабархо одат кард ва худо хохад сарбаландона аз хамаи ин холатхо рахои меёбад рузхои хуб дар пеш аст.

Диловар
рахмат ин кулба ки икрор шудаст Самарканду Бухоро аз точикон аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)