Бахшҳо

Баҳси берунидинӣ: Як каф дуо ба ҷои “як дақиқаи хомӯшӣ”!?

Иршод Сулаймонӣ

Дар Тоҷикистон зери таъсири фарҳанги болшевикӣ ва русӣ, ки аз даврони шӯравӣ ба мерос мондааст, дар ҷаласот ва сутуҳи расмӣ бо наҳваи эҳтиром ба шахсияти касе, ки дар ин ё он замина хадамоте анҷом додааст, баъд аз маргаш “як дақиқаи хумӯшӣ (сукут)” баргузор мешавад. Дар ҳамин авохир баъди даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури собиқи кишвар ҳам ҷаласаи рӯзи 9-уми июни Парлумони кишвар бо “як дақиқаи хомӯшӣ” оғоз шуд. Мо дар худии худ ба ҳамин “як дақиқаи хмӯшӣ” ҳеч мухолифате надорем, бигзор, ки барои ҳамеша хомӯш бимонанд, вале аз канори анъана ва суннатҳои диниву мардумӣ рад шудану кадом як анъанаи номафҳуму номушаххасу бемантиқеро пайгирӣ кардан мояи нигаронист. Ин одат дар тамоми идороти расмии Тоҷикистон маъмул аст ва ҳатто ҳамасола дар Рӯзи озодии баён – 3 май дар Тоҷикистон низ ҳамкасбони гиромии мо рӯҳи рӯзноманигорони қурбоншударо бо “як дақиқаи хомӯшӣ” гиромӣ медоранд ва маълум нест, ки рӯҳи онҳо “гиромӣ” мешавад ё не. Ҳамеша дар ин лаҳзот ҳастанд касоне эътитроз мекунанд, ки чӣ даркор ҳаст ҳамин “хомӯшӣ”...

Баъди ҳамин “як дақиқаи хомӯшӣ” аввалин суоле, ки дар зеҳн халқ мешавад ин аст, ки оё ҳамин маросим барои мо зарур аст?

Агар посухро бидуни шарҳ бинависем ин тур мешавад: Агар мо маросими худиро барои поси руҳу арвоҳи гузаштагон намедоштем зарур буд ва чун дорем зарурате нест.

Ва агар шарҳ бидиҳем:

Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ҳол он ки “як дақиқаи хомӯшӣ” асолатан реша дар шакли ибодати квакерҳо дорад. Дар як кишвари мусалмонӣ ва он ҳам кишваре, ки аз шоҳ то гадояш худро мусалмон меҳисобанд ва 1300 сол аст, ки ин ҷо Ислом ҷузъи бисёр муҳими фарҳанг ва асоси бовару эътиқодро ташкил медиҳад, сарфи назар кардани маросими динӣ (ва ҳамин тур мардумӣ) пеш аз ҳама беэҳтиромӣ ба дине ҳаст, ки бовар дорем. Пешопеш бояд бигӯям, ки “як дақиқаи хомӯшӣ” зотан ва абадан рабте ба давлати дунявӣ (секулор) будани Тоҷикистон надорад.

Таърихи падид омадани “як дақиқаи хомӯшӣ” ба тариқи зайл аст. Соли 1919 рӯзноманигори устролиёӣ Эдвард Ҷорҷ Хани дар Рӯзи мусолиҳа бо як нома ба рӯзномаи “The Times” пешниҳод карда буд, ки ба хотири қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии аввал 5 дақиқаи хомӯшӣ роҳандозӣ шавад. Баъдҳо 5 дақиқа бисёр тӯлонӣ намуд, ки онро ду дақиқа карданд ва акнун 1 дақиқа шуд. Одатан ин гуна маросим ба хотири қурбониёне роҳ андохта мешавад, ки ҷони худро бар асари фоҷиае аз даст дода бошанд.

Дар Тоҷикистон дар доираҳои расмӣ зери таъсири болшевикҳо ва ҳукумати шӯравӣ, ки расман динро эътироф намекард “як дақиқаи хомӯшӣ” ҳамчун шакли мудернтар ва ғайридинитари пос доштани хотираи шахсиятҳо пазируфта шуда буд, ки бо вуҷуд гард-гард шудани болшевикҳо нопадид шудани шӯравӣ ин маросим ҳанӯз побарҷост.

Хулоса. Ҳоло Тоҷикистон як кишвари мусалмонист. Тамоми акобиру ашрофини давлати мо ба ислом пойбанданд. Пойбанд ба он маъно, ки то кунун касе аз онҳо нагуфта, ки мусалмон нест. Дар дигар мақом ва сатҳҳои расмӣ низ мусалмонон кору пайкор мекунанд (инҷо касоне, ки ғайримусалмон ҳастанд дар назар гирифта нашудаанд ва ин дархости мо марбути онҳо ҳам намешавад). Ҳамагии ҳаминҳо дар хонаводаҳои худ ва дар доираи авлоду аҷдоди худ агар ҳодисаи маргу мурдан шавад ва кадоме аз наздиконашон бимирад, ҳатман бар асоси расму русум ва суннатҳои исломӣ онро ба хок месупоранд ва барои карру фарри худро нишон додан низ ҳафтаҳову моҳҳо хатми Қуръону дуову фотиҳахонӣ низ мекунанд. Вале чаро онҳо дар идороти расмияшон намехоҳанд, ки хотир ва руҳу арвоҳи мурдагону гузаштагонро бо якчанд ояи Қуръон шод кунанд?! Суолест, ки посухашро наёфтаем.

Агар далел ин бошад, ки Тоҷикистон як кишвари дунявисту баргузор кардани маросимҳои динӣ дар идороти расмӣ ҷоиз нест, ин мавзуъ вориди ин баҳс намешавад, зеро “як дақиқаи хомушӣ” унсури хоси давлати дунявӣ ҳам нест. Дар давлати дунявӣ давлат танҳо бо инсонҳои зинда сару кор дорад ва агар бо ҳазл бигуйем “масъалаи мурдаҳо марбути давлатҳои секулор нест”. “Як дақиқаи хомӯшӣ” дар худии худ як навъи маросими динист ва чаро чунин як маросим вориди идороти расмӣ шудааст ва ҷоиз аст, вале ба хотира ва руҳу арвоҳи гузаштагон бахшидани як каф дуо ва қироати чанд ояе аз Қуръон ҷоиз набошад. Дар давлати дунявӣ ҳам ба бовари мардум эҳтиром гузошта мешавад.

Хулосаи хулоса. Тоҷикистон, ки як давлати мусалмонист бояд ба хотири эҳтиром ба анъана ва суннатҳои эътиқодиву бовари мардумаш аз “як дақиқаи хомӯшӣ” даст бикашад ва агар қарор аст, ки дар ин давлат хотираи касе дар сатҳи расмӣ пос дошта мешавад, чӣ хуб аст, ки он бо ояе аз Қуръон пос дошта шавад. Зеро дар ин кишвар касе аз мусалмон будани худ шарм накардааст ва мусалмон будан ҳам мояи нанг нест, балки шараф аст.

Вақте мансабдорони мо ба таври расмӣ ва хонаводагӣ ба зиёрати Кабаътуллоҳ мераванд ва аз ин ифтихор ҳам мекунанд ва дар суханрониҳои расмии худ борҳо ва борҳо мегӯянд, ки “алҳамдуллилоҳ мо мусалмонем” пас зарурате нест, ки як дақиқа хомӯш бошем, зеро мантиқе надорад.
Мӯҳр
Сохибчамоли Алишер
Ое ислом ба касе бади овард е хаети касеро сузонд?[right][/right]Як бор фикр кунем хамаи одамони бузург мусалмон буданд ва ба хамаи рукнхои ислом риоя мекарданд.
Масалан:Абуали ибни Сино,Фирдавси,Рудаки,Руми ,Албухори,УмариХайем ва дигару дигар ки то хол макоми худро гум накардаанд,ва хатто Паембар Мухаммад салалохи алайхи ва салам дар асри 7 пешгуи карда буд ки мардуми форсу точик илми дини ва дунявиро аз замин то кайхон исбот ва кашф мекунанд.
Бале тоифаи пасти мардумие хастанд ки аз номи ислом худро муарифи мекунанд локин аз пишти онхо дигарон зарар мебинанд.Барои хамин бояд ин гурухи мардуми паст ва бе емонро аз мардуми бе гунох фарк бояд кард.

Ватани азизам Точикистон чи гунае бошад е набошад инсонхои покдоман,хоксор,дилсуз,чигарбанд,дилбанд ва дили бузург доранд.Милати мо хастаи чанг ва хусумат аст,хаминкадар золимон хостанд ки ин милатро сарнагум кунанд натавонистанд.Ин Милати покдоман ба изни Аллохи бузург аз сари нав худро бисозад,локин одамоне вучуд доранд ки аз номи ислом истифода бурда хар номахкулихо мекунанд ва нияти шикаст додани сулху амониятанд!

Эй журналисти идеологи! Ту аз кучо медони, ки дар ин як дакика хомуши одамон дар дилашон чи мегуянд Шояд онхо дар хакки майит дуо хонанд.Дуои зардуштию арабию буддоию гайраву хоказо. Ба араби дар як дакика меешавад 8 бор сураи носро кироати кард Бовар надори, ба дилат бихон.
Худо аз фитнагарон нигох дорад. Аъузу билЛохи минашШайтонирРачим. Сугдинажод,

Мардум. Ин бачаи чавонмард ва чавонсол ва багурдаро ЭХТИЕТ КУНЕД! метарсам, ки у то хол дарак надорад, ки дар Точикистони ки сохтори дунявй ва хукукиро "думболагир" аст, аз эхтироми озодии сухан ва озодии вичдон ва мусулионй ХАРФ ЗАДАН МУМКИН НЕСТ. Хатто дар чунин як мавзуи руз ва равшаниафкананда, ки номи касе аз рохбарони хукумат ва "извините за выражение" - давлат низ едрас нашудааст... ХУШОМАД ЗАДАНРО ЕД ГИРЕД, то табъи мардуми "худодода" нохуш нашавад. Ачаб сабре худо дорад...

ффф
вакте шахс натавонад ки либоси 1300 сол дарбар кардаи худро либоси миллии худ донад чи хочат ба дигар чизхост?!

Офарин!
Суханхои бисёр хам ба маврид.
Лекин хуб мешуд ба чои калимаи (мудернтар) калимаи замонавитар ё ягон калимаи точики истифода мекардед хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)