Бахшҳо

Пешниҳоди олими тоҷик: Бемӯйҳоро кал не, “офтобсар” гӯем

Қурбоналӣ Партоев, олими умури кишоварзии Тоҷикистон бо ироаи як матлаб таҳти унвони “Манзалати мӯйи сар” ба “Озодагон”, пешниҳод кардааст, минбаъд афроди бемӯй ё каммӯй на “кал”, балки “офтобсар” хитоб шаванд.

Ҷаноби Партоев мегӯяд, вожаи "кал" дағалу гӯшхарош буда, чандон мақбул нест: “Аз ин рӯ банда таклиф дорам, шахсонеро, ки мӯйи сарашон мерезад, "офтобсар" гӯем. Яъне саре, ки мӯй надорад, ҷиллои пӯст дошта, каме бошад ҳам шӯълаафкан ба чашм мерасад”.

Муаллифи ин пешниҳод изҳор доштааст, худаш “офтобсар” мебошад ва рехтани мӯйи сарро нишонаи ирсӣ хонда, ба геноми модар вобаста донистааст: “Дар баъзе деҳаҳои кишварамон мушоҳида мегардад, ки кулли сокинони он ба "офтобсарон" мубаддал гардидаанд. Масалан, дар деҳаи Машконаки водии Рашт, ки банда низ дар он таваллуд шудаам, қариб 90 фисади мардони ин деҳа "офтобсар" мебошанд. Бошандагони дигар деҳаҳо онҳоро бо шӯхӣ "калҳои машконакиҳо" мегӯянд”.

Аммо Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, мӯи сокинони бархе аз деҳоти дигари Рашт то дами пиронсолӣ намерезад: “Ба хусус деҳаҳои Қазноқ, Тагоба, Ҳоит, Ялдамич, Навдӣ ва ғайраҳо. Сари мардони ин деҳаҳо ба назар мисли шабҳои моҳтобӣ мемонад, ки ба ақидаи банда онҳоро "моҳтобсар" гуфтан шояд гуворо ва форам бошад”.

Муаллиф барои афроде, ки мӯйи сари онҳо кам-кам рехтаасту байни гуруҳи одамони "моҳтобсар"-у "офтобсар" қарор доранд, номи "соясар"-ро муносиб донистааст. Ӯ мегӯяд, феълан қариб аз 4 миллиард мардони дунё 35 дарсадашон “офтобсаранд”. Партоев истифодаи калимаи дағали “кал”-ро дар мавриди одамони каммӯй нораво хондаст, зеро ба гуфтаи ӯ феълан аз 4 профессор як нафарашон “офтобсар” мебошанд ва зебогии ҷомеаи башариро ташкил медиҳанду баҳри рушду нумуи он саҳмгузоранд.


Дар акс: Қурбоналӣ Партоев
Мӯҳр
Ориёи
Эй ки сари ту мисоли ту мисоли офтоб,
Офтобсаре чу ту ки дида?
Аз кашфиёти беназират,
Тоҷики мо то Зуҳал расида,
З-инзор нагӯи сухан ба такрор,
К - ин талхаи Эйнштейн кафида,
Аз нури сари чу офтобат,
Биноӣ чу кури норасида,
Хайём шуда лолу ҳам парешон,
Сино лаби ҳайронӣ газида!
Нобелро гузоштӣ дар хиҷолат,
Олам чу ту олиме надида!!!
ҚУРБОНи онам, ки худ ПАРТОфт,
Як идеяро обнорасида!!!

Ҳақиқатхоҳ
Акаи Қурбоналӣ олими варзидаи соҳаи кишоварӣ аст. Вай дар соҳаи картошкапарварӣ татқиқоти зиёде анҷом дода, дар рӯёндани ҳосили фаровон муваффақ шудааст. Ин олим табъи болида ва тинати эҷодгар дорад. Таклифҳои аҷоибу ғароиб пешниҳод мекунад, ки ин далолате аз андешамандӣ ва равшанфикрии ӯст. Ман кал нестам, ки ба нафъи ӯ тарафдораш бошам. Аз рӯи инсоф мегӯм, ки таклифаш хуб аст. Зиҳӣ, акаи Қурбоналӣ! Пешниҳодат арзанда аст. Офарин!

Соясар
Гуфтиниюм хандам миёя: :-))

Гумон мекунам офтобсар хандаовар аст, чун дар назар гули офтобпараст пайдо мешавад. Шахсоне, ки дониши мукаммал надоранд бисери калимахоро хамчун дашном истифода мебаранд. Ба чунин шахсон ахамият додан лозим нест ва иваз кардани калима низ шарт нест. Мушкили дар он аст, ки чомеаро бояд тарбия кард, то ки рафтору кирдори хуб дошта бошанд.

Сорбони чангалму.
Ориёи,
Бар офтобсариам чи кор дори?
Мохтобсари,маро надида,
Ту одами оддии ба чое,
Мислам олиме чахон надида,
Ленин чи кард,бидон дустам,
Номаш бимонд дар чаррида,
Бар хизмати Гумрук интизоранд,
Офтобсарон ба нури дида,
Зинхор магу чунин ба такрор,
Офтобсарони баргузида,
Корат биафтад гар Ориеи,
Дустам ту машав аз мо рамида,
Боз бошанд,ба гайри мо касоне,
Пешонапахну ру чун рафида.

барои олимхои точикистон хандаи кас меояд як чихоро фикр карда бароед ки аз ин бухрони иктисоди чигуна бароем на ин ки ин фикрхои бемаъниву шармсор!

хатлони
Пешниход хуб хар чи зудтар ба порлумон пешниход кардан даркор то ки ба расмият дарояд ва хар касе кал мегуяд хамчун терроризму экстремизм шинохта шавад ва ин олииро харчи зудтар чоизаи Нобел додан даркор

алик
вохохох некем акачон хандондимон ма мерам муй мечаспонм. хахах пешниходт ужастни акачон хахаха

Сорбони Ошик.Нева
Э ака !Кари,гунги,кали,пешонидунгури,качалаву кузалаи,фушки,охи мошину хонаву даромади хубу пачкахои доллар бошад,занхои хоб дршта боши,аккалан 2-то дигар чи намерасад.Чи кор мекуни сари сермуву кади баланду шиму костуму галастуку даводави бефоидаву бедаромадро,ки камбагал боши! Пештар навишта будум ними камша чоп кардиян ин озодагончихо!

Калимаи "кал" аслан дағал нест. Онро мо мардум ҳар яке алоҳида вобаста ба маданият ва фаҳмиши худ дағалона ва таҳқиромез истифода мебарем. Охир ҳангоми ба назди сартарош рафта "сарамро кал карда тарош" гуфтан сухан ба шумо ва дигар мизоҷон дағал наметобад-ку. Боз ин ки калимаи «офтобсар» (8 ҳарф) ё «моҳтобсар»ро (9 ҳарф) мардуми ҳозираи мо ҳеҷ қабул намекунанд. Мисол: Дар забон калимаи дурусти «оид ба» (5 ҳарф) ё «доир ба» (6 ҳарф) ҳаст. Ҳоло ин калимаҳоро аксарият (то ҳатто журналистон низ) танбалӣ карда бо калимаи «оиди», бо 4 ҳарф талаффуз мекунанд. Ба матбуот, доду-гирифти хаттии вазорат ва ташкилоту муассисаҳо нигаред, чунинн мисолҳои дағалона вайрон кардани калимаю имло сершуморанд. Боқӣ, бо фикру шарҳҳои дигарон (аз баъзеяшон «як шикам» ханда кардам) розиям.


Неки кашфиёти оли чаноби олим ин калимаро кашфиёт карди. Ба шарофати шумо Точикистон доимо аз кризис намеброяд

Партоев
ОЗОДАГОН!!! Ин пешниходро ое ба русиву форси хам чоп кардаен?????

Шух
Олим дуруст мегуяд. Калхоро эхтиром кардан лозим. Онхоеро ки сарашон тамоман муй надорад калхои офтобсар ва онхоеро,ки ними сарашон муй надорад калхои мохтобсар гуфтан лозим.

Аз ихтирои техникаро ин хубаст

Кори дигар надоред, олими муҳтарам???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)