Бахшҳо

“Тағам девонаашаайй”, “рожаш нафорид”, “домуллои тра з...гӣ нестм”- тарҷумаҳои нодири “Муллои замонавӣ”

(“Шпаргалка” барои Кумитаи забон ва истилоҳот)

Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта мушоҳидаҳои худро аз олами воқеӣ ба олами маҷозӣ бурд. Вале ба назар мерасад, ки ҳоли мо ҳам дар олами воқеӣ ва ҳам дар олами маҷозӣ як гуна аст, хуб нест.

Ин ҳафта чанд тика аз серёли туркии “Ҳидоят” (номи дигараш “Муллои замонавӣ”)-ро, ки чандест дар бозори тамошобинони Тоҷикистон бисёр гарм истиқбол мешавад, тамошо кардам. Чун тамошо кардам фаҳмидам, ки чаро ин серёл бинандаи қобили мулоҳиза дорад. Тарҷумонҳои тоҷик бар хилофи ҳама қавонину қоидаи тарҷума аз худ дар ин филм ҳарфу вожаву ибораҳои хандаовар ворид карда, ҳам филм ва ҳам забонро тавҳин кардаанд.
Ин филм, худ як филми ҳаҷвист ва зоҳиран туркҳо мазмуни ин филмро аз филми “Мормулак”-и эрониҳо дуздидаанд. Мақсади мо ин ҷо баррасии мазмун ва моҳияти филм нест. Балки эроди мо сари тарҷумаи хароби ин филм ва забонро вайрону валангор кардани тарҷумонҳо ва ҳамин тур ба пайкараи бузурги забонамон туф кардани ширкатест, ки филмро тарҷумаву дубля кардааст.

Дар ин филм баъзе қаҳрамонҳо (персонаж)-е ҳастанд, ки нақши кумедиёӣ доранд ва ҳарфу суханҳояшон бештар ҳаҷвию танзмонанд аст. Тарҷумонҳои мо суханони ин қаҳрамононро аз диди худ тарҷума кардаанд ва дар он шеваи гуфтории ҷавонони Душанберо, ки бештар ба шеваи ҷануби кишвар такя мекунад, ворид кардаанд. Ин “тозакорӣ ва навоварӣ”-и тарҷумонҳо барои нафарони соҳиби завқи паст мояи дигаргунӣ ва ҷаззобӣ шудааст, вале барои нафарони огоҳ харобии бештар овардан ба ҳоли хароби забон дар Тоҷикистон мебошад. Акнун ба чанде аз ин ибораву ҷумлаҳои тарҷумашуда таваҷҷуҳ кунед: “Нагла гуфт, ки намиём”, “Сардорам 10 ҳазор доллар сарша бхра, чӣ хелай вазифаи ҳами одама грфта манда тийен?”, “Ту я ҳаёт макру ҳилла мекнӣ, ъууу?”, “А бача, мо ҳам мардакем”, “розӣ шудани ман ҳам под вопросай”, “Оҳоҳу, девооонаашааай”, “дар пеши чашмом янгама ачоқ кадестай”, “ман барои аруси худт гуфтестам, даюси чии тъ”, “Уага зани тъ боша янгаи моай”, “навбатчии туалет”.

Ба назар мерасад, ки тарҷумонҳои ин филм мухолиф бар аслу асосҳои тарҷума аз пеши худ ибораву вожаҳои русиро ворид карда, ҳамчунин фикр кардаанд, ки агар жаргону ибораҳои маъмулу роиҷи имрӯзи хиёбонҳои Душанберо дар филм дохил кунанд, забони филм “замонавӣ” мешавад. Шояд ин фикр дуруст бошад, аммо набояд ин корро аз ҳисоби беҳунарии тарҷумонҳо кард ва ҷисми нимҷони забонро боз ҳам ҷираҳдор намуд.

Усулан дар асар (хоҳ асари катбӣ ва хоҳ асари гуфторию дидорӣ) замоне қаҳрамон ба шева ҳарф мезанад, ки агар намояндаи ҳамон шева бошад ва барои воқеитар ва заминитар шудани асар муаллиф ин корро мекунад. Вале дар серёли “Ҳидоят” ғараз аз чунин ҳамоқат ва ба хориву забунӣ кашидани забон чист, нафаҳмидам!

Масалан ин гуна “шоҳҷумла”-ву “шоҳибора”-ҳоро танҳо дар ҳамин филм метавонед бишунавед: “Бахудо, сарт ранги куни отёркаай”, “тағам девонааашаааййй”, “Биё брем, ки рожаш нафорид”, “ҳичӣ не, чисотка доштай”, “Ай занакода бисёр ноз кадӣ”, “Майлӣ, брат”, “ин войимакнира бин”...
Албатта роҳ додан ба ин гуна ҳамоқат баргирифта аз тафаккури ҳоким ва муҳити ахлоқие аст, ки як қисм аз “ҳунармандон” ва тарҷумонҳои мо зери он қарор доранду дар он парварда шудаанд. Вале Кумитаи забону Кумитаи телевизион, ки масъулияти назорат бар ин гуна тарҷумону ширкатҳои продюсериро доранд, чаро масъулияти худро дар баробари забони миллӣ иҷро намекунанд?

Ба ин суханон таваҷҷуҳ кунед: “Вазъияти имом бақлаҷонай, ай мо турб”, “Ма мотосикла я мойка барм”, “Ма дар мачитм, асалак, бромадм зангт мезанм”, “Домулло ҳам модный будааст”, “А бача, ин Чингиз кам-кам ба саволомон ҷавоб медод, тъ чӣ дамта грфтай?”, “Ма як одами касалии бесаводм, кам-кам перепатка дорм, ай дҳанм ҳар гап меброя”, “дар баракаттон туф кардагиюм”, “бнуш, чойи девонашааййй”, “зеботарин ноҳияи Тоҷикистон, а бача, Дарвозай охи”, “ина амин гаптон гааанда мара сахт расид”, “ма домуллои тра з...гӣ нестм”, “Тра па пути бай мачита барм, ба мерам белниса”, “чиба акъ”, “Ягон бахшиш боша камбудӣ”, “хафа нашав, меган доверяй но проверяй”.

Тарҷумонҳо ва мубтакирони баргардонии ин серёл ба андозае бешарм ва ба сарнавишти забон бетафовут ҳастанд, ки ҳарфҳоеро, ки инсон дар муколамаи одӣ гуфтан шарм медорад, инҳо дар филм ворид мекунанд: “Я одам пешов када наметонист, хондш ранги фантан шид”, “Чоркунҷа, секунҷа, ман задагӣ нестам, ки чандкунҷа аст”.

Ин чанд мушоҳида аз чанд тикаи ин филм буд. Кӣ медонад, шояд дар тамомии ин серёл, ки бинандаҳо мунтазири тикаи 28-уми он мебошанд забон чӣ қадар масхараву расво шуда бошад. Дар ин филм тарҷумон ва коргардони дубля бидуни ҳеч кадом ҳаросу дудилагӣ вожаҳои русиро истифода кардаанд ва таъбирҳои аблаҳонаи бачаҳои хиёбониро ҳам истифода намудаанд. Онҳо аз ин роҳ хостаанд, ки ҷанбаҳои ҳаҷвии филмро бештар кунанду худи филмро диданитар. Аммо ин як хатои нобахшиданист. Тарҷумон ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надорад, ки аз пеши худ дар асар ҷумлаву ибораву маъниву таъбир ворид кунун ва он ҳам чӣ ибораву маъниву таъбире...

Забонро ҳамин гуна тарҷумону коргардону раисону вазирони беҳунару каммояву нотавон ба ҳақириву забунӣ мекашанд ва ин забони пӯёву гӯёву зоёро бечораву нотавон мекунанд. Боқии гап ва кор дасти Кумитаи забон ва Кумитаи телевизион аст...

Мушоҳидагари “Озодагон”

Мӯҳр
Э бародар бо номи Ростин худатро сухандон мешуморед,аввал ин ки журналист не рузноманигор,баьд аз он он кадар проблемае нестки тамоми сохторхои Чумхуриро аз олимон сар карда ба мукобили хунармандон равона месозед.Хайр хеч гап нашудаст ку,ба мардумм маькуласт монед мардум тамошо кунаду халоват барад,аз хамин барномахои шабакахои давлати рости кибоббббббб шудем,як барномаи тамошобо надораду надорад,бахои барномахояшон 2...Дар тамоми шабакахо як барномаи хачви нест инсон бинаду як кайфият барад, буду аз байн бардоштанд,барои хамин Ростин бародар бисер вохима накунед хамаш хубаст.Дар тамоми филмхои дуне аз Россия сар карда лахча истифода бурда мешавад.Шумо дар бораи технология е ягон пешравихо гап занед...

Салом ба хамаи хонандагони хамин мавзуь,ки хондаму каме норохат шудам.Мухтарам рузноманигор дуне ба кайхон сафар мекунаду дар миррих хона месозанду шумо бошед хозирам аз кафои як филму шимолу гарб мечангед,"Саволе аз кучо хасти бувад бадбахтии миллат"бехтаринаст, монед тамошо кунем аз паи зиндаги шавем.Ба рости як бародар дорам донандаи дини ислом кори хаст, ба ман занг зад гуфт бародар филми хидоят серияи 12 хумаш набаромадааст,кариб ба хама дубляжи хамин филм маькуласт.Тахиякунандагони дубляжи хамин филм аз хамин тахкири шумо корро партоянду ру суи Россия шаванд,аз он чо баьд ба Сурия,хохиш мекунам монед дар хамин Точикистони озоду ободи худамон осуда гардем...

Дигар ин бародари рузноманигори мо ягон кор наёфтааст бафикрам. Думболи филмхои туркиро мону ягон кореро даст гир ки ба манфиати чомеа бошад . филм писанди мардум аст мон тамошояш кунанд . (кино девонашшшшаааай )

Мухтарам рузноманигор. Шумо бехтараш филмро неву ширкатхову корхонахои душанберо аз назар гузаронед. Мегафон adidas tcell мегабайт флешкарта хамаи инхо аз забони момачонтон нест агар зобондуст бошел. Калимаи. Орбетро ба точики озодбек кунед

халил
Бехтараст мо ба хам душман нашавем вазорати фарханг ба хар тарчумони фильм е ягон намоиши тарчумашуда ,нисбати хатоихо андози калон бандад,хам забондон кор меёбаду хам хунармандони сохта аз кор мераванд.Иро бояд хукумат назорат кунад на журналист ,хар кас назари худро мегуяд....

Чи ҳамиқа студияҳода чақа мешен, мардм ҳамихели тарҷумара қабул кадай, у хели адаби кино маънӣ намекна
Бахшишу, неки ай дастай ҳами чақашавии хабарнигоро киноҳора тез тез манъ мекнан
Шумо кори дига надоре, шмода факат бад кардани номи я каса монан
кадом студияи ки ҳами кинора дубляж мекна ,илоҳим 1000 сола шава
Ина киной Водии Гургонда чиба вожаҳои кучагира намедроран, барои ки ин кино хоси ин нест
Киной Калтакеласк, ба қавли дигар Ҳидоят ҳаҷвӣ ки ҳаст, дар ин кино мезебад
Илтимос, муҳтарам рузноманигорон, бас кунед бадкунии номи як каса
Ҳози да ҳаққи хутон як кас ҳамихели гапой ҳархела бга мефоратон?
Илтимо чақа нашен

модар
Фарзандонам- точикхо. Шумо забони кучагиро дар чи шакле набошад, муаррифи накунед. Забони давлатиро истифода баред, собит созед миллати сохибзабонед ва ачдодон Рудакиву............ дигар бузургон. Аз чахолату нодони хешро рахо бикунед........

махмуд
баумеди шуморо шуда аз ин кино мондем ин хафта набаромад.илтимос гапи ин бародарро гиреду лек давомашро монед.бехтарин филме будам ки дар вакти тамошош хузур менамуди
.

Абдурозик
Ин вокеъан пастии маданияти хам мардум ва хам тарчумонхоро мефахмонад. Талаботи бозори мадании имрузаи мардум хаминаст. Ва тарчумонхо низ аз ин ба манфиати худ истифода мебаранд, ки ин хиёнат ба забони модарист.Дурустаст,ки мардум филмхои бо забони адаби бударо намефахманд, чунки аз адабиёт хело дуранд. Натанхо мардум балки элитаи хукмрони кишвар бо забони адаби сухан ронда наметавонанд. Ва биёед як бор ба гунохи худ икрор шавему чои он, ки магал мебардорем пайи ислохи камбуди шавем. Ман мукобили махалгароиям. Худам зодаи Душанбеям. Инро барои он мегуям то касе нагуяд аз шимоласт барои хамин.

Эй мардуми точик! Биед вакте, ки инчо чизе менависед, кушиш кунед, то ки ба забони точики дуруст нависед. Шумо мактабро магар надидаед? Аз харсаворию гову гусфанд чаридан инчо омадаед?!

агар припаткара бо забони точики гуяннд шояд фарзандони тухам нафахманд.

Жаргон чи маъно дорад? Я кинои нав нест да Точикистон мардуми бечора чи кино тамошо кунад.Маъкултон нест барои мардум кинои хачви бароред.Худатон да ича адаби гап мезанен.Накунен ихели намефорат тамошо накн ку кинои точики мардум тамошо кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)