Бахшҳо

Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Убайдуллоев таъин шуд

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шудааст.

Манобеи муътамади “Озодагон” мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасодро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин кардааст. Манбаъ афзуд, Убайдуллоев мақоми раисии Маҷлиси миллиро ҳифз кардааст.

Ҷузъиёти тағйироти кадрӣ дар шаҳрдории Душанбе

Убайдуллоев аз соли 1996 ба ин сӯ курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт. Ӯ 1 феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев соли 1970 Донишкадаи техникии Тоҷикистон, соли 1974 Донишкадаи техникии ба номи Ленини Харков ва соли 1985 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар Тошкандро хатм намудааст.

ШАРҲИ ҲОЛИ РАИСИ НАВИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент, ӯ соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст: “Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст”.

Солҳои 2012-2013 ҳамчун муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштБо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2015 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият кардааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шарҳи тарҷумаи ҳоли Рустами Эмомалӣ овардааст, ки ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст: “Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад. Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад”.

Рустами Эмомалӣ соли 2014 дар синни 27-солагӣ рутбаи генерал-майори хадамоти гумрукро гирифта, ҷавонтарин генерал ва мансабдори воломақоми Тоҷикистон ба шумор меравад.
Мӯҳр
Ассалому алейкум ба хамаи хамватанони гироми кадру азиз аз номи худам ва аз номи марками Мастчох Рустамро табрик мекунем Худовандо аз вазифаи наваш хамеша барои халку ватанаш хизмати арзанда кунаду хамеша сар баланд бошад табрик

Мо минатдор бисёр хидматкардан Худо нигахдораш бошад шахси бо тачриба ва доно буд.... танхо барои инхидомкардани бинохои қадими шахр зид будам аз бпчои онхоро вайрону аз навсози кардан гирду атрофи шахрро обод мекард хуб буд...

Дилшод
Пас аз барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбат ба ӯ танқид норавост. Онҳое, ки имрӯз сухани подарҳаво ва беасос дар ҳаққи ӯ мегӯянд, аз фаъолиятҳои анҷомдодаи ӯ бехабаранд. Барои он ки фаъолияти як мансабдорро баъди барканор шудан муайян кунем, бояд хазинаи ВАО – и мустақилро, ки беғаразона аз ин ё он ҷанбаи кории мансабдори мавриди назар гуфтаанд, ҷустуҷӯ намоем. Ҳоло, ки ҳарфҳои беасос мезанем, ин ҷуз нишонаи ғайбат чизи дигаре нест. Ҳаминро бояд гуфт, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев дар замоне аз мансаби раисии шаҳр барканор шуд, ки тамоми заминаҳоро барои Душанберо, ба қавли худатон, ба Париж табдил додан муҳайё кард. Акнун ба Рустами Эмомалӣ барин як ҷавон иҷро кардани ин вазифа саҳл аст. Бори гарони гузаштаи шаҳрдориро на ҳар кас ба дӯш дошта метавонист! Нишонаи барҷастаи он изҳори сипоси Рустами Эмомалӣ ба ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев аст. Ташаккур, ба ин шахсияти бузург, ки дар ҳама шебу фарози роҳи сиёсат дар паҳлӯи Пешвои миллат мардонавор қарор дошт.

Боймуродиха
Рустами Эмомали кадри чавон бошад хам,лекин аллакай тачрибаи хуби кори дорад.Дар кучое ки кор кард,вай сохаро як такон дод.Бовари дорам,ки дар ин вазифа низ сарбаландона фаъолият менамояд.Муборак бошад Рустамчон,арзанда хастед.

Шахрдор аз Хучанд
Мехохам, ки Чаноби оли яке аз хиёбонхои пойтахтамон шахри Душанберо ба номи Махмадсаид Убайдуллоев гузоранд, зеро онкас сазовори хамин чи хастанд. Дар зинда будан кадри хамдигарро донистан даркор. Озодагон акаллан хамин суханони бандаро дар сайтатон чори кунед.....

Шахрдор (аз Хучанд)
Хамин Хучанда номаш забонзада шуда бурафтаги. Биёед, ако хамина мисли Ерусалим ба номи хамин мадак гузоред.
Миллата коил када паттоед..

Ҳоҷӣ
Беҳтарин таъинот дар соли нав! Муборак бошад!Умедворем,ки кучаи Акбар Махсумов.ки ҳамагӣ 800 метр аз аэропорти байналмилалӣ дур аст, баъд аз 45 сол боз асфалт мешавад.Ғайрат кунед, Ҷавони хуб!

Забони танкидкунандагони мухтарам Убайдуллоев М.дароз шудааст.
Таъриф кардани Убайдуллоев М. ин маънои онро надорад, ки ба Рустами Эмомали муваффакият хохон нестем. Баръакс, ман бовари дорам, ки хар як чавони заки аз муваффакиятхои калонсолон тарафдори мекунанд. Сипоси Рустами Эмомали хам бояд ингуна бошад. Чун падари Рустами Эмомали- Пешвои миллат, падари мо, шахси хирадманд ва боакл мухтарам Эмомали Рахмон хастанд ва тарбияти хуби уро гирифтаанд.
Хуб мешуд аз ин худи душманон бо суханони дуругинашон истифода накунанд. Ин Ватанро солхои дароз аз нав сохтаем, чоннисорихо кардаем, биёед онро муфт бо ду сухани шайтони бархам назанем. Кадри зар загар бидонад, гуфтаанд, Эмомали Рахмон ва хам Махмадсаид Убайдуллоев сухтанду сохтанд. Ва инро таърих ва мо инсонхои зинда ба ёд доред. Аз газаби Худованд битарседу чангандозихо чун иблис байни ину он накунед ва худ баранда шаведу хардуи дигар паси дар.

Озодагон, барои чи навиштаи маро кутох кардед? Дар ягон чо адолат нест, хатто дар сайтхо хам ин мардуми дастбапешибар рох ёфтаанд

Субҳонали
Рустами Эмомали Муборак бошад албатара шумо арзанда ҳастед.
Соли ҷавоно муборак бошад Рустамҷон.
Ба Шумо барори кор иқболу обуру,танисиҳату хотири ҷамъ ҳам дар оила ва ҳам дар рузгори Шумо ва буд бориҳо орзумандем.
Бигзор,як ҳаёт дар болои сари мардуми тоҷик ба мисли Қиблагоҳатон ба мардуми шарифи Тоҷикистон хизмати арзанда намоед.
Зинда бод сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон,сиёсати Сулҳ ва дустии Халқҳо муташакил намудани ҳамаи қувваҳое,ки ба муқобили Терализм ва Экстромизм мубориза мебаран.


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)