Бахшҳо

Пешниҳоди ба номи Убайдуллоев гузоштани яке аз хиёбонҳои Душанбе

Баъди аз мансаби раиси шаҳри Душанбе озод шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар рӯзи 12 январ бештари баҳсҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар интернет ба ӯ пайванд мехӯрад. Дар бештари маврид шахсияти Убайдуллоев ва то куҷо шаҳрдори муваффақ будани ӯро баҳс мекунанд.

Корбарони сомонаи хабаргузории “Озодагон” ҳам зери хабарҳои марбут ба Маҳмадсаид Убайдуллоев шарҳҳои зиёде менависанд. Бархеҳо аз ӯ ба унвони як шаҳрдори муваффақ ном бурда, қисме мегӯяд, тӯли солҳои роҳбарӣ баъзе мушкилиҳои аслии сокинонро натавонист рафъ созад. Дар ҳамин ҳол, бархе хонандаҳои сомона пешниҳод кардаанд, бояд ҷойеро ба номи ӯ гузошт. Дар матлаби "Раҷаби Мирзо: Убайдуллоев рафт. Акнун чӣ мешавад?", ки 13 январ дар хабаргузории “Озодагон” нашр шуд, корбаре бо номи “Оиша” навиштааст, “хуб мешуд яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба номи Маҳмадсаид Убайдуллоев гузошта мешуд”.

Ва ба дунбол хонандаи дигар, ки худро “Помирӣ” гуфтааст, пешниҳод намуда, ки маркази Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ба номи раиси акнун собиқи шаҳри Душанбе гузошта шавад. Ӯ дар шарҳи ин пешниҳодаш менависад: “Мардуми маҳаллӣ ин шаҳр - Хоруғро Хараг мегӯянд. Чӣ номи дағалу безеб. Шаҳри Убайдулло - звучить хорошо! Бигзор як кас дар зиндагиаш қадршиносии мардумашро бинад”.

Корбари дигар -- “Ростин аз ш.Душанбе” бо тавсифи Убайдуллоев, ки “ягона роҳбари воломақоме буд, ки мактубҳои ба унвонаш омадаро шахсан мехонд, чора медид, ҷавоб мегардонд”, аз пешниҳоди ду хонандаи боло пуштибонӣ кардааст. “Баъзеҳо таклиф кардаанд, ки ба номаш маркази ВМКБ -ро гузоранд ё яке аз хиёбонҳои калонтарини Душанберо. Чӣ ҷои шубҳа дар ҳақиқат арзанда аст. Агар нагузорем ҳам номи ӯ то замоне, ки шаҳри Душанбе ҳаст, боқӣ мемонад”,-навиштааст вай.

“Алиҷон”
бошад, пешниҳод кардааст, ки ба Убайдуллоев унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад: “7-умин Қаҳрамон дар Тоҷикистон, ба мисли Тоҷи ҳафт ситора, Ҳафт Қаҳрамон, Ҳафт Ахтар”.

Аммо бархеҳо ин ҳамаро чоплусӣ унвон кардаанд. Ба гунаи мисол, “Ростгӯ”, ки менависад: “Кори Тоҷик аз АЗАЛ чоплусист. Ин дар рагу хунатон буд, ҳаст ва мемонад”.

Маҳмадсаид Убайдуллоеви 64-сола, ки аз соли 1996 курсии раиси шаҳри Душанберо дар ихтиёр дошт, 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод шуд. Ӯ ҳоло раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумон аст.
Мӯҳр
шахрванд
О хами одам чи кор кардааст? Душанберо шахр гуфтан забон намегардад. Ай кишлокам баътар шидагияй. Бо "сиёсатмадор" мегенша. Ачоиб.

Арбоб
Варо аз шар-шари оби равон чуй, Зи гулбарги тару боди вазон чуй. Будаст ошуфтаву шайдои ин шахр, зи шахри синаи сохибдилон чуй. Арбоби Заврони

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)