Бахшҳо

“Амри маъруф”-и Абдуқаҳҳор ба “фанатик”-ҳои фаъолу зиёиёни хомӯш

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, бо нашри як матлаб аз фаъолии “фанатик”-ҳои нимаколасаводнок ва хомӯшии зиёиёни тоҷик дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук интиқод кардааст.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, бо нашри изҳорот дар сафҳааш дар Фейсбук изҳор доштааст, ки “фанатик”-ҳо дар ин шабака минбарро аз зиёиён гирифтаанд: “Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан Фейсбук як зумра нимаколасаводфанатикҳо корбаранд, ки тақрибан ин минбарро аз равшанфикрону зиёиён гирифтаанд. Мабодо як ҳарфе риндона гӯйӣ, ё дар мавзӯе изҳори назар намоиву сари бемағзашон қабул накунад монанди галласагони ваҳшӣ ё кафторон "ҳуҷум" мекунанд. Онҳо ба дилхоҳ ош, ош қатиғ ва ба дилхоҳ суҳбат ҳамроҳ шудаву насиҳату васият ва ҳатто таҳдиду такфир менамоянд”.

Оқои Абдуқаҳҳор мисол овардааст, ки рӯзи гузашта дар бораи Авастову Зардушт , ки таъриху фарҳанги пурифтихорамон аст, маълумоте доду аз ҷониби “фанатик”-ҳо “борон”-и таҳқиру маломат ба сараш рехт: “Инҳо, ки “Қоидаи бағдодӣ”-ро ғоибона ва бо ҳуруфоти кириллӣ “хатм” кардаанд, ҳатто аз номи шариат фатво медиҳанд. Аҷобаташ боз дар он аст, ки 24 соат дар шабакаанду намедонам кай масҷид мераванду кай намоз мехонанду кай ниёиш мекунанд. Кофарро мазаммат мекунанду ихтирои кофар интернетро минбар”.

Ба гуфтаи муаллиф аз ҳама аламовараш ин аст, ки зиёиёни мо ба хотири он ки дар “рӯйхати сиёҳ”-и “фанатик”-ҳо наафтанд, садо баланд накарда таҳаммул мекунанд.

Абдуқодир Абдуқаҳҳор дар хитоб ба зиёиёни хомӯш навиштааст:

Таҳаммул гар чи маҳмуд асту нафъи бекарон орад,
Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.


Ба гуфтаи директори китобхонаи ба номи Лоҳутӣ “бетарафии мо буд ки аз дасти ин чалласаводони тахтаришу бузришу кӯсариш Империяи Сосониёну бузургдавлати Сомониёнро аз даст додем. Ҳамин мутаасибон Рӯдакиро кӯр карданду Фирдавсию Синову Носирро дар ба дару бе хонаву дар. Ҳамин ҷоҳилон пеши раҳи олиму ихтироъро гирифтаву Фарангро пешгом намуданд”.

Дар охир Абдуқодири Абдуқаҳҳор фанатикҳоро гунаҳкори ҷавонмарг шудани демократия дар Тоҷикистон хондааст: “Ҳамин фанатикҳо Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданду демократияи ҷавонро ҷавонмарг. Ҳаминҳоянд, ки Ироқу Шомро аз хуни мусалмон оғӯшта карданду Ислому мусалмонро дар ҷаҳон беобурӯ. Ва боз чанд ҳаминҳои дигар...”.

Мӯҳр
Неъматуллои Нурулло
Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз зумраи рузноманигорони шинохта, шахси миллатдуст ва босавод.... аст, ки инро ҳама эътироф кардааст. Дар ҳар куҷое, ки кор кардааст ҳамеша аз руйи адолат ва профессионализм...кор ва амал кардааст. Онҳое ки маънии гапҳои Абдуқодири Абдуқаҳҳоро хуб дарк накарда, ба қавле ҷавоб навиштаанд, маълум мегардад, ки на танҳо савод надоранд, ҳамингуна миллату Ватанро дуст намедоранд. Модоме, ки чунин аст, беҳтараш, ки хомуш бишинанд ва худро шарманда накунанд. Охир, дар сурате, ки ба касе ҷавоб навиштанӣ мешавӣ ва маҳмадоноӣ мекунӣ, чаро номатро пурра наменависӣ?!...Маълум мегардад, ки шахси бесаводӣ, тарсончак ва шайтон...Вагарна, дарк кардӣ, ки Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз таърих ёдоварӣ карда, ки инро шумо барин бесаводҳои миллатношинос бифаҳманд ва ба худ оянд...Минбаъд, аз "Озодагон" хоҳиш мекунем, ки касе номашро пурра наорад, сафсатаҳояшро чоп накунанд, то обруи Шумо ҳам мисли ҳамин "ҷавобнависҳо"-и дуруғном коста нагардад.

Рафоат Саидахмадова,
Хонум Рафоат, суханони бисёр бамаврид гуфтаед. Онҳо сад дар сад дурустанд. Фақат бо ҳаофҳои кирилӣ менавистед, беҳтар мебуд, зеро он ғофилони кӯрсаводи хурофотӣ чӣ донанд ҳарфи лотиниро! Банда садҳо бор шукронаи Худо мекунам, ки он бузришон соли 1992 ба мақсад нарасида, саркӯб шуданд, вагарна ҳоло ҳамаи мактабу театру китобхонаҳоро мебастанду китобҳоро оташ мезаданд. Занҳо зоғ барин сиёҳпӯш шуда нинза барин мегаштанд. Муаллиф рост мегӯяд. Бештари зиёиён бетарафу тамошобин шудаанд. Ин дар ҳамин торнаму ҳам дида мешавад. Фақат се-чор нафар тарафи муаллиф шудаанд, дигар ҳама хурофотиҳои мардикору аробакаш ба ӯ дарафтодаанд. Ҳушёриро аз даст надиҳед, мардум! Об аз сар гузашт, он гоҳ дер мешавад.

Дар ин бахс хам фанатикхо фаъолтаранд. Ба ин марди рушанзамир чун кафторхо дарфатодаанд. Окибати ватан ба чнин фанатхо бахайр бошад. Ришу куртаи дарози сафед хануз нишонаи мусулмони нест, Хазорсола рах аст аз ту то мусалмони!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)