Бахшҳо

Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ва баҳси Амонуллозода бо Эшони Нуриддинҷон

Се рӯз пештар дар Ютуб (YouTube) наворе бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” гузошта шудааст, ки ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Одноклассники, “сайр” дорад ва мавриди баҳси зиёди корбарон қарор гирифтааст. Ин намози ҷаноза ду ҳафтаи қабл дар маҳалли “Оли Совет”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шудааст.

Асли баҳс сари ин аст, ки наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ аз рӯи васияти падарашон барои гузоштани намози ҷаноза Эшони Нуриддинҷон, яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишварро, даъват кардаанд. Вале Ҷамолиддин Амонуллозода, ки гуфта мешавад писари муфтии собиқи Тоҷикистон будааст, монеи пеш гузаштани ӯ мегардад ва мегӯяд, “Ҳазрати Эшон, ин ноҳия соҳиб дорад. Дар куҷое аз ноҳияи Рӯдакӣ намози ҷаноза аст, касеро намемонам, худам мехонам.”



Амонуллозода дар идома таъкид мекунад, ки Ҳоҷӣ Қурбоналӣ муриди падараш буд ва ӯ намегузорад, каси дигаре дар намози ҷанозаи ӯ пеш бигузарад. Ҳарчанд Ҷамолиддин Амонуллозода Эшони Нуриддинҷонро барои “фитнаандозӣ” муттаҳам мекунад, ӯ танҳо бо изҳори “астағфуриллоҳ” қаноат варзидааст.

Дар ин намози ҷаноза, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва бархе аз муовинонаш низ ҳузур доштанд, ҳамроҳи Эшони Нуриддин ба гӯшае рафта менишинанд, то баҳси кӣ пеш гузаштан дар намози ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ ба поён бирасад. Дар ин навори видеоӣ, ки 18 дақиқа тӯл дорад, дида мешавад, баъзе аз ҷамъомадагон аз ҳузури Ҷамолиддин Амонуллозода, имомхатиби масҷиди Ҳазрати Маволонои ноҳияи Рӯдакӣ норизоӣ карда, борҳо хоҳиш мекунанд, то бигузорад, Эшони Нуриддинҷон ҳамин намози ҷанозаро адо кунад. Ҳатто яке аз наздикони Ҳоҷӣ Қурбоналӣ бо садои баланд мегӯяд, ки “ин майит аз они мост ва мо касеро хоҳем, намози ҷанозаро мехонад”.

Ин видео дар ҳоле сабт ва ин навор дар ҳоле ба майдони баҳс кашида шудааст, ки Эшони Нуриддинҷон тайи се соли охир мавъиза ироа намекунад ва аз имомхатибии масҷиди “Муҳаммадия” низ барканор шудааст. Дар гузашта ин рӯҳонии шинохта қабл аз ҳар намози ҷумъа амри маъруф мекард ва диски сӯҳбатҳои ӯ аз ҷумлаи серхаридортаринҳо буд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Барои чи шархи маро дохил накаденд

муслима питер
Эй мардуми нохияи Рудаки садкаи олимон шавед эшони Нуриддинчон зарурат ба шумо надорад лекин ба хотири эхтиромоти маийт рафта аст Амонулозода ба ислом хеч хизмате накардастхоло ки фарзандаст...........

МАСЧОХИ
ИН ХОЛАТ ДАР ХАМА ДАВРУ ЗАМОН БУД БА ТАЪРИХ НИГАРЕД САРГУЗАШТИ ИМОМИ АЪЗАМА БИНЕД БА ХАМИН ХОТИР БА ГУФТАИ БАРОДАР МАРДУМ ХУД САРРОФАНД ГАВХАРРО АЗ ХАРМУХРА ФАРК МЕКУНАНД ТАНХО БА ИН МУЛЛОХОИ ХУКУМАТИ ГУФТАНИЯМ КИ БО МАРДУМ БОШЕД Э АГАР ИНХЕЛ ЧАСОРАТМАНДУ БОЧУРЪАТ БОШЕД МИНБАР ДОРЕД ЧАРО ХУКУМАТДОРХОА НАСИХАТ НАМЕКУНЕД? ЧАРО ШАРОБА ХАРОМ ЭЪЛОН НАМЕКУНЕД? ЧАРО ЗИНОВУ РИБОВУ РИШВАРО ХАРОМ НАМЕГУЕД? ШУМО ИСЛОМИ АЗИЗА БАДНОМ КАРДЕД АСТАГФИРУЛЛОХ

Ин Чамолиддин чи тавр пешвост, ки аз куфр гуфтан дар назди Худованд наметарсад. Хидояткунанда факат ва факат Оллох аст на эмомали ва на каси дигар. Ин муллохои каллоб фардо ба кадом сирату сурат дар назди Худованд хозир мешуда бошанд?

Ахмади Фархори,
бояд Амонуллозода, Эшона пешба таклиф мекард бародар

Пешвактхо хамин хел коида буд. Хаммаи чанозахонхо дар саф меистоданду, муллои деха аз сохибони маит мепурсиданд, ки киро пешдаро таъин менамояд (шахсан чандин чанозахоба иштирок намудаам, хешу акрабою бобою бибию падару модарамро гуронидаам.). Сохиби маит касеро мехост бо хости худ ё васияти маит пешдаро таъин менамуд. Лекин шахси пешдаротаъиншуда акл дошт, агар медид, ки дар чаноза нафари муътабартаре бо илму дониш хузур дорад, хатман ин шахсро ба чои худ таъин мекард. Агар ин уламо рози мешуд касе садди рохаш намешуду вай чанозаро мехонд, дар бисер мавридхо ин уламо хамон таъингардидаро дастгири мекарданд, осмон ба замин фуру намерафту чаноза бе гапи зиёдати хонда мешуд.
Лекин ин домулоро садкааш шавам барои ичрои ин тартиб ичоза хам надод, ку! Бечора Эшони Турачонро намонд, ки лаб кушояд!
Инчо боз як гапи дигар хам хаст, БЕХУРМАТИИ дидаю дониста, ки фикр мекунам бе окибат нест!

Хайрхох
Шумр муллохо то кай бахри як сомониву як гилеми кухна бахри хам низох меандозед, ай худобехабарон, охир мурда сохиб дорад, чизе гуяд бояд кобили кабул бошад1 Худованд хамарог аклу фаросат ва хидоятгар додаааст1

Сафар
Ана хамин муллохои беаклу бефаросат мардумро бо гуру киёмат тарсонида аз хондани фанхои дуняви,ки барои миллат аз гуру киёмат зиёдтар заруран аз рох мебароранд.Холо он,ки иншабуруз бояд хонандаи точик аз чугрофиёву адабиёти аврупои сар карда то Чину Мочин хамаро донаду хонад,лекин сад афсуз ин хел нест.Мо ба хондани чунин киссахои афсонавии "Киссаи Амир Хамза" ва амсоли онхо,ки сад фоиз аз афсонае бе нестанд машгулем!

Сафар, руятро сиёх карди сафар! касти ассо аз муссо гуфтани матали халки барин киро ягон мулло аз омузиши илм гардондааст? агар ягон бесовод мисли ту бошаду худро мулло гуяд, ки чунинхо дар чамъияти мо зиёданд, ин айби кист? боз хам айби хамонест, ки хохиши хондан надорад. Дар ягон давру замон чуяндаи илмро касе пешашро гирифта натавонистааст, ки имруз гирад. масалан пеши туро ки гирифтаст, ки дар катори илми дуняви агар дошта боши, аз илми ухравиро биомузи? танхо дар холати бархурдор будан аз ину аз он, ту метавони хамучун сохибилм сухан намои, ки ин холатро ман дар ибрози акидаи ту намебинам. Чиро афсона бояд хисобид ва чиро таърих ту холо фарк гузошта наметавони, ки ин холатро низ аз навиштахоят маълумаст.

Хайр...
Ҷамолиддин Амонуллозода. Тбарои мансаб шуда худро беобу ру карди. Наход дар чаноза таърифи чаноби оли бошад. Эшони Нуриддинчон ту дар дили мардум чой гирифта и ту бояд бо чунин ахмакхо мубориза бари!!! Мо ботуем Эшони Нуриддинчлн.

Иззат
эшон нуриддин зинда боши

бандаи Худо
Мна муриди падармай гуфта сохибони майитро намемонад ки
Онхо худ касеро интихоб кунанд е фасияткардааст худи он кас ки домуло Нуридинчон хонад ва ин шарманда бошад фитна барпо кардаву чанг мекобад то ки захрашро чаконад
Ба Домуло ин бисер шармандагист бисер аблахист ина ки хатиби Масчид кардааст ин Худозадаи худобехара мардумам
аз ин рози нестан боз аз паси ин аблах намоз мехонанд ин
бояд хамонруз сохибони майит аз масчид пеш мекарданд то ки дигар нохияи Рудакира сохиби накунад чамолоки хокзанак хушомат зада пеши калонодаки аз вазифа сабукдуш накунанд гуфта аз сарат мона вазифат Хозир вакте шудааст ки дар чои шерон рубахон гашта истодаанд

Бенямин
Шох сояи Худованд дар замин асту "Дуст доштани ватан аз гушаи имон,ин муллохо гузаронданд,чои бахсашона ефтанд...ин мавзуье нест ки сар вайрон кунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)