Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
Дангара
Шукронаи чунин ватанро кунед.

Ватандуст
Хеч кас нотинчииВАТАНРО намехохад Ман тарафдори сокини пойтахт Хусрав Шумоён ба пеш нигох карда рох раветон Ари 21 шармандаги ХУШОМАДГУИ ПОРАХУРИ МАХАЛГАРОИ,,,,,, шукрона

darvesh
in mardum kay bo akl meshuda boshad?

Падарат,
javobi igvogaronro dodi barodar.inho chand nafar boshand?

Вакте,ки дар махбасхо шиканча дода мекушанд.Ва ба кушадахои онхо,ордену медалу вазифа метиханд Шукрона мекунед?

25. вакте дар Донишгохи милли ректору проректорхо ва аз 15 декан 11 тояш аз хамшахрихои президент хаст бояд шигоона кунем?
26. вакте рохи стандарт бо самти Дангараву Кулоб бепул ва рох ба суи Сугд пулаки хаст бояд шигрона кунем?
27. вакте амалдорхои давлати (хатто вазир!) бо забони адаби гап задан наметавонанд ва солхои тулони кор мекунанд, бояд шигрона кунем?
28. вакте дар вазорати дифоъ 85 % вазифахо дар дасти хамшахрихои шумост ЧО шикрона кунем?
29. вакте бо вазифаи мани пофессори 57 сола 400 сомони маош мегирам, шигрона кунам?
30. вакте Убайдуллоев 18 сол раиси шахр мешавад ва писархояш дар вазифахои баландтарин ва бо бачахои шумо мусобика мекунанд боз хам шигрона кнем!.....
Хуб шудаст ЧО шигрона мекунем, вале шуморо дуст намедорем ва ба хамин шигрона мекунем, ки шумо дуст доштанро хадди акал аз мо нагирифтед!

ШУКРОНА КУНЕД ИН ХАМ МЕГУЗАРАД

парвиз
бародар саволлои хуб додед аммо ин хукуматдоррон дар холате зурашон бииояд дарав худро дар дин чо мекунанд ва дарав калимаи ШУКРОНАРО истифода мебаранн Ин калимаи ШУКРОНА аз дин аст на ин ки аз демократия давлати демократи бояд канкретна кора буд кунна дар дигар давлато и калимаро истифода бар механдан чункии хукумат ки худро аз дин дур мекунаад набояд суханои диникати худро аз парблема чудо кунад барои амин набояд шукрона гуфт чун ки ин худ я гунох аст дар холее халк азоб кашидестай шуммо хукуматдоро ба лексусу таёта ва дар маишат бошед ... танхо шукрона дар у холат кардан даркорай кии хамма ободи боша ... охир меган точикистон ободайй нааа хато мекунен точикистон ин як душанбе нест тамоми чоро дар назар гиред помир хучанд кулоб хамаро обод кунед ки халки помир дар помир кор биовав ай кулоб дар кулоб аз хучанд дар хучанд ... ана он вахт шукрона кунед гуед тугри мегирад охир мо дар давраи кадим зиндаги намекунем пешравииои дигар давлата бинед хато калимаи ШУКРОНАРО намедонанд аммо давлат ободаст маро гиря меояд ки вахте мо точико дар руссия аз киргизу узбакда пастем ....

ДАВОМАШ ... саволи ман ба чаноби олии чунин аст ОЁ ШУММО ЯГОНБОР ШАРУМ КААРДАЕД ДАР ПЕШИ ДИГАР ПРЕЗИДЕНТО ?? ОЁЁ АМИН САВОЛРО ШУММО ФИКУР МЕКУНЕДД .... ШУМОРО НАМЕДОНАМ МАНН МЕКАФАМММ АЗЗЗ ЗИКИРА ДАР НАЗДИ ХАЛКИ БЕГОНАА .... МАН ХАЙРОН ЧАРО ШУММО ХУКУМАТДОРО ДАР ФИКРИ ВАТАН НЕСТЕДД ЧАРООО ? ЧАРОО??? БАСС БУДАГИСТ ТО КАЙ МО ТОЧИКО ЧАВОННОИ ЁШ ТАРКИ ВАТАН МЕКУНЕМ ТО КИ ПАДАРУ МОДАРАМОНРО ХУРОНЕММ ,,,,...., ЧАНОБИ ОЛИ ШУМО БОЯД ШУКРОНА КУНЕД КИ АХОЛИИАТОН ХАЛКИ МУСАЛМОН АСТ ВА ФИКРИ ПАДАРУ МОДАРАШРО МЕКУНАД ПУЛ МЕЁБАД ВАЙХОРО МЕХУРОНАД . ХОЛО ОН КИ АГАР АЗ ЧИХАТИ ИСЛОМИ НАГИРЕМУ АЗ ЧИХАТИ ДЕМОКУРАТИ ГИРЕМ МАН БОЯД ЗИНДАГИИ ХУДАМРО СОЗАММ ВА БА ПАДАРУ МОДАР КОР НАГИРАММ ВА ОНХХО ДАР ДУШИ ДАВЛАТУ ХУКУМАТ БОШАН БОЯЯД АММО АГАР АХОЛЛИ МУСАЛМОН НАМЕШУД ФИКРИ ПАДАРУ МОДАРО КАМ МЕКАРДАН ТО ХОЗИРА МА БОВАРИ ДОРАМ КИ ЯГОН ПАДАРУ МОДАР

Салом ба хамаи хонанадагони азиз, маколаи хубе буд аз забони як шахрванди дилсуз, чаро факат ба оромиш ва амният ахамият медихем вале аз ошкор шудани камбудихое ки ба пешрафтамон зарар мерасонад метарсем? дар чомеае ки аз камбудихо гап зада нашавад наметавон умеде аз ояндаи хубаш дошт ва ..........

Агар мардуми бе барк дар хонахо свет надоранду барои гарми хезум намеёбанд ва чангалхои дошта решаашро гум кардаст ва ангишт зери хок хобидааст хукумат онро дастраси мардум карда наметавонад ва ман тахти шохиро гирифта ба хеч кас намедихам ва мардум кашоктар шудаистодааст шумо шукрона мекунед?

Бе тагдир
Гоххо фикр мекунам, ки миллати точик бадтарин миллат дар назди Парвардигор будааст, ки ин кадар азоб мекашад ва боз"шукрона"?!
Дигар давлатхои Осиеи Миена баробари мо истиклолиятро ба даст овардаанд, аммо бубинед онхо ба кучохо расидаанд ва мо то хол оби ошомидани надорем!
"Миллате,ки дар як мох як маротиба оббози мекунад"(с) Д. Атовуллоев.
Дар ЧТ захирахои обби, ангишсанг чунон бисёранд, ки 1000 сол ОМ таъмин мекунад, аммо дар мо бе барки, бе оби, бе гази......эй кош дар Афгонистон таввалуд мешудам(((

Вакте кисме аз марзи Точикистонро мефурушанд, Шумо шукрона мекунед? Вакте чазирхои Шумо ба оддитарин саволи мардумм чавоб дода наметавонанд, Шумо шукрона мекунед? Вакте чавонони точик хонда ва навишта наметавонанд? Шумо шукрона мекунед. Вакте ки мадраса ва масчидхоро мебандан ва чавоноро ба масчид рафтан маън менамоянд, Шумо шукрона менамоед. Вакте милисахои точик шахрвандонро ба тухмат хабс карда бо задан мекушанд, Шумо шукрона мекунед. Вакте тичорати касеро кашида мегиранд, Шумо шукрона мекунед? Вакте Шумо ба нохияе сафар мекунед яксола бучаи нохияро колину обу арак барои мехмондории Шумо мехаранд, Шумо шукрона мекунед. Вакте муллохои дарбори хидоятро аз Худо надониста аз Шумо медонанд, ва аз Худо наметарсанд, ки ин ширк аст, Шумо шукрона мекунед.

Мухочир аз Маскав
Эй мардуми беаклу бетамизу бефарханг!!!!! Касе ба ин гуфтахои Шумо диккат надодаасту намедихад Бехуда вакти кимати худро зоеъ накунед.
Ва эй мардуми ситезакор! То кай моро аз чангу нотинчи метарсонед? "Шумо дар бораи кадом "тинчи" гаштаву баргашта сухан меронед ? Чаро аз чизи набуда харф мезанед, Тинчи хеч вакт набуд ва намешавад. Даст кашед аз ин афсонабофихо! Нисфи мардум дар гурбату мардикори ба сар мебаранд,(шукр гуфта) бокимонда ба як лаби нон мухточанд Шукрона ба чой оварда) "ТИНЧ" Хасан аст тинч Алимардонов аст. Мо тинч нестем, мо гирифторем мо муфлису бенавоем, мо беобруй хастем, шухрати мо аз даст рафтааст Ин хукумат чашми мардумро тарсондааст, то кай тинчиро тараннум мекунед?
Шумо мачбур сулх бастед мухолифинро фиреб дода. Аминам, ки рузе мерасад ва чавоб хохед дод

Алик,
Алик,
Падарат, ту чухути ! онхо дар аввали пайдоиши ислом акдигарро МАХМАДДОНО (Мухаммади доно)гуфта дашном медоданд.

Дилсухта
Албатта шукронаи Ватан мекунем мо хама! Аммо чй тавр шукрона кунем, вакте ки баъди туйи аруси хамон шаб аз хона шахи(домод) 4-соатаро ба зури, хукукхои конститутсиониву граждании уро вайрон карда гирифта мебаранд ба хизмат! ягон макомоти хифзи хукук тарафдори мардум нест, чи тавр шукрона кунем? Ман фикр мекунам Чаноби Оли аз бисёр чунин ходисаву холатхо бехабаранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)