Бахшҳо

Абдулқодирзода дар бораи Имоми Замон ва тафриқаандозӣ

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз тафриқаандозӣ миёни мусалмонони кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи 14 март ҳангоми адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “ҳоло бархеҳо мегӯянд, ман салафӣ, ман шиаи исноашарӣ ё таҳририяю ман наҳзатӣ. Хоҳиш мекунам, Исломро тақсим накунед, чун ин тақсимкунӣ хатари сахт дорад.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таъкид кард, маҳз дар натиҷаи ҷудо кардани мусулмонон ба шохаҳо ҳоло ҷаҳони Ислом оромӣ надорад: “Имрӯз душман бо дасти худи мусулмон хуни мусулмононро рехта истодааст, ки ин ҳама дар натиҷаи қисмат кардани дин аст.”

Инчунин Сайидмукаррам Абдулқодирзода аз амали шахсони ба вуҷуди Имоми замон бовардошта, сахт ибрози ташвиш кард. Ӯ гуфт, ҳоло ин афрод ба бархе сокинон мегуфтаанд, ки агар ба имоми замон бовар надорӣ кофир ҳастӣ: “Ман шахсан бори аввал мешунавам, ки Имоми замон кӣ ҳасту чист, бори нахуст аст, мефаҳмам, ки агар ба ин имом боварӣ надошта бошӣ, кофир ҳастӣ. Магар ин ҳама гузаштагони мо кофир буданд?!” Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон боварӣ ба Имоми замонро аз зумраи ақидаҳои бегонаву ботил хонда, намозгузоронро даъват кард, то аз ин гуна афрод эҳтиёт бошанд.

Ӯ афзуд, “то замони зуҳури ин ҳама равиягароию ба шохаҳо тақсим шудани пайравони Ислом, мусулмонон яке аз пешрафтатарин қишр ба шумор мерафтанду дар ҳама ҷо комёбу муваффақ ва иззатманд буданд. Вале аз вақти ба шохаҳо тақсим шудан, хорию зории онҳо шуруъ гардид.”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар охир аз суханони паёмбар иқтибос оварда, сокинони кишварро даъват кард, ҳамеша пайравӣ аз аксариятҳо кунанду ба гуфтаҳои бархе гуруҳҳои тундрав, ки боиси нооромии кишвар мешаванд, гӯш надиҳанд: “Пайравӣ бояд аз аксарияти мусулмонон кард, чун Худованд аксариятро азоб намекунад. Гӯсфанде, ки аз рама дур монад, гург аввал онро шикор мекунад.”
Мӯҳр
ШУМО АЗ АВВАЛ КИТОБ ХОНДАНРО ЁД ГИРЕД

Иброн
Шайх аз пеши худат гап набоф! Ягона такягохи давлати точикон дар сиёсатхои чахони хамин хонадони баландовозаи пайгамбари ислом хонадони Огохониён аст!Аз дастгирии инхо низ махрум-мешавем чи!Бо ин суханхо Иронро аз Точикистон дур карди бас нест!Холо он,ки мо ба онхо ниёз дорем,онхо як сари муе аз кишвари кашшоки мо ниёзе надоранд!Як ба суханронии Огохон дар парлумони Канада байни депутатхои харду палатааш нигох кун чи гуна аз ислом дифоъ мекунад ва чи гуна аз корхои бади тафрикаандози аз чониби кишвархои гарб интикод мекунад!Парлумон аз чой хеста барои чунин сиёсатмадори тозаандеши мусулмон карзак зад!Якумин сиёсатмадори мусулмонтабори дар 80 соли охир дар ин парлумон баромадкарда ва аз ислом дифоъкарда!

Ба номи Худои нихоят мехрубон ва бахшанда ! Дуруди Худо бар Расули гироми (с) ва ахли байту асхобони покаш . Ассалому алайкум бародарони мусулмонам , ман навиштаи Абдулкодирзода ва шарххои яко - яки Шуморо хонда мехостам аз худ низ чизеро бинависам , ки озори ягон кас набошад . Аввалан хамаи Шуморо ба муносибати Наврузи хучастапай табрику муборакбод намуда барои Шумоён тансихати , рузгори тинчу осуда , ризку рузии фаровон, ухуввату тиффоки ва имони комилро хохонам .
Сониян чунин иброз менамоям , риси Шурои уламои маркази исломии Точикистон бо чунин суханаш на теша ба решаи дарахти душмани задааст балки об задааст . Ман худам шахрванди Точикистон зодаи Бадахшони кухи ва аз шииёни Исмоили мебошам . Мо мардуми точики мукими Бадахшон ягон бор нагуфтем , ки касе агар пайрави Имоми замон набошад у кофир аст ва асло намегуем . Чунки мо бо бародарони ахли суннат робитаи бародарию дустии сахт дорем ва онхо бо мо .Ин робитаи мо иншоолох канда намешавад вале аз чунин суханхо худдори кардан даркор аст . Таърих гувохи он аст , ки Имомони мо фарзандони Биби Фотима бинти Мухаммад (с) мебошанд . Худи Волохазрат Хозиримом 27 феврали соли равон дар Канодо оиди хунрезии ахли тасаннуну шиа нигаронии сахт карда ва таъкид ба хотимаи он намудааст . Шарт нест , ки ман оиди хизматхои Хозиримом дар пешравии Точикистон сухан занам , чунки инро бародарони мусулмон хушбахтона бо нигохои мехрубонона шарх задаанд ва ман як чизи дигар менависам . Имоми панчуми мо Хазрати Чаъфари Содик (а) чунин гуфтааст : " Ман аз ду тараф писари Абубакр (а) мебошам " . Сахобаи бузургвор хам бобои Имомомни мо мебошад бинобар сабаб ба онхо назари бад доштан гунохи азим аст . Ман шииёни 12 имомиро намефахамам , вале гоибона медонам , ки онхо нисбати сахобахо бадбини доранд , ки инро чавоб хоханд дод. Саломат бошед бародарони мусалмон ва мо точикон дар зери партви Иллохи хамеша сарбаланд бошем . Худо хофиз.

Az hama oson, internet www.google.com, yo inki kitobe ki az tarafi Farhodi Daftari "Ta'rixi Ismoilya" navishta shudaast, xondan darkor. In kitob ba zaboni Tojiki vujud dorad, Muhtatam Mullojon! Shumo to hamin ruz chi xonded ki sazovori hamin vazifa shuded?
Magar Shumo bexabared az Safarhoi on VOLOHAZRAT ki ba kishvarhoi tarrakikarfa? Oyo shumo gazeta internet namehoned? Ba fikram shumo aslan dar borai dini mubini ISLOM tassawurot nadored va jahon bexabared! Oyo in sharm nest az dahon hamin xel gapho barvardan dar asri 21, ki asri texnologiya menomand.
Odamon dar fikri on ki zindagi dar Mars mumkin yo ne, shumo chi xeli gap mezaned? Fakat bo kitob dusti kardan darkor!

Ин шахсиятро дар айни хол сахт зери танкид карор додан дар кор нест. Нодонистан хосияти бештари марлум аст. Шояд агар бифахмад аз гуфтахои худ пушаймон шавад. Ман исмоили хастам ва бо хамин чуз мусулмони оди дигар чизе нестам. Бовари ба имоми замом дар фикри у чи будаст? Дар мазхаби мо танхо ба як Бовари даъват мекунанд - бовари ба Худои Таоло.
Имоми замон бошад дигар бовари талаб надорад, худи у зохир ва зинда аст, ва шумо аллакай бовари доред ки у хаст. Маънои имом тафсиркунандаи талаботи дин дар замони худ мебошад. Шумо агар ба ерим маънави эхтиеч надошта бошед е хело рухан бокувват е хело таккабур хастед. Хамаи онхо, ки ба худованд ва пайгамбари у боварии хаккони доранд, ва талаботи динро покдилона, танхо барои начоти рухи худ ичро мекунанд, ва фиск намегуянд,мусулмон хасанд. Шумо бошад мухолифат мекошед (шумо яъне нависандаи он суханхо дар бораи имоми замон)

sufi
az Khudo bitars ruzi qiyamat dar pesh ast ba khotiri chand ruzi mansabi dunya az dinat ghofil nashav khudat besh az digaron ba hidoyat muhtoji

khijolat bikash nadonistan joi iftikhor nadorad bidon baad bigu

Ташкилотхои Окохони- 4 дар Точикистон бояд чаноби Аблулкодирзодаро барои барангехтани хусумати дини ва мазхаби ба чавобгари кашанд. Домуллои мухтарам, ки пештар бо галистук дар Дастгохи Раиси чумхур кор мекард, наход намедонад, ки Чаноби Оли чанд маротиба бо Имоми Замон ба Бадахшон омада буданд. Ин тангназарии як шахси рухонии рохбари ниходи ба давлат наздик мебошад, метавонанд чунин изхоротхо ба суботу вахдат, ки мукаддасоти арзишманди милли ба хисоб мераванд, зарар расонад.

Мусулмон
Офарин ва сад аҳсан ба Саидмукаррами Абдулқодирзода барои ҷуръату матонату мардонагиашон, ОФАРИН ! Мутаасифона айни ҳол дар мо шахсони камсавод сари мансабҳо кам нестанд, лекин онҳо ҳеҷ гоҳ қоил намешаванд, ки бесаводанд. Аммо мӯҳтарам Абдулқодирзода ба тамоми ҷаҳон нишҳон дод, ки то кадом дараҷа аз илми дини мубини ИСЛОМ дур аст. Офарин иқрор шудани бесаводиву бесалоҳиятии худ ҳам ҳунар аст. Иқрор шудан хуб аст, лекин мутаасифона тамоми Ҷаҳон ба ҳоли мо механдад, ки чи гуна "исломшиносон" дорем.

кулоби бачча 786
786
Салом бар хонандагон ва раиси ШУИТ,
моро хаму бузургтаромон аз 20 то 25 соли пеш то хол, мегуфтанд ки Эмоми Замон хазрати Махди дар охири замон меояду бо Даччол сардори мунофикон ва номусулмонон мубориза мекунаду дунёро пур аз адлу дод мекунад, бояд бовар дошта бошем. холо ту аз кудоми гузаштагон мегуи ва аз кадом китоб ки бовар надоштанду надоранд?
Аммо дар бораи аксариятхо ва пайравии аксариятро кунед ва ... огои Раис инро хам ман ба ту бигуям ки Куръон бихон намедони тарчумаша бихону аз худат босаводтарода мурочиат куну пурс, айб надорад намедони ёд мегирен,
дар Куръони Карим оятхои зиёд аст ки мефармояд (аксарухум ло яъкилун, Аксарухум ло яшъурун сураи 1\ ояти12. ва 1\18 ва. 1\30 ва 1\78 ва 1\80 ва 1\100 ва махсусан ояти 124 сураи Ал бакара ва оятхои .... дар чойхои дигар хам аз Куръон омадааст ки, Аксари мардум ба дузах мераванд, дузахтиянд ва ...) о ту як кам хайё кун изо бкаш. Чаро мардумро инкадар бе аклу бе хирад мехисобию фиреб мети. О мардум алакай Куръонхои точики ва русси ва дигар забонхоро дар хона дар мактабу дар донишгохо мехонанд, китобхои дигар Акида ва ахком ва гайраро низ ба точики мефурушанд дигар бас кунен ин тахкиру беакл шумории мардуми точикро. Илтимос шумо дигар илми ва мухакикона сухбат кунед, мо ку хеч нестему бачахакои точики бо гайрат рафта дар кишвархои Исломи хонда омадагиян аз онхо хичолат бикашен изо бикашен. Аз донишчухои донишкадаи Исломитон агар имконаш бошад дар назар бигиреншона, унхоям я чизое мефахман охи.
Мо тура аз Худои мутаъол ва Расули мукаррамаш (ва фарзандони олимаш ки рахмату саломи Аллох бар онхо бодо) намегем шарм кун изо бкаш, не ту ба мардум рахм кун ба худат рахм кун. аз мардум изо бкаш.
Худо хаммаи мо ва мардуми мазлуми Точикистони азизамро хидоят ва рахм кунад.

Диндор
Леки Мусулмон рост гуфтай, Офарин ба Сайидмукаррами Абдулқодирзода, ки руи рост фаҳмишу донишашро фош кад. Бузургони мо гӯё ин байтҳора ба "Домулло" бахшида бошан: "То мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунаруш нуҳуфта бошад" ва ё "Пистаи бемағз агар лаб во кунад, р...о шава".

Ачоиб дар сахти баланди давлатдории дар асри 21 одамони бо мафкураи танги асри миёнаги рох ёфтанд)?( Чахон пешрафта гуфтугуй акидахо .плюрализм.хамзистии ва хамгирои.билохира дар Точикистон Вадахти милли сулху оромиро ташфик медихему. Ин одам ки як вазоифи калидии чомеаро ба худа дорад .1 дониши кофи надорад 2 аз чи будану дар кучо чи гуфтанро намедонад 3 чахонбини танг 4 дониши динии паст 5 сиёсатмадори номусоид ба чахони тахмулгарои имуз 6 одами тасодуфи дар макоми баланд. Раиси уламоро арчи зудтар бояд аз вазифа барканор намуда .Тарики рай мардум як номзади арзанда ки дониши дини дуняви .сиёсатмадор.дипломат ва мумини комил буда интихоб шавад.

Ачоиб дар сахти баланди давлатдории дар асри 21 одамони бо мафкураи танги асри миёнаги рох ёфтанд)?( Чахон пешрафта гуфтугуй акидахо .плюрализм.хамзистии ва хамгирои.билохира дар Точикистон Вадахти милли сулху оромиро ташфик медихему. Ин одам ки як вазоифи калидии чомеаро ба худа дорад .1 дониши кофи надорад 2 аз чи будану дар кучо чи гуфтанро намедонад 3 чахонбини танг 4 дониши динии паст 5 сиёсатмадори номусоид ба чахони тахмулгарои имуз 6 одами тасодуфи дар макоми баланд. Раиси уламоро арчи зудтар бояд аз вазифа барканор намуда .Тарики рай мардум як номзади арзанда ки дониши дини дуняви .сиёсатмадор.дипломат ва мумини комил буда интихоб шавад.

Марди Худо
Ба пеш Муфти хазрат ба пеш бо шиъахо!!!

муслим
Чаноби Абдулкодирзода. гапхоятон ягон далел надоранд. Ба фикри ман дар Точикистон ягон вакт байни мазхаби Сунни ва Шиа Исмоилия чанг ва бахс хам набудааст ва иншооллох чи хеле ки зиндаги карданд хамин хел мемонад. Илтимос чанг наандозед ва мумкин Чаноби оли Э.Рахмон ин мардакро аз Шурои Уламо мегирад. Имоми Замон дар Шиаи Исмоилия аз Хазрати Али омадааст то 49 Имоми Замон Шох Карим ал Хусайни. китоб хонед ва иншооллох мефахмед ки мазхаби исмоилия чист ва ягон зарар вай барои давлат ва дин ---- ранги салафия ва экстремиз надорад. Хамами тамом карди Исмоилия ба гузашти. Эхтиет кунед

Салом чоп мекунед?

Ассалом хамватанони гироми' ман хайронам агар сарвари шурои диндорони кишвар дар бораи махзоиби исломи Точикистон чизе надонад ой бар холи мардуми одди чи гуна онхо метавонанд ба хамдигарфахми расид

Дуруст гуфтед! Имомбози рох намерад ва мо хеч гох ба ин ичозат намедихем. Офарин чаноби муфти!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)