Бахшҳо
11 апр 2014 12:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Эътироз аз дахолати омӯзгорони ДДОТ ба тугмаи духтарон

Бархе аз духтарони донишҷӯ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон аз он шикоят доранд, ки масъулон ба тугмаи пироҳанашон низ дахл карда, аз онҳо баёнот мегиранд. Волидони ин гуруҳи духтарон мегӯянд, “агар чунин талаботи бемантиқу беасос идома ёбанд, аз болои масъулини донишгоҳ ба додситонию додгоҳ муроҷиат хоҳем кард”.

Зарринаи Холназар, донишҷӯи соли аввали факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” гуфт, 9 апрел масъули донишгоҳ оид ба таълиму тарбия ӯро водор кардааст, барои тугмаи камзӯлаш баёнот бинависад. Ӯ дар шарҳи қазия афзуд, ҳангоме аз долони факулта мегузашт, муаллима ӯро нигоҳ дошта, тугмаи камзӯлашро тафтиш кардааст. “Муаллима баъд аз он ки дид пойафзолам пошнаи баланд дорад ва дигар ягон камбуд дар сару либосам нест, гуфт, тугмаи камзӯлат ба ман маъқул нест. Гир баёнот навис...”,-нақл кард Заррина.

Зарринаи Холназар афзуд, ин эроди муаллима дар ҳолест, ки ду ҳафта боз дарси психология (равоншиносӣ) намегузаранд, аммо ягон масъул парвои онро надорад: “Як сол мешавад, ки таҳсил мекунам. Ягон муаллим оид ба таълиму тарбияро надидам, ки бо муомилаи хуш суҳбат кунад. Ҳамааш дағалона муносибат мекунанд. Аз ин муносибаташон фикр мекунӣ, ки дар ягон мактаби душвортарбияҳо таҳсил дорӣ.”

Хадича Холиқова, модари Заррина, дар суҳбат ба “Озодагон” аз низоми сару либос дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки барои як тугма водор мекунанд баёнот нависанду нисбат ба таълим камтаваҷҷуҳанд, шикоят кард: “Куртаи гулдор, юбкаи дароз, туфлии бе пошна напӯшед мегӯянд. Бо мегӯянд, ки атри қиммат занед, ман ҳеч ин низомро нафаҳмидам. Мо ҳам ҳар рӯз аз куҷо пул меёбем, ки ин ҳама талаботи Донишгоҳро иҷро кунем. Ҳар рӯз баъд аз дарс ба ҷое, ки фикри дарсро кунанд, меоянду пагоҳ чӣ пӯшида равем мегӯянд. Бас аст!”

Ин дар ҳолест, ки масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон эродгирӣ аз тугмаро рад карда, таъкид карданд, ки норозигишон бештар аз кӯтоҳии камзӯли Заррина Холназарова будааст.

Қаблан низ масъулини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон як гуруҳи донишҷӯдухтаронро ба далели пошнаи пасташон ба дарсҳо роҳ надода буданд. Искандар Аминов, муовини раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шарҳи роҳ наёфтани донишҷӯдухтарон бо пойафзоли паст (балетка) ба “Озодагон” гуфт, ин иқдом танҳо ба хотири ҳифзи саломатии онҳо мебошад: “Пойафзоли пошнапаст - “балетка” дар чунин фаслҳо метавонад ба саломатии духтарон таъсир расонад, ба ҳамин хотир мо онро манъ кардем. Духтарон оянда модар ҳастанд, роҳравҳои мо пур аз об аст, бо чунин пойафзол онҳо метавонанд саломатиашонро аз даст диҳанд. Хуб мешуд, ки пойафзоли пошнабаланд пӯшанд. Субҳи имрӯз 6 нафар донишҷӯдухтарро ба дарс иҷозат надоданд, хонаҳояшон, ки наздик буд рафта пойафзоли пастпошнаашонро иваз карда омаданд.”

Искандар Аминов афзуд, бар асоси низомномаи сару либоси Донишгоҳ ва қарори Шӯрои олимон, ки ҳар як донишҷӯ пеш аз дохил шудан бо он ошно мешавад, пӯшидани пойафзоли паст манъ шуда, либоси расмӣ ҳатмӣ аст.
Мӯҳр
Музаффарова Г
Салом ба хамаи суханварон ва сухандонон.Бехтар аст, ки суханро бо асос ва дониста гуем.Дар хакикат ДДОТ махзани илму маърифат,баъзаи асосии сурат ва сирати инсонии Чумхури аст, чунки вай омузгор тайёр мекунад.Донишчу ва омузгор бояд,ки аз дигарон ба кулли фарк кунад.Дар ин чо сарвари Донишгохро гунахгор шуморидан нодуруст аст, чун ки омузгор вакте ба дарс даромад худаш мебинад,ки дар хакикат риояи либоси расми аз руи консепсияи миллии Чумхурии Точикистон чавобгу нест, вай мачбур аст ки дар ин бора сухан кунад ва либоси касеро мисол биёрад, ки ба талабот чавобгу нест.

Tojik
точик,

Соҳиб дорад, яъне чӣ? Ин туҳмати маҳз аст, соҳиби ин давлат ҳам мусалмон аст. Чор бедин кори худро мекунанд ва ба давлату ҳукумат нисбаташ медиҳанд. На бас аст ҳукумату давлатро ба бединӣ муттаҳам кардан.

гоибхон
Дируз маълум шуд, ки апаи Зарринаи Холназар корманди "Озодагон" будааст.

Декани факултет посух медода бошад?

Modari Sarina agar kur naboshi yak marotiba ba daromadgohi Donishgoh nigoh kun. Dar baneri kalon liboshoi tavsiyavii donishjuyon ovezon ast. Atri qimmatta zur bofta barovardi. O ba in xel safsata xudat Zarina, modarat va hama ahlu avlodata sharmanda kardi. Dar tamomi nosozihoi jahoni tanho ana hamin xel jurnalistoni igvoangez gunahgorand. Agar dar haqiqat ozodagon boshed 4op kuned agar ba nom ozodagon boshed jazoyatonro Xudo dihad.

AAA
Агар ба шахри Душанбе равам албатта аз ДОТ дидан мекунам, кани духтархои онхо чи гуна либос мепушанд

Зарина агар гапат рост бошад чаро номи муаллимаи ба тугмаи камзулат эрод гирифтаро наменависи?

гоибхон
чаро навиштахои маро чоп намекекунед?!

Озодагон ба рости дигар мавзуъ,ки надоранд проста барои реклама харчи сафсата навистан мегиранд. Хубаш Шумо як чизе нависед, ки чомеа аз он як чи манфиат гирад .

Апаи ягон Заррина дар Озодагон кор намекунад. Зарринаи Холназар хохари кадом як хабарнигор дар радиои Озоди аст. Модари Заррина хам хешованди Озодагон нест.

Имруз дар васояти ахбори умум бо хар бахона ва далелхои бадуруг танкит д кардани Донишгохи Оиузгори омузгор тайёр мекунанд фарзанди инсонро тарбия менамоянд. Донишгох низомномаю конуну коидахои худро дорад, агар тибки онхо мо амал накунем чи гуна муввафак мешавем. Тугмаю атри киматбахо задан дуруги махз аст. Наход раёсати донишгох тугиаю атр пурсанд, як гурух рузноманигорони низоъчу ба ин гуна тухматхо боз чанд тухмати дигар илова намуда, онро гап мекунанд

Одаму либос, хонаву палос гуфтаанд. Донишчуе ки одобу ахлоки хуб дорад, сарулибоси зебо ва шинам мепушад. Албатта, камбуди дар хама чой мавчуд аст. Вале одамони нотавонбин пеш аз хама камбудиро ёфта он хама бехбудиву пешравихое ки дар Донишгох хастанд, дидан намехоханд. Фикри мо хамин аст, ки бо рохбарии ректори мо донишгох танхо бурд кардааст. Вале кайд карданиам, ки карсак аз ду тараф мешавад. Дар оила низ бояд ба тарбия диккат дод, чунки хама чиз аз оила сар мешавад. Макола ба фикри мо маколаи фармоиши аст. Мухтарам журналистон! Бехтараш аз як гапи дупула сенсатсия накарда, барои пешрафти чомеаи чумхуриямон кушиш ба харч дихед. Туркия низ давлати мусулмони аст, аммо бинед, ки донишчуёни онхо ба дарсхои худ бо либоси расми мераванд. Оксфорду Кембридж либоси расмии худро доранд, ки аз руи либосашон шахси дидаги аз донишчуи ин даргоххои бузург буданашонро мефахманд.

омузгор
Хамин "Устодон"-и ДДОТ ба сару либоси донишчуён кор гиритфанд, ки сатхи дониши донишчуёне, ки донишгохро хатм мекунанд ба бахои ду хам намеарзад. Вой бар холи ояндаи фарзандони мо бо ин гуна озугороне, ки хатми донишгох мекунанд!

« Каблук ё иринка» ягон хел маввзуъи бахс нест. Доман фарох кардани ин мавзуъ дар Гарб боиси тамасхуру писханд мегардад. Бахс бояд мавзуъе бошад, ки ягон масъалаи мубрамро хал кунад. Доир ба масъалаи сару либос дар муассисахои таълими Низомномахо мавчуданд. Аз чумла, дар девори даромадгохи Донишгохи Давлатии Омузгории Точикистон ба номи Садриддин Айни тибки Низомномаи донишгох намунаи сару либос пешкаши донишчуён гардидааст.
Хар як муассисаи таълими аз руи Низомнома ё Дастурамали хеш тартибу низом чори мекунад. Аз чумла, дар донишгохи Истамбул зиёда аз 30 хазор донишчу тахсил мекунад, 8 дари даромад дорад, ки дар назди хар дар посбоне бо либоси махсус дар холи хизмат аст. Ягон нафар устод ё шогирд бидуни корт (ё шаходатнома) ба Донишгох ворид намешавад. Тамоми писарон ва донишчудухтарон бо либоси расми ба донишгох меоянд ва намуди зохирии онхо хаваси хар як бинандаро ба худ чалб мекунад.
Сайф

Муттассифона одобу рафторхои гайри кобили кабул миёни чавонон тез пахн мешавад. Аз сабаби дурандеш набудан ва фаросати либоспуширо надонистан як идда чавонон бо иринка гаштан, шими чинси дарида дар бар доштан ва гайраро муд мехисобанд. Дар чунин холатхо низ замон ва макони пушидани либос риоя намегардад

Зарина
Салом хонандагони азиз рости гап ман аз хаминмаколаро хондан шарм доштам ин гапо тамоман дар ягон чой рост намеояд ин дуруги махз аст ягон омузгор намегуд ки тукмаи ту ба ман махкул нест ту баёнот навис номи омузгоронро паст кардааст чаро озодагон аз бехбудии Донишгох ягон хабар наменависаду агар ягон сухани беаклонаро шунид дарав чоп мекунад

ин озодагон хамин Донишгохи омузгорира нигох карда меистад ба фикрам харруз ку мо чи айб ёбем нависем мавзумона ёбем хабар дихем хаму одамое ки бовар мекунан дар ин хабарои дуруги шумо хаму одамои бемаърифат астан дигар ки бовар мекунад дар ин гапо агар озод бошед чоп кунед нагурезед аз камбудихои худнонм,

Ин журналистон ягон маколаи рузмарра навишта наметавониста бошанд? Хамин хам навигари шуд

амина
Окилон аз паи тугма, пошна, курта... нашаванд.
Эврикаи ин донишгох хамин асту халос. Вокеан аз пошнаи паст дида ба саломатии модарони оянда ролтон зиёновартар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)