Бахшҳо

Шумо атеист, ман мусалмон. Таҳқир чаро?

Далер ШАРИФОВ

Гулнора Амиршоева, ки аз ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ном мебаранд, тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз намогузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст. Ростӣ, банда дар тааҷубам, ки як атеистро ба намози мардуми мусалмони Тоҷикистон чӣ кор бошад?! Хусусан, ҷумлаи таҳқиромези ӯ “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед” ба 99 дар сади мардуми мусалмони кишвар равона шудааст. Магар ин амал паст задан, таҳқир кардан, расидан ба номуси як мусалмон нест? Оё ин гуна ҳарфҳо кинаву адоват, нафрату бадбиниро дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад?

Ин хонуми атеист аз он шикоят кардааст, ки нисфирӯзиҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад. Ман намедонам ӯ ба куҷо муроҷиат кардааст ва киро дар ҷои кораш пайдо накардааст, ки боиси нороҳатиаш гаштааст. Аммо чанд нуктаро бояд таъкид намуд. Аввалан, дар Тоҷикистон кор аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то 5-и бегоҳ давом мекунад ва дар ин муддат дар ҳамаи корхонаҳои давлатӣ ва ҳатто хусусӣ аз соати 12:00 то 13:00 танаффус барои хӯроки нисфирӯзӣ муқаррар шудааст. Дар ин вақт мусалмонҳо, зардуштиҳо, будоиҳо ва атеистҳо аз кор озод ҳастанд. Кодекси меҳнат барои ҳамаи онҳо ин ҳақро баробар додаст. Дар масҷидҳои шаҳри Душанбе намоз бештари вақт соати 12:50 шурӯъ шуда, соати 13:00 ё 13:10 ба анҷом мерасад ва агар корманде аз идораҳои давлатӣ, вазоратҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ё ниҳодҳои дигар дар ин намоз ширкат кунанд, метавонанд сари вақт ба корҳояшон бирасанд ва дақиқае аз вақти шуморо нагиранд.

Баъдан, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои номбаршуда рӯзи ҷумъа бо реҷаи ҳарвақтаи худ фаъолият карда, аз ин ниҳодҳо шояд ангуштшумор нафарон дар намози ҷумъа ширкат намоянд. Аз сабабе ки шумо боре ҳам дар масҷид набудед, намедонед, ба ин ҷо кадом қишри ҷомеа бештар меравад, аз ин хотир интиқоди Шумо дур аз ҳақиқат аст. Ва хоҳиш, камбудиҳои имрӯзи ҷомеаро бар сари Ислому мусалмонҳо назанед!

Ба таваҷҷуҳи Шумо ва ҳамсангарони шумо мерасонам, ки ингуна амалу шиорпартоиҳо дар ҷомеа таҳқир ба ҳуқуқ ва имону эътиқоди мусалмонҳои кишварест, ки 99 дар сади онро мусалмон ташкил медиҳад. Намози ҷумъа дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон ба мисли Амрико, Фаронса, Олмон, Русия, Канада, Англия мушкилӣ эҷод накардааст ва Шумо боре шунидед, ки шаҳрвандони фаъоли ин кишварҳо барои ин амал шикоят карда бошанд? Оё дар кишваре, ки 99 дар сади он худро мусалмон медонанд, месазад, ки намоз, риш, ҳиҷоб, Қуръон, мушкил бошад? Магар ин нақзи ҳуқуқи мусалмонҳо ҳамчун шаҳрвандони баробарҳуқуқи Тоҷикистон нест?

Агар мо сар бар замин ё бар осмон мегузорем, ин ҳуқуқ, эътиқод ва имони мо мусалмонҳост. Ман аз атеистҳо хоҳиш мекунам ба Худо, пайғамбар ва намозу ибодати мо кордор нашаванд. Мо дар кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ зиндагӣ мекунем. Ман ҳамчун мусалмон ин ҷумлаи шумо “Ба ҷои куфтани пешониатон дар замин, беҳтар аст, ки кор кунед”-ро таҳқир ба яке аз рукнҳои асосии Ислом - намоз ҳисобида, онро ҳамчун амали тундгароёна медонам. Шумо агар атеист ҳастед, ин маънои онро надорад, ки ба торҳои ҳассос ва нозуки эмонии мусалмонҳо нохун бизанед ва бидонед.

Тайи чанд соли охир аз ҷониби баъзе ба қавле зиёиён ва рушанфикрон, монанди Бозор Собир, Комили Бекзода, Зиё Абдулло ва монанди хонум Гулнора Амиршоева фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳарфу шиорпартоиҳои ноҷо шунида мешавад, ки оқибаташ хайр нест. Аслан, шумо, ки Худоро қабул надоред, атеист ҳастед ё зардуштӣ ин ба ҷаҳонбинӣ ва интихоби шумо рабт дорад. Аммо шумо ҳақ надоред ҳеч яке аз муқаддасоти Исломро таҳқир кунед, бад бигӯед ва ё пешниҳоди манъ кардани онҳоро дошта бошед. Ин амали шумо метавонад ба унвони тундгароӣ ва ифротии дунявӣ таъриф шавад ва метавонад миёни мусалмонҳо хашму ғазаб ва бадбиниро ба вуҷуд биёрад.

Ман аз Шӯрои уламо, имом-хатибон, ниҳодҳои таъмини амният дар Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш мекунам ба масъалаҳое, ки адоват ва нафратро бармеангезад, расидагӣ намуда, пеши роҳи ин гуна шиорпартоиҳои таҳқиромезро бигиранд.

Ман мусалмонам ва аз мусалмон буданам ифтихор дорам! Тундгароӣ, ифротгароиро аз ҳарду ҷониб қабул надорам, аммо набояд касе арзишҳои эътиқодӣ, имонӣ ва боварҳои ману бародарону хоҳарону падарону модарони мусалмонро таҳқиру тавҳин ва нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ кунад.


Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Худованд онхои ки гумрох хастанд, Худат хидоят намо чун онхоям бандаи Ту хастан . Аз мо Мусалмонони дунё факат дуо кардан аст. Дар тамоми дунё ба мусалмонон нафрат доранд. Дили онхоро пур аст мухаббати Худро чой намо

Инсоф,
Ман аввал ба шумо салом намегуям зеро чунин шахсон ба гуфтани салом арзанда нестанд...ва дуввум ин ки давоми ҳақиқат чист? Ту ва он Амиршоева чи касед? Ва кадом беакл уро фаъоли ҷомеъаи шаҳрванди хондаст? Чаро номатро наменависи ? Худатро аён намекун ва паси парда гап мезани? Ба почтаи электронии ман навис мехом бо ту суҳбат кунам muslim_86@mail.ru


Dev
Сайф,
Otash ast,ki tu zindagi dori, agar otash naboshad,jiddu jahdnaboshad, ba umedi on sarkubihoi sohtavu nishondihandai tu inshoolloh hudo barakate nasib namegardonad!!!Ruzi daroz mardumfirebi dored, az tarozu mezaned, duzdi mekuned, pora megired, ba zani kase bo chashmi bad nigoh mekuned, dashnom az dahoni daridaaton kanda nest boz masjid meravedu lofi dindori mezaned. Injo biserihoi Dalerjonguj akallan nafahmidan,ki honum Amirshoeva chi mehohad guyad,Dalerjon niz !

Истаравшани
Гулнора Амиршоева ту бо рохи худат гард .!
Ба мардум кордор нашав ин хаки ту нест !
Ту як аз худо бехабари .
Бо ту гап намондаст .
Ту як атеист боши .

Куруши Кабир
Мебахшед бобои Далер зардушти гуфтани шумо чи маъно дорад.Камтар таърихро хон!Хамон динхои якахудои дар асоси таълимоти Зардушт пайдо шудаанд.Яхудиён кушиданд,ки худро кадимтар бароранд,лекин олимони шарку гарб исбот карданд,ки дини якахудоии пайгамбар Зардушт пеш аз яхудон баромада,дини яхуди аз он манша гирифтааст ва дар ин асос дигар динхо аз насоро то ислом сар карда манша аз Зардушт доранд.Сари масъалаи намоз ин фикри шахсии хар як шахрванд аст,мо давлати дуняви хастем ва озодем аниктараш вичдонамон озод аст.Мо Афгонистон нестем,ин миллат зиёиёни босавод зиёд дорад.

Муслим,
Бехтарин пешниход.
Хатман хаминхел кардан даркор ки ба дигарош дарси ибрат шавад. Дар асл агар нагз фикр кунем ин калима метавонад ба амнияти кишвар халал ворид кунад.
Боки ба ин бародар Худо чуръати аз инхам бештарро ато намояд.

Салом Далерчон шарипов ахсан бар ту марди худо аз ислом дифоъ карди худо туро дифоъ хохад кард рости гапам бисёрасту аммо аз шоди наметавонам хамаашро нависам

Мусулмон
Ин апаи Гулнора гузаронд ку. Як руз дар пеши Убайдуллоев пешниход кардаст, ки пули партовро баланд кунунд, бо ба мусулмонии мардум кор мегирад. Мумкин ягон заказро ичро дорад, ки мардум ба митинг бароянд

Ба Абусаид. Аввалаш ин ки дар кишвархои исломи рузи мубораки чумъа рузи истирохат аст, ва он аз рузи пайдоиши ислом хамин тарз омада истодааст. Намози чумъа хислатхои баланд дорад ва аз ин ру мардон кушиш мекунанд онро дар масочид ба чо оранд ва Худоро Шукр.Намози муборакро ин кадар гайбат накунед ба ин хак надоред. Агар атеист бошед аз Офаридгор омурзиш талабед, ки ояндаатон ва ояндаи наслатон обод шавад.

Гулнора Амиршоева , ба шумо чунин пешниход, то шахр тоза шавад раисони махалла ва е домуправленияро водор созед ки кучахояшонро назорат карда партовгоххоро сахару бегох дида гарданд, ва бо ахоли мачлис гузаронида ба онхо ва фарзандонашон фахмонед, ки тозаги гарави саломатист. Хар хафта рузи шанбе аз хар як хонавода чавон аст е пир шанбеги гузаронанд , кучахояшонро рубанд, когазхои шоколаду бюаклажкахое ки фарзанду наберагонашон дар кучахояшон бозикунон мехуранду мепартоянд , тоза бикунанд, агар хамин тарз аккалан як сол давом дихад дар шуурнокии наврасон чавонон ин рефлекс мешавадл ва кучахояшонро тоза нигах медоранд, албатта агар акл дошта бошанд.

СаидКомил
Аҳсан Далер! Ба таваҷҷуҳи бехабароне, мисли Амирчоева мерасонам, ки рӯзи Ҷумъа рӯзи саиди кулли мусалмонони дунё аст, мисли Воскресенъе(якшанбе), ки барои насрониҳои кулли ҷаҳон маҳз аз ҷиҳати мазҳабӣ рӯзи ибодату истироҳат дониста шудааст, Аз ин лиҳоз, мо ки мусалмонем, набояд дар рӯзи ибодати насрониҳо, яъне Воскресенъе истироҳат кунем, балки ин рӯз барои мо бояд рӯзи ҷумъа бошад. Бояд донист, ки калимаи Воскресенъе низ мутааллиқ ба мазҳаби насронӣ аст, ки маънои он маҳшар ё растохез мебошад, Дар ин рӯз гӯё Исо (а) зинда шудааст ва аз ин лиҳоз ин гумроҳон мегӯянд "Христос воскрес".

шумо бародари гиромикадр аз ин хафа нашавед уро чазояшро худо медихад ман шахсан уро одам хисоб намекунам. фарзанди ШАЙТОН ана мин гунахоро мегуянд.Озодагон илтимос чоп кун натарс аз ин .

Ба назарам, хар кас хукуки ибрози акида дорад, аммо дар доираи конун ва одоби муошират, ки чавобгуи анъанот ва фарханги милли бошад. Дар ин макола чизе, ки ба ман писанд наомад ва ман онро кабул намекунам, ин бачову бечо такрор кардани ибораи "чомеаи шахрванди" аст. Агар аз касе интикод мекунем, он шахсият ва ё мушкили мавриди назар бояд чойи бахс бошад. Чаро чомеаи шахраванди? Хеч намефахмам, айби чомеаи шаъхрванди ин чо чи аст? Чаро махз чомеаи шахрванди? Мехохам махсус кайд намоям, ки мафхум ва мухтавои чомеаи шахрванди харгиз мукобили хостахои мардум нест ва буда хам наметавонад. Баръакс, ин хамон сохти ичтимоист, ки барои бештар ба эътибор гирифтани афкору андеша ва хостахои тудахои васеи мардум пешбини шудааст. Илтимос, хамин нуктаро лутфан аз мадди назар дур насозед, яъне айб дар ош аст ё дар мош? Ташаккур.

Justice
Хак бар чониби муаллиф!

офарин далерчон Аллох нигахбонт боша бародар. дар хама замон мухаммадихам вучуд дора абучахлихам инхо хамон фарзандони абучахлиян бародар. инхо чояшон дар чаханнам абадист.

антипедофил
Дар кучо он 99 фоиз мусулмон? Гулнора рост мпгуяд. Аз дасти афюни араб точик руз то руз чохил шула истолааст. Ин намощгузорон 98 фомзашон ранги муллои лолазори застанд. Суханхоям асос лоранд. Шахсони зиедеро медоеам ки намоз мехонанд ваое ягон юбкаро сар намедизанд. Намоз як воситаи худнамоишдизи як навь муд шулааст. Умуман тамоми динзо мардумро чохил ва гаправ мекунанд. Акли худро кор фармоед на суханхои арабхои чохилро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)