Бахшҳо

ВИДЕО: Посухи Кабирӣ ба мухолифонаш дар мулоқотҳои “гарм”-и Суғд

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз мухолифини ҳизбаш, ки иддао доранд, ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шаваду ниёзе ба ҳизби исломӣ нест, хост, дар ин масъала ба Додгоҳи конститутсионӣ ва парлумон муроҷиат кунанд, на ба ӯ.

Кабирӣ дар охирин вохӯрияш бо интихобкунандагони вилояти Суғд, ки дар шаҳри Истаравшан баргузор шуд, гуфт, “бар асоси Сарқонуни кишвар дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд ва агар нафаре ба ин розӣ нест, бояд бо ҲНИТ ё Ҳизби коммунисту Ҳизби халқӣ демократӣ даъво накунад, мо парлумону Суди конситутсионӣ дорем, ба онҳо муроҷиат кунад”.

Ба гуфтаи Кабирӣ, ин гуна даъвоҳо бояд дар асоси қонун ва аз тарафи ниҳодҳои марбута баррасӣ шавад, на дар кӯчаҳо: “Ин баҳс баҳси кӯчаву бозорҳо нест. Мо як бор дидем, ки бо шиорпартоию баҳсҳои кӯчагӣ ба куҷоҳо расидем”.

Раиси ҲНИТ аз сокинон хост ба қадри суботу ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки дар пайи талошу заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассиси ҲНИТ ба миён омадааст, бирасанду ҳар даъвое доранд, дар асоси қонун ҳал кунанд. Ӯ дар мавриди иттиҳомот алайҳи ҳизбаш ишора карда, гуфт, ҳоло ҳар коре, ки дар олам мешавад, аз ҷумла Сурияву кишварҳои арабӣ мусулмонон гунаҳкор мешаванд, вале чаро боре касе фикр намекунад, ки дар ҳоли ҳозир дар Украина ҳам нооромист: “Дар ҷанги дуюми ҷаҳон ҳудуди 50 миллион нафар кушта шудааст, ки онро мусулмонон ташкил накарда буданд ва ё худ Ҷанги аввали ҷаҳонро. Дар Тоҷикистони мо ҳам баъзе аз расонаҳои хабарӣ мисли Бӣ-Бӣ-Сию СНН тавре хабарҳоро пӯшиш медиҳанд, ки гӯиё танҳо мусулмонону ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ гунаҳкоранд. Дар ҳоле ки бар асоси омори соли гузаштаи Созмони милали муттаҳид танҳо се дарсади амалиётҳои террористию экстремистӣ аз сӯи мусулмонон ташкил шудааст”.

Ин ҳарфҳои Кабирӣ дар ҳолест, ки як модари тоҷик дар вохурии ӯ бо интихобкунандаҳо аз бедарак шудани фарзанди худ шикоят карда, гуфт, тӯли 7 сол мешавад, ӯ беному нишон аст ва ба ин наҳзатиҳо гунаҳкоранд: “Рост, намоз хондан даркору аммо ин хел мардумро бероҳа кардан даркор нест. Дар ин 7 сол зани писарам баромада рафту падару фарзанди ӯ аз дунё даргузаштанд. 7 сол мешавад, ман азоб мекашам”.

Инчунин нафари дигаре низ аз худ варзишгар ном бурда, дар ин вохурӣ баҳсу мунозараи иштирокдорони маҷлис бо раиси ҲНИТ-ро яке аз хусусиятҳои демократия хонда, пайравони ҳизби Кабириро дар тафриқаандозӣ муттаҳам кард: “Ҳамчун варзишгар метавонам, аз номи тамоми варзишгарони шаҳри Истаравшан як ду сухан гӯям, чун демократия ҳаст. Ман бисёр шунидам, ки тавре бародари гиромӣ гуфтанд, ҳамин хел мардумро ба қисмҳо – намозхону бенамоз ҷудо мекунанд ё мегӯянд, ту аз ин ҳизб ё он ҳизб, ки ин суханҳо миёни мардум як фитна эҷод мекунаду моро ба соли 1992 бармегардонад. Ин ваҳдату ягонагӣ бо пул не, бо хун омадааст ва зиёда аз 2 миллион шаҳванди Тоҷикистон зери хок рафтааст. Ман дар бисёр ҷойҳо менишинам ва дар бисёр ҷойҳо баранда ҳастам, ҷигарҳои лахта-лахтаи модаронро дидаам, ки фарзандонашон дар Сурия меҷанганд”.

Нафари сеюм ба нашъаманд шудани фарзандаш ишора карда, таъкид намуд, ҳамаи нашъафурӯшон риш доранду Қуръон дар даст ба чунин амали номатлуб даст мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ аз ин пештар бо интихобкунандагони вилояти Хатлон, аз ҷумла шаҳри Кӯлобу Қӯрғонтеппа мулоқот карда буд.

ВИДЕОҲОИ мулоқоти Кабирӣ бо интихобкунандагон дар Истаравшан:








Мӯҳр
Ман ин наворхои вохурии чаноби Кабириро бо мардуми Истаравшан тамошо карда дар чашмонам ашк пайдо шуд ва ба чунин хулоса омадам,ки ин спектакли таёркардашуда ва рижесёраш низ бе махорат будааст. Агар дар назди Кабири нишастаги ин раиси Истаравшан бошад, пас у лоики раиси надорад, ки аз ухдаи идораи як зал наромад. Мардуми Истаравшан беодобу бемаданият будааст. Холо ин иштирокчиён активхояшон пас мардуми оддияшон аз инхам беодобтар будагист.Точикистон дорои бисёр шева хаст локин дар баромадхо хама суханони адаби кати харф мезананд. Оё мардуми Истаравшан забони адаби намедонанд, ки ба хамма шинос бошад. Мебахшед шумо мардум на инсофу на маданият надоштаед. Хайфи шумо мардуми потхалим. Чанобашон гуфта хушомад мезанед ва ман бовари дорам ки асил уро низ хурмат немекунед.Шумо обу руи худатона паст задед. Фарзанда тарбия кунед ва аз окибаташ дар амон мемонед. Дар инчо Кабири чи гунох дорад?

Коша чинда штукатурка карда метавони, фарзанд тарбия карда наметавони. Кучои ту ба модари аламзадаву мубориз монанд аст? Ту актрисаи таёркардаро мемони. Аз Кабири омузед одобу сухан гуфтанро. Шумо уро мардуми бе одобу бе маданият паст назадед, балки шумо худро пас задед. Хайфи шумо мардуми игвогар. Ман мухлиси Кабири набудам пас аз ин ман мухлиси у хастам. Шумо бо ин спектаклатон обу руи уро бардоштед. Аз руи у нур меборад, аз у минбад омузед мардуми Истаравшани бостони.

Озоди чоп кун агар Истаравшани набоши.

Афсус ки касам хурдаам, ки ба интихоботи имсола намеравам, чУНКИ АЗ СОЛХОИ ПЕШ МЕДОНАМ, КИ ОВОЗХОИ МО БА МУСРНЫЙ ЯЩИК МЕРАВАД. АГАР МЕРАФТАМ БАДИ ИН НАВОР БО АХЛИ ХОНАВОДА КИ 10- ОВОЗРО ТАШКИЛ МЕКАРДЕМ БА ЧОНИБДОРИИ КАБИРИ ОВОЗ МЕДОДАМ. МАНА БА ШУМО ПРИЗИДЕНТИ АРЗАНДА ВА ХОКСОР, КИ ДАР ДАРУНИ КИШТ АЗ БОЛОИ КОЛИН НАМЕГУЗАРАД.

Çi savolhoi bemantiku besavodona! Az şunidanai nafratam omad!

дехкон
и ябора нашачалобхорам аз хизби нахзат гуфтейсан мара аз ин хел мусалмонони дар хоби гафлат рафтаги дар таачуб меорад ки аз ислом ин кадар нафрат доран аз олимхо то омихош эй мардум бедоршен оё одамони хизбхои дигар гунох намекунан агар мефахмидед ...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)