Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Эй БЕСАВОДОН-то ба кай Шумо сатру салаю риш мегуед? Худро пайравони Шайх Темуру Домулло кирмак гуфта, торикии эмони худро намебинед! Кури то ба кай? Ё мехохед Точикистонро Сирия кунед? Не, Харгиз мардуми Точик аз холу кирдорхои Шумо бохабар мебошад, ба ном Мусулмонхо... Бехтараш илм омузеду ба тарбияи фарзандон машгул шавед- ана ин Хаст Мусулмони, ана ин аст ИСЛОМ...

Хамла ба занон хохарон модарони хичобпуши покдомони мусалмон!

Бисмиллахир Рахманир Рахим.
Ассаламу алайкум азизони дил!
Чанде пеш дар шабакаи телевизиони Точикистон барномае ба намоиш гузоштанд.Ман он барномаро аз шабакаи хабарии интернет Озодагон мутолеа кардам ва хеле норохатхам шудам.
Он барномаро ман чунин унвон кардам (Хамла ба занони покдомани мо мусалмонхо).
Дар ин барнома як чанд фохишаро бо сатр дастгир карда бошанд ва гуё хамаи фасодкориро занхои бо сатр мекарда бошан.
Ба гуфтаи онхо сатру хичоб аз фаханги миллати мо точикон нест.
Гуё сатру хичоб моли бегона бошад.
Хато устоди Донишкадаи Исломи сатр пуширо бегона параста зохир парасти хонд ва дар он барнома чандин шахсон ба маскараи хичобпуши хохарон модарони мо мусалмонхо панча нарм карданд.
Устоди азиз шумо бидонед сатр пушиву хичоб пушии занхои мо ин бегона парастиву зохир парасти нест ин Худо парасти аст.
Шумо мехохед ки занхои мо мусалмонхо дар назди шумо ба намоиш гузоранд.
Шумо аз либос пушии кадом фархангу миллат харф мезанед?
Магар мини юбка,юбка кофта,джинс танг ки тамоми узви занро намоен мекунад,атласи танги нима урён ин аст фарханги милли мо точикон?
Чаро аз инхо харф намезанед?
Магар бибихои мо дар гузашта аз джинсу,мини юбка,юбка кофта ва аталаси танги нима урён ба тан мепушиданд?
Ин тарзи либос пуши бегона парасти набудаст.?
Шумо мехохед мо мусалмонхо занхои худро дар назди шумо чашмчаронхо ба намош гузорем?Ин хаёли хом аст.

Чаро шумо инкадар зан,хохар ва модари мо мусалмонхоро маскара мекуне?
Магар шумо модар,зан ва хохар надоред?
Сатр,хичоб ин нишонаи покдомании занхои мусалмон аст.
Проблемаи Точикистон сатру хичоб нест.
Проблемаи асоси Точикистон бе кори,фасодкори,факру нодори,поён равии курби асъор,боло равии нарххо в.г.рхо.Магар хамаи ин проблемаро болои Точикистони азиз сатр пушхо овардаанд.
Чаро фохиша хонахоро намебинед.Ман худ шохид хастам дар хамин шахри кучаки мо чанто фохишахона аст чаро онхоро дастгир намекунед.

Jack
Хуб мешуд, агар як ду суханам дар бораи либосхои нимурён мегуфтанд. Рости гап бо дидани ронхову синахои нимурёнии хамкорнам худро базур то бегонира медорам. Ё ин ки ин либосхои нимурён хоси милати мост?????

Масъулони муҳтарами Озодагон ташаккур аз нашри шумо.
мо баромади роҳбари давлат ро дидем ва инсофан бояд дар фикри тарвиҷи фарҳанги деринаи худ ки барои ҳар навъ пушиш, чи мардона ва чи занона либосе таъйин кардааст, бояд ба фикри ҳифзи он бошем ва аз бегонагон пайравӣ накунем чи басо ки бегонагон бо ин кори худ бихоҳанд фарҳангу расму русуми моро аз байн бибаранд. ва эй кош ки Ҷаноби олӣ эмомали РАХМОН дар мавриди пушиши мардона ва барои ҷамъияти мардони кишварамон ҳам равшанӣ мендохтанд, магар имруз либосҳое ки писарон ва мардони мо ҳаргуна ки бихоҳанд мепушанд, оё фарҳанги тоҷикӣ он ро таъйид мекунад? ва ё ҳатто баъзе ороишҳое ки мардон ба мисли занон мекунанд ва худои нокарда заминаи ҳамҷинсгароӣ дар ҳамин хел рафторҳо ба вуҷуд меояд, оё фарҳанги деринаи мо ин корҳоро шоиста медонад?
ва аммо баҳси бисёр муҳим ин аст ки каналҳо ва шабакаҳои расмии телевизионии давлатии мо бо пахши чанд нафар аз фоҳишаҳо ки аз ҳиҷоб истифодаи бад мебаранд, набояд асли Ҳичоб ро зери савол баранд!!! хонандагони Мӯҳтарам! мо агар аз ҳиҷоби бегонагон набояд рафтор кунем ба ин маъно нест ки аз сатри исломӣ ки бо ояти сареҳи қуръони карим барои занҳои мусулмон фарз гардонида аст, сарфи назар кунему дӯрӣ намоем, ҳаргиз!! фаромуш набояд кунем ки беш аз 97 дар сади мардум мусалмонанд ва ба хусус сатр ва пушиши исломии занони мо тоҷикҳо хати сурх ва обурую шаъну шарафи мо аст ки ба дин ва арзишҳои динӣ набояд бозӣ кунем.
сарбаланд бошед.

Ватаншо
Абдуллох, ман шахсан аз руи гапхоят ба мусулмонии ту бовар надорам биё соф точикона гап зан хеч кас занхои покдомани точикро паст ё масхара намекунад ту баринхо онхоро гумрох намуда сатрпушу джинспуш кардаанд ман хамчун мард , точик чандин маротиба дида ва шунидаам,ки занхо мачбуран сатро ба сар кардаанд аз ноилочи, даъват на сатру на джинс соф аз матоъ либос бо духти точики

Сангали
итари дуруги бад чи даркорай, ин расми фоишахои даврони амир Олимхонай ку, фохишахои мн мешинохтгм хамаш сар лич, рангу бол дор ва дар пушти саршон бантик доранд, роххо да меистанд, ё дар хучрахои махсуси саунахо сигарет кашида ждат мекнан.

Муслим
"мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.- ин устоди Донишкадаи исломи аз кадом фанн дарс мегуфта бошад, аз фанни зардуштия ???....

Човид аз Сибирь
Хамин фохишахоро худшон мачбур мекунанд, ки либоси сатри ба бар намоянд ва ба фохишагию далаги машгул шаванд то, ки мардуми бесаводи мо фахманд ва аз дини мубини Ислом хорич шаванд. Мардуми мо зуд боваранд дар телевизион дуруг бошад хам бовар мекунанд. Зеро, ки Худованди мехрубон худ бо сатр буданро фарз гардонидааст ва мегуяд, ки кадоме аз ин бандахои ман либоси Исломи доранду лекин зинокорию бадрафтори менамоянд фардо дар назди ман факат аз аъмоли зинокорию бадрафториашон чавоби хеле сахт медиханд на аз сатр пушиашон. Зеро, ки инхо фарзи маро яъне пушидани сатрро ичро намудаанд. Ин факат барои дини мубораки Ислома бадном кардан аст. Илтимос ин гуфтахои маро чоп намоед.

Хамин фохишахоро худшон мачбур мекунанд, ки либоси сатри ба бар намоянд ва ба фохишагию далаги машгул шаванд то, ки мардуми бесаводи мо фахманд ва аз дини мубини Ислом хорич шаванд. Мардуми мо зуд боваранд дар телевизион дуруг бошад хам бовар мекунанд. Зеро, ки Худованди мехрубон худ бо сатр буданро фарз гардонидааст ва мегуяд, ки кадоме аз ин бандахои ман либоси Исломи доранду лекин зинокорию бадрафтори менамоянд фардо дар назди ман факат аз аъмоли зинокорию бадрафториашон чавоби хеле сахт медиханд на аз сатр пушиашон. Зеро, ки инхо фарзи маро яъне пушидани сатрро ичро намудаанд. Ин факат барои дини мубораки Ислома бадном кардан аст. Илтимос ин гуфтахои маро чоп намоед.

тохир
Хама фикр мекарданд ки то имруз на худи раиси хукумат балки атрофиёнаш ба сатру риши мардум машгул аст вале холо маълум шуда ки хама фаромнхо аз худи раиси хукумат аст. бас кунед ин корхоро, наход як раиси хукумат хама корхоро монда мушкилоти иктисодию ичтимои бекорию дарбадарию гуломии мардумро монда бо ришу сатри мардум машгул шавад. айб аст. шояд ин баромадро дигар кас тайёр кардаст вале хондани он аз тарафи раиси хукумат шармандагист.

ай хами рузтон гапотон дар зану фарзандотон намегзара, ки сатр кунан чи кор дорен ба бонувони сатр пуш!!! Коргарони амният шумо биёйен холу ахволи мухочирора бинен дар чи холанд. Як бор бозори Люблинову, Садаводу, южный варотара съемка карда дар телевизион пахш кнен ука агар ислох кор бошен. Худованд хар касе Дини мубини Исломро хор мекунад, хору залил дар дуневу охират бгардонуш( ОМИН)

Абдулло
Ҷамъияти куфр аз парешонии мост,Тараққии насоро аз ақибмонии мост.Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб,ки ҳаст аз мусалмонии мост. Инсон дар тааҷҷуб мемонад вақто,ки мебинад қонунҳои исломи аз тарафи мусалмонҳо таҳқир мешаванд мисли ҳиҷоб,риш ва дигар қоннунҳои дини.Ҳол инки мо тоҷикон ба шахсиятҳое мисли Абуҳанифа,Имом Бухори,Тирмизи,Рудаки,Исмоили Сомони,Зебунисо ва дигар олимони исломи фахр мекунем дар баробари ин мехоҳем аз ин дини пок айбҷуи кунем.Ҳамаи онҳоеки баарзишҳои исломи бееҳтироми мекунанд даъвои мусалмони мекунанд бояд эҳтиёт кунанд,ки истеҳзо ба ислом ва қонунҳои ислом куфраст чунон,ки мефармоянд. Гову хар аз огаҳи инсон нахоҳад гашту лек,Одами гар андаке ғофил шавад хар мешавад.Ҳиҷом либоси хоси арабҳо набуд ва намебошад.Арабҳо пеш аз ислом мисли баъзе аз бараҳноҳои замони мо луччу урён буданд баъд ислом ҳиҷобро барои занони мусалмон фарз кард ва ин қонун то қиёмат боқи мемонад.

Коре мекунанд хами ватана партофта хичрат карда равем, агар ягон конун зидди сатр кабул кунанд. Охи фохишахои бе сатрам лав задагияй эй мардум, якбор ваёя нигох кунен, аз худо тарсен, шумою моя бо хами чаноза аз дунё гусел мекунан, биёед як чукур фикр кунен, холу ахволи мухочироя бинен, чиба ина хал накарда хамин сатра капиден??????

Сурия
Агар мақсад аз намоиши фоҳишаҳои сатрпуш, бадном кардани Ислом ва манъ кардани пӯшиши сатр дар Тоҷикистон бошад, яқин ки оқибат ҷанг мешаваду ......

САЛОМУ ДУРУД! ХУКУМАТИ КИШВАРИ МО БОВАР КУНЕД ХЕЛЕ АЗ АСЛИ КОРИ ХУД ДУР МОНДААСТ... НАХОД ДАР ЯК КИШВАРИ ДЕМОКРАТИ КИ ХИЗБИ ХОКИМАШ (ХИЗБИ ХАЛКИИИ ДЕМОКРАТИ) БОШАДУ БА ПУШИДАНИ ЛИБОСИ ЗАНХО ВА ТАХДИДИ ОНХО ДАР РУЗИ ИДАШОН КОР БИГИРАД... ХЕХ... МАН НАВ ФАХМИДАМ КИ ОЗОДИ (ДАР ТОЧИКИСТОН) ЧИ БУДААСТ...
О ЛИБОСИ АВРУПОИ ГУЕД КАНИ!?????

нодир
Ход бигзор дар твт барнома ташкил шавад ва ба мардуми мусалмон пешниход карда шавад,ки чигуна дар асоси Курьон ва суннат сатри аврат пушида шавад.Лекин бе ягон гараз.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)