Бахшҳо

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.

Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.

Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.

Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.

Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.

Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.


АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Мӯҳр
Махмади
Калу кур , хару хингала хама АНАЛИТИК шудай. Барои чи Нахзатро банданд ? Бароеки вакте хукумат пешниход кард, то 18-сола масчид нараванд нахзат зид буд, вакте хукумат гуфт хохарону модарон Точик барахна карда шаванд , нахзат зид буд, вакте хукума пешниход кард ,ки аз оби мании марди бегона модари Точик хомила карда шавад , назат зид буд, вакте рохи аз пули мардум сохташударо як гурух шлагбавм моду бо зулм аз марду пул чам карда истодааст нхзат зид буд ва гайра инаст гунохи нахзат.

як бандаи Аллох
Худовандо, сабро бар мо ато бигардон,худат донову бузург хасти ва хамаашро мебиню ва мешунави,

..
Идрис,
Эй бовар кунед манхам тарафдори хамин хизб нестам. аз рузе,ки дар шабакахои худамон корхои кардаи хамин муллохоро дидам бовар кунед ин корхоро хато кофирхо намекунад. магар баъзеи хамин муллохо намояндаи хизби исломи набудаанд, ки бо чунин корхо даст задаанд. масъалан муовини хизби нахзати исломии точикистон дар шахри Турсунзода сабти видеоиро аз шабакахои интернетиву телевизиони нишон доданд чи гуна корхоро анчом дод ин муовини хизб. хизби исломиаш хамин бошад ба ки даркор аз рафтори онхо ки чиро меомузаду чиро ибрат мегирад. тарафдори бастани ин хизб хастам..

ин уламои мо дигар кор надоранд факад бар зиди ислом мубориза мебаранд,магар шумо дигар проблема надоред?

саидчон
МАН ҲАМАИ НАВИШТАҲОТИ ШУМОРО ХОНДАМ ВА БА ХУЛОСА БАРОМАДАМ БАЪЗЕ ШУМО НАҲЗАТРО ГУНАҲГОР МЕДОНЕД КИ ДАР ДАВОМИ 20 СОЛ ЧИ ОБОДИ АНЧОМ ДОДААСТ ОХИР КАДОМ НАМОЯНДАИ НАҲЗАТ ДАР ЯГОН СОҲАИ ДАВЛАТ РОҲБАР АСТ ВА БАЪЗЕ НАФАРОН МУНОКИШАҲОИ СУРИЯ ИРОКУ АВГОНИСТОНРО МИСОЛ МЕОРАНД БАРОДАРОН ДАР ИН САРЗАМИН ИН МУНОКИША ВА ЧАНГУ ЧИДОЛРО ДАВЛАТҲОИ АБАРКУДАРАТ ВА САЙҲУНИСТИ БАДБАХТ ҲАМАШРО ТАҲРЕЗИ МЕКУНАД ИН ДИИШРО ҲАМИН САЙҲУНИСТҲО ТАШКИЛ КАРДАН ТО КИ МУСУЛМОН МУСУЛМОН ХУНИ ЯКДИГАРО РЕЗАНД ВА ҲАМИН ҲИЗБИ НАҲЗАТ ИН ЧАНГРО МАҲКУМ КАРД КИ ИН ЧАНГИ БАРОДАР КУШИ АСТ

кулоби 786
Агар миллатхо заррае аз дини Худо ва амали ба он безори кунанд Худо баракатро аз он миллат охиста охиста мегирад факру фасоду беморихои лоалочро ба он кавму миллат бешумор мекунад.
мо бояд гунохкоронро ба андозаи гуношашон чазо дихем, на чандин нафарро ба гунохи як ё ду нафар. Адли Илохи бояд риоят шавад. Хнит мухолифи ки хаст, ё чист? Онхое ки кудратро бадаст доранд бояд маишату сарбаландии миллатро фарохам кунад. динро фахмонанд дуруст фахмонад. Чаро чавонон мераванд ба тарафи хукумати Дииш чу бо дуруг дину хукумати диниро таблиг кардан. Магар дин ва озодии дини дар мо нест? Агар хас чаро мераванд? ва чанди ?????????? Мо дорем ва дар дигар каментарияхо бд.

Довудчон
Кабири шахси пурмасъулият ва донишманд аст. Ман 100% бовар дорам, ки у аз рохбарии ХНИТ хаста шудааст. Агар ба чои у шахси дигар мебуд кайхо шикаст мехурд. Агар вай истеъфо дихад, аз ХНИТ хеч чиз намемонад Лекин хуб мешуд, ки Кабири барои якпорчаги ва вахдати сартосари миллат, конфронси матбуоти доир менамуд ва РАСМАН аз Рохбарии ХНИТ истеъфо дихад. У бекор намемонад.
1. У метавонад тахлилгари масоили сиёси бошад
2. У метавонад ба илм машгул шуда масъалаи робитаи давлат бо динро тахкик намояд
3. У метавонад сохибкори мувафак бошад
4. У дурат аз ХНИТ метавонад ором дам гирифта саломатии худ ва наздиконашро эхтиёт намояд

Дар ҳақиқат домулло Сайид Акбар дуруст қайд намудааст. ҲНИТ барои мансаби худ номи поки исломро поймол карда, мардумро ба роҳи нодуруст ҳидоят карда истодааст. Дар ислом талаби мансаб дар ягон китоб қайд карда нашудааст.

Бетараф
Алакай маълум аст,ки мардум ба ду гурух чудо шудаанд. 1.Зидхо 2.Тарафдорхо

Номдор
БОРАКА ОЛЛОХ !!!!! ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН БИНЕД, КИ БА СИЁСАТ МАШГУЛ ШУДА ХАМ ДУНЁВУ ХАМ ОХИРАТРА АЗ ДАСТ НАЗАНЕД- ДИЯ ..... " ЧУНКИ ДИН АЗ ДАВЛАТ ЧУДО АСТ " МЕГУЯНД !!!!!

дуруг гап назанен мо хама мардуми Точикистон алхамдулилох мусулмон хастем лекин дар кадом китоби худову расул омадааст, ки дар ислом хизб аст, дар ислом хизб нест, ислом дар калби хар як мусулмонаст. мо тарафдор хастем, ки фаъолияти нахзат дар ЧТ манъ карда шавад.

107
НАХОД МУЛО БАР ЗИДИ ХИЗБИ ДИНИ ГАП ЗАНАД?

ЭЙ ШАХСОНЕ КИ БАР ЗИДИ ХИЗБЕД ОГОХ БОШЕД ШУМО БАР ЗИДИ КОНУНХОИ ИСЛОМИИ ХАЛКЕД.

Мо мебинем, ки ходисахое, ки имруз дар дигар давлатхои Исломи шуда истодааст моро водор месозад, ки чунин хизбхоро бархам диехм. Махсусан ХНИТ-ро бастан даркор.

"Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)