Бахшҳо

Пешниҳоди олими тоҷик: Бемӯйҳоро кал не, “офтобсар” гӯем

Қурбоналӣ Партоев, олими умури кишоварзии Тоҷикистон бо ироаи як матлаб таҳти унвони “Манзалати мӯйи сар” ба “Озодагон”, пешниҳод кардааст, минбаъд афроди бемӯй ё каммӯй на “кал”, балки “офтобсар” хитоб шаванд.

Ҷаноби Партоев мегӯяд, вожаи "кал" дағалу гӯшхарош буда, чандон мақбул нест: “Аз ин рӯ банда таклиф дорам, шахсонеро, ки мӯйи сарашон мерезад, "офтобсар" гӯем. Яъне саре, ки мӯй надорад, ҷиллои пӯст дошта, каме бошад ҳам шӯълаафкан ба чашм мерасад”.

Муаллифи ин пешниҳод изҳор доштааст, худаш “офтобсар” мебошад ва рехтани мӯйи сарро нишонаи ирсӣ хонда, ба геноми модар вобаста донистааст: “Дар баъзе деҳаҳои кишварамон мушоҳида мегардад, ки кулли сокинони он ба "офтобсарон" мубаддал гардидаанд. Масалан, дар деҳаи Машконаки водии Рашт, ки банда низ дар он таваллуд шудаам, қариб 90 фисади мардони ин деҳа "офтобсар" мебошанд. Бошандагони дигар деҳаҳо онҳоро бо шӯхӣ "калҳои машконакиҳо" мегӯянд”.

Аммо Қурбоналӣ Партоев мегӯяд, мӯи сокинони бархе аз деҳоти дигари Рашт то дами пиронсолӣ намерезад: “Ба хусус деҳаҳои Қазноқ, Тагоба, Ҳоит, Ялдамич, Навдӣ ва ғайраҳо. Сари мардони ин деҳаҳо ба назар мисли шабҳои моҳтобӣ мемонад, ки ба ақидаи банда онҳоро "моҳтобсар" гуфтан шояд гуворо ва форам бошад”.

Муаллиф барои афроде, ки мӯйи сари онҳо кам-кам рехтаасту байни гуруҳи одамони "моҳтобсар"-у "офтобсар" қарор доранд, номи "соясар"-ро муносиб донистааст. Ӯ мегӯяд, феълан қариб аз 4 миллиард мардони дунё 35 дарсадашон “офтобсаранд”. Партоев истифодаи калимаи дағали “кал”-ро дар мавриди одамони каммӯй нораво хондаст, зеро ба гуфтаи ӯ феълан аз 4 профессор як нафарашон “офтобсар” мебошанд ва зебогии ҷомеаи башариро ташкил медиҳанду баҳри рушду нумуи он саҳмгузоранд.


Дар акс: Қурбоналӣ Партоев
Мӯҳр
Кал
кала кал меган кура кур. таклиф кал кал гуфта шавад.

Сорбони Ошик.Нева
Шух,
Пас мардоне,ки муйхояшон гулла бошанд,дароз то пушти сар,е чингила бошанд,онхоро чи гуна мегуфта бошанд?
Офтобсаронро олиме хаст,
Мохтобсарон ба хобу хилват?
Офтобсарон ба акл бошанд,
Мохтобсарон кунун ба иллат?
Пас сермуеро чангали хонанд,
Кору амалаш дангали хонанд?

Сорбони Ошик.Нева,
Э бача вазбини бадыш грифти ячи.

Матлаби аҷоиб! Аммо ман доир ба дигар чиз андеша дорам. Ришкалонҳо, камришҳо ва кўсаҳоро ҳам дигархелтар кунем? Офтобу моҳтоб банд шуд, мумкин Миррихриш, Зӯҳраҷабин гӯем?! Ҷаноби профессор, ба ҷои ин гуна таклифҳои камқабулшаванда беҳтараш роҳҳои беҳтарини рӯёнидани зироатҳоро ба деҳконони кишвар ёд диҳеду бо дастовардҳои илмиятон бо сари кал ҳам ба дили халқ хамчу «моҳтобсар» монед.

Сорбони Ошик.Нева
кали пес,
Вазбини бад шид?Бас кардум агане,дига наменависум.Бо хешмун будай ин акаи олим,Машконак не, Машкунак меган дехаи инхоро.Ялдамушд,Лояк,Чингун,Паткинамош,Бил

олим
Шахсонеро, ки риши тунуки дроз доран, ба пикри ман бузриш гуем бехтар, дустон, уное, ки муи саршон чингилак аст, "бузаки чингилапо" унвон дода шавад. Опарин ба олимони точик! Истехсолот пеш раптос!

И олим нестай, агар хами олими сохаи кишоварзи мо боша, вооооооой бар холи халк! Дига кор надорен?

мухочир
девона гурез ,ки вазири точик омад)))))))))))

Мисли он ки мусафеде дар суд дар хусуси тачовуз шохиди медихад...

Акаи устод, агар кал ягон занак бошад, мохтобсар гуем, мешава?!

Гормушу гулоб, яьне чи,
Гуши карру рубоб яьне чи?!

шаҳрванд
Ин акои мухтарами мо як шухи кардааст, то табъи латифи хонандагонро болида гардонад. Хеч гап не...

Rustam
Ин мардак чи нушида бошад??
Чи тавр унвон ба даст оварда бошад?

SHAHRIYOR
Е кандата зан бо мегум ки сохаи кишоварзи дар Точикистон чиба пеш намерава. И олимои сохаи кишоварзи да фикри сарои калшон бдиян ку!

Ураа беҳтарин кашфиот, ҷоизаи Нобелида бояд пешниҳод шавад!!!!

малламуй
оббо муйдорхоро мохтобсар ё ситора сар гуем

Пари
Ин профессор чи кашида бошад??
Албат харидагияй унвони професориша

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)