Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
САФО.
БАРОДАРОНИ ГИРОМИ БО ҲАРФИ КАЛОН БАРОИ КАМЕ ТАФАКУР КАРДАНИ АКСАРИАТИ МАРДУМИ ТОҶИК,КИ МАЪНОИ ШУКРГУЗОРИРО НАМЕДОНАД МЕХОСТАМ РАВШАНИ АНДОЗАМ ,КИ ШУКР ИН ЧИЗЕСТ КИ БО АМАЛ КАРДАН БА ҶО МЕОЯД НА БА ГУФТАН ,БИНОБАР ИН ИН САРДОРОНИ БЕСАВОДИ МО ХУД БАНДАГОНИ НОШУКР ҲАСТАНД.ЗЕРО ҲАНГОМЕ,КИ МО СОҲИБ Ё САЗОВОРИ НЕЪМАТЕ МЕШАВЕМ ДАР БАРОБАРИ ИН НЕЪМАТ ШУКРОНА КАРДАН ЗАРУР АСТ.АГАР АЗ ҚОНИБИ ИН ХУКУМАТИ ХУДКОМА ,КИ САҲИБИ ИНКАДАР НЕМАТҲОИ БУЗУРГ ҲАСТАН МО ЧИЗЕРО НАБИНЕМ ВА ШОҲИДИ НОШУКРИИ ОНҲО БОШЕМ ПАС МО БА ИВАЗИ ЧИ ВА БОРОИ КАДОМ НЕЪМАТУ ХИЗМАТҲОИ ИН САРДОРОНИ ХЕШ ШУКРОНА БА ҶОЙ БИЁРЕМ .ХУЛАСИ ГАП ҲАМИ ИН ҲУКУМАТ ЧИЗЕРО БА МО НАДОДААСТУ ҲАРУЗ АЗ МО ШУКРОНА ТАЛАБ ДОРАД,КИ ИН ХАТО ВА НОДУРУСТУ ҒАЛАТ МЕБОШАД.КАЛИМАИ ШУКРОНАРО ХУБ В ДУРУСТ БОЯД ФАҲМИД.ШУКРОНАРО БОЯД БА ҶО ОВАРД НА БОЯД ФАҚАТ ГУФТ.

Гамхор
Шумо фисинако!!! журналистон аз хочагонатон пул мегиреду вайронии ВАТАНРО мехохед гуфта гунахгор мекунед. чи Журналистони дигар магар бо 500-1000 сомони кор мекунанд. Ё худи хукуматихо, оё маоши онхо кофи аст барои зиндагиву мошинхои хоричи? Хаматон лаганбардори як ШАХСЕД...
Падарат, Муслим ва гайрахо шукрона кунед, ки худованд шуморо барои аз пашша фил сохтан дар гап офаридаст!!!???
Касе набоши ташкилкунандаи ин саволнома бетарин.... Ман шахсан худам хамин президентро интихоб кардам аммо орзуи ман ин набуд, ки у бо хешу акрабояш тамоми Точикистонро гасп кунаду мардуми бечора бо мушкилот ру ба ру бошанд. Худованд инсофатон дихад...

Janobi Xoli, agar davlatamonro Xitoi Uzbekiston,KIRGIZiston, girfta taksim kunand shumo shukrona mek7ned?

Чаноби Оли, Вакте Автосантал барои сохиби хуччати ронандаги шудан аз мардум маблаги иловаги талаб мекунад, шумо шукрона мегуед ё халки бечора.
Хамин пулчини аз ронандагон бас набуд, ки боз барои правгири низ домоди дигаратон бизнеси праваро ба даст гирифт. Оё бо ин хол метавон шукрона гуфт?

Ба "Падарат" ту ба мардум тарс нишон надех, тарсуи ин худ гунох аст. Мардуми хакшинос хамеша шукронаи Хак-ро мекунанд, аммо шукрона ба шахсе кардан ин худ нохакист ва хакношиносист. Ба андешаи ман ту аслан хакро аз нохак чудо карда наметавони. Инсони Хакшинос хамеша ободии ватану диёр ва хешу хамсояашро орзу мекунад ва кушиш менамояд, ки хамин ободиро бубинад. Шукрона бояд гуфт, ки Худованд ин лахзахои хаёт, ин даму нафасро ба мо додааст. Фардо аз хар як лахзаи гузаронида пурсида хохем шуд, агар нек бошад, хуш ба холамон ва агар бад бошад вой бар холамон. чунонеки гуфтаанд:

Хар шаб зи худ бипурс агар ту марди,
К-ин руз чи хизмате ба мардум карди.

Шарт дар тарс нишон додан ва ё ба чангу мунокиша даъват кардан нест.

Бехуда нагуфтаанд: Дуст занад таварвор, Душман занад шакарвор.
Мо хама бояд аз хамон дустоне бошем, ки танхо ба хотири ободиву пешрафт камбудии якдигарро ба хотири бартарафнамои бигуем, на ба хотири игвову шармандасозии якдигар.

Эй мардуми нодон. Сиёсатро... аз Чаноби Оли худакамон ёд гиртон. Ба хамаи бадию неки шукрона гуеду ташаккур гуфта, агаг-агар накунед. Як чахон ташаккур гуеду чахонро бинед. Масалан. Путин дар назди низомиён ва "ахли чамоатчиги"-и Русия дар рузи 23 феврал як дакика ва факат як дакика сухан кард. Дар пушидашавии Олимпиада, ки русхо чойи аввал гирифта, барномаи театрикунонидашудаи оли ба чахониён нишон доданд, Путин дахон накушода, як чахон ташаккур нагуфт. Ё аз каляскаи Тимошенко ё аз руст кардани Янукович тарсид, ки мабода бендерхои лаин чун арабхои чохил пайдояш мекунанд.

Сайти интернети
Дар асоси хамин сахифа сайти интернети ташкил кунед бо номи "Шукрона кунед!"

Хамза
Шукрона, факат бояд аз Худованди ягона кардан даркор на аз махлуки Худо. Факат дигар шахсонро танхо эхтиром кардан даркор. Ин дунё пастиву баландихо дорад, бояд сабр дошта боши. Ба фикри шахсии ман хар як давлат ДИН ва ХУКУКИ СУХАН гуфтан дорад, агар хамин чиз дар мо бо пурраги риоя шавад Иншоаллох дигар масъалахо охиста-охиста хал мешавад. Зеро мебинам нисбати дини ИСЛОМ фишорхо хаст аз кадом шахсон бошад инаш Худо медонад ва сухани хакро гуфта наметони, сухан чи дунёи бошаду чи ухрави, хатто камбудии ягон корро гап зада наметони дар телевизионхои мо ягон камбудира гап намезананд факат ТАЪРИФ, гуё дар чахон аз хамма давлати пешрафта бошад. Бародарон камбудира вакте, ки гап зади баъд давлатамон мешавад обод. Худованд хамаи Точикистонихоро Хидоят кунад ва Сулху салохи ин давлатамонро нигахбон бошад ва мухточи дигар давлатхо нагардонад ОМИН. Худованд Чаноби Оли Мухтарам Эмомали Рахмон-ро аз шарри душманонаш нигах дорад. ОМИН!!!

гунгу кар
Дилсухта,
аз ҳамаш хабар дора

Aksioma
Шугрона ин шиори одамони навбаромади вазифанодида, бесавод, тасодуфӣ ва гушна мебошад.

Ватандуст
Бародарону хоҳарони азиз, шояд баъзе аз Шумоён даврони СССР-ро танҳо аз гуфтаи бобоҳову падарҳоятон ёдоварӣ мекунед, давраи хуб ҳам буд, аммо агар ягон инструктори райком ё горкомро танқид мекардӣ ҳамон замон худатро дар зиндонҳои Сибир медидӣ, агар дар ҳаққи одамҳои аввал гап меукшодӣ он тарфаш маълум... Пас барои чӣ шукрона намекунед, ки имрӯз озодона ба Президенти мамлакат муроҷиат карда истодаед, магар ин озодӣ нест, магар ин демократия нест. Ҳақиқатан шукрона кардан даркор, ки Худо ба мо чунин Ватани тинҷу оромро бо Роҳбари дилсузу ғамхор ато кадааст. Камтар ба хотир оред, соҳои 1992-1997 дар чи ҳол қарор доштем, ҳоло бошад чи, камтар ба гирду атрофатон назар кунед - Афғонистони ҳамсояи мо, пас чаро шукрона накунем. СССР баъд аз 70 сол ба дараҷаи тараққиёташ расид, Тоҷикистони мо нав акнун 23 сола мешавад. Ватанамонро ба ғайр аз худамон ягон каси бегона обод намекунад, ин гилаву ҷингилаҳо дар тамоми давлатҳои тараққикадатарини дунё ҳам ҳастанд, мо бояд ҳақиқатан ҳам шукрона кунем ва меҳнат кунем, на гилаву ҷингила.

Tojik az Amriko
Qanda ta zan Ozodagon, tashakkur Xusravi Rustam baroi chunin yak maqolai olijanob navishtanad. Tashakkur Ozodagon baroi inro chop kardan. Dar haqiqta kalimai shukronara imruz bahona karda istifoda mekunanad. Xalq az qashoqi murda istodaast, boz meguyand ki shukrona kuned.

Карим
Алик,

а "босавод" бо кадом шукронаи лаънати обод мешавад!!!!

хонанда
Ба Рахбаре, ки аз камбудихои халкаш, дийораш бохабар нест, шукрона мекунед?

Ба сардоре, ки халкаш бе барку баркро ба хамсоя мефурушад, шукрона мекунед?

Салом. Бехтарин суолхо, ки боз аз ин зиёд хам шуда метавонанд суолхо... Лекин як чизро ман пурсиданиам, ки вокеан ин суолхо то чаноби Президент мерасида бошаду худи Президент ин суолхоро мехонда бошад? Ва агар хонаду донад бетарафу бепарво будани у аз руи адолатасту аз руи гамхори ба Ватану точикистониён аст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)