Бахшҳо

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст

Висол Азизови 17-сола, хонандаи синфи 11-и мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи овозхонҳои шинохта Азизовҳо мебошад, пиёдагардеро зер карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз Бозрасии давлатии автомобилӣ ба “Озодагон” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, номбурда савори автомашинаи Лексус “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди бинои Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пиёдагард Умарҷон Назарови 21-сола, донишҷӯи бахши чоруми факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз пой афтонда, аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ мегардад.

“Лексус”-и Остон Азизов пиёдагардро пахш карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаастВисол Азизов, писари Қамарулзамон Азизов, аз хонаводаи овозхонҳои шинохтаи гуруҳи “Анис” гуфта мешавад. Дар аксе, ки Висол дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, дида мешавад, ҳамроҳи дӯстонаш дар як мошини гаронбаҳое нишастаанду дар миёнашон Расули Амонулло – писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон ҳам ҳаст. Номи Расул дар пайи садамаи маргбори шаби 9 октябри соли 2013 дар маркази Душанбе, ки се куштаву се маҷрӯҳ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуд ва он вақт гуфта буданд, ӯ дар мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе таҳсил мекунад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ мегӯяд, автомашинаи “Лексус”, рақами қайди давлатияш “0100 ВР 01”, ки Висол бо он пиёдагардро аз пой афтондааст, ба номи Остон Азизов, овозхони тоҷик, сабт шудааст.
Мӯҳр
дилрабо
Ба худо додагон ситеза макун, ки ба онхо Худо додааст!!!

Усмонов
пулу молу хамаи боигари халол бод ба хамаи сарватмандон бас кунед бахилиро мардум факат хаминро гуфтаниам ки о то кай мардумонро зер када аз болошон мегузаред бо мошинхоятон о бас будагист кудакхои ширмакро сари чанбаракаи мошин шинондан ба хамаи ин волидайн гунахкор аст ки чунин фарзандони эркаи худро аз мухлат пеш мошинсавор мекунанд ман зид нестам хастан хазорон оилахои сарватманде ки писаронаш мошин хам меронанд аммо онхо хеле писарони бо тарбия мебошанд ки зарари онхо ба чамъият намерасад яъне ки ба мардум боре хам нарасидааст.......ва боз хар лахза таъриф карда мегуянд ки Маврид ба зикр аст, ки Азизовҳо аз оилаҳои маъруфи Тоҷикистон мебошанд, ки ҳанӯз дар даврони Шуравӣ гуруҳи ҳунарии "Анис"-ро созмон дода буданд.... хайр чи ?

БА САРВАТИ ОНХО БАХИЛИ НАМЕКУНАНД, ГАП САРИ ОН КИ ИН ПУЛХО ХАЛОЛ Е ХАРОМ АЗ РАФТОРХОИ ФАРЗАНДАШОН МАЪЛУМ АСТ. ФАРЗАНДРО НОНИ ХАЛОЛ ДОДА БА ВОЯ РАСОНИДАН ЛОЗИМ . БА ШАРТЕ ПУЛ ХАЛОЛ БОШАД ФАРЗАНД ХАМ БА КАДРИ ПУЛИ ЗАХМАТКАШИДАИ ПАДАР МЕРАСАД.Ь

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)