Бахшҳо
23 авг 2014 13:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Худдории Tajik Air аз овардани ҷасади Почомуллоева аз Деҳлӣ ба Душанбе

Халабонҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” аз интиқоли ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан худдорӣ кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон Манзура Почомуллоеваи 46-сола буда, бар асари бемории “гепатити С” дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҷон додааст.

Анора Самадова, духтари марҳум дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи 22 август халабонҳои “Тоҷик Эйр” ҷасади модари ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Деҳлӣ аз дохили ҳавопаймо ба замин дубора фароварда, гуфтаанд, имкони интиқоли он ба Душанберо надоранд. Ба қавли ӯ, халабонҳои “Тоҷик Эйр” далели ин иқдоми худро ба бӯй кардани ҷасади Почомуллоева ва рафтани об аз дохили он рабт додаанд.

Самадова, ки дар ин сафар модари беморашро танҳо ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, яке аз халабонҳои ин ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, капитан Нодиров, ба ӯ гуфтааст, “от запаха у меня глаза режут, возьми труп и выходи!” Самадова дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова кард, халабонҳо гуфтаанд, ҷасади модарашро дар тобути махсус ҷой кунад ва баъдан имкони интиқоли он ба Ватан вуҷуд дорад, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани тобути махсус дар Ҳиндустон аз имкон дур аст.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон бо шарти ифшо нашудани номаш ин гуфтаҳои капитан Нодировро рад карда, гуфт, шояд ба далели он ки ин амал бояд ройгон сурат мегирифт, халабонҳо аз интиқоли он худдорӣ карданд. Ин намояндаи сафорати Тоҷикистон мегӯяд, халабонҳои Тоҷик Эйр дар ҳоле аз интиқоли ҷасади шаҳрванди кишвар худдорӣ карданд, ки онҳо ҳангоми интиқоли дубораи он ба яке аз сардхонаҳои шаҳри Деҳлӣ на бӯйеро эҳсос кардаанду на рафтани оберо дидаанд.

“Мурда тибқи талабот дар кафани махсус печонида шуда буд. Ман шахсан ба сардхона (морг) рафта ба даст қапидам. Тарсидам, лекин ин корро кардам. Ҳамааш қоқ (хушк) буд, бӯй набуд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш тайёр буд. Ростӣ, ба фикрам фурудгоҳи Деҳлӣ бори аввал шоҳиди ин гуна қазия шуд, чун халабонҳо ҷасади ҳамватани худро дар як кишвари бегона аз ҳавопаймо ба замин дубора мефароранду ба дасти духтари 26-солае месупоранд, ки дар он ҷо ҳеч кас надорад”,-афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, қарор аст, шоми 23 август ҷасади Почомуллоева аввал аз Деҳлӣ ба Маскав ва баъдан ба Ватан интиқол ёбад.
Мӯҳр
Афлотун
Ин миллат дар сатхи чахони беобуру гаштааст.Хамаро бо ислохоти нодуруст ва бесаводонаашон гадои хоричи карданд.Шарм намедоранд ва аз номи точик худро точик гирифта хукмрони доранд.

barzu
наход ки бепул ягон коре накуни??

Франко Баррези
Як чиз руи об баромада истодааст!Дар Точикистон хамаи вазифахои калиди ва равганинро гайриточикхо!зери шиори точики аз худ карда хукм ронда истодаанд.Ин мардум дар давраи хассостарин аз болшевикиашон хам мегурезанду аз ватандорияшон хам,кищварро ба холи худаш мемоманд.Чанд сол боз маъракаи пинхонии зиддиточики рафта истодааст.

Нодир
Нодиров узбак аст

Комил
Ин а бояд ҷазо диҳанд

мусо
Ман бовар дорам ки халки точки 100 сол Аз маданияти дига халкхо кафо АСТ и мемона набошад сафорат Барри чи АСТ даст гири намекунад садкаи номи точки шави

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)