Бахшҳо

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши телевизионие аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод.

Дар ин гузориш, ки тавассути Шабакаи аввали телевизиони кишвар пахш шуд, ин бонувон мегуфтанд, бо доштани ҳиҷоб имкони ба даст овардани пули бештар мавҷуд аст ва мизоҷон ҳам бо онҳо муносибати дигаргуна мекунанд. Яке аз ин занҳо, ки зоҳиран дар яке аз шӯъбаҳои ВУД қарор дошт, гуфт, ки ҳиҷобро аз Маркази савдои “Саодат”, аз мағозаи Малика Саидова мехаранд: “Мо ҳамин сатрҳое, ки вай мекунем аз Маркази савдои “Саодат”, ай магазини Малика Саидова харид мекунем, ба ғайр аз ин магазаин аз дигар бозорҳо рафта мехарем”.

Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Абдуалим Норасов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, дини мубини Ислом дар ҳар давлат ва минтақае, ки по гузошт, ҳаргиз либоси миллии қавмеро аз байн набурд: “Либоси миллии мо ҳеч зиддияте ба таълимоти Ислом ва ба таълимоти Қуръону суннат надорад. Он либосе, ки модарони мо, модаркалонҳои мо ва имрӯз миллати мо дорад, кушод асту тозаву озода, дини мубини Ислом инро қабул мекунад. Худи калимаи сатр дар мо бегона шудааст, бегона буд, дар замони қадим сатрро истифода намебурданд. Ва имрӯз бегонапарастӣ худ айни номусфурӯшӣ аст. Сатр, ҳиҷоб худаш маънои покдоманист ва набояд фурӯхта шавад номуси зан. Мо набояд ба либоси ғайр ифтихор кунем. Ҷаноби олӣ дар баромадашон гуфтанд ва хеле хуб ҳам қайд карданд, ки мо бояд ба бегонапарастӣ роҳ надиҳем. Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.

Ба таъкиди таҳиягарони гузориш, танфурӯшӣ кардани занону духтарони ҳиҷобпӯш боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардида, ҳар фарди солимфикру дурандешро ба андеша мебарад: “Зери сатру ҳиҷоб амалҳои зишту иснодоваре ҷой дорад, ки аз дидани он нафрати бинанда меояд”. Саида Ғаффорова, директори мактаби таҳсилоти умумии №15 низ дар ин маводи телевизион гуфт, бархе хонумҳо камбудӣ ва норасоиҳои худро бо пӯшидани сатр пинҳон мекунанд: “Дар тиннати худ, ки нияти бад доранд, вале ба воситаи сатр тамоми кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон карда, тақлидкорӣ ба дигар халқҳову давлатҳо менамоянд”.

Муаллифон дар поёни ин гузориш изҳор доштанд, бо зоҳирпарастиву худнамоӣ, тақлид ба урфу одатҳои бегона ва дурӣ аз маданият ва арзишҳои миллӣ наметавон пешрафт ва инкишофи ҷомеаро таъмин намуд.

Пахши чунин як гузориш аз сӯи Маркази матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар рӯзи 6 март дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модарон, тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар хонда гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.


АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал

АКС: Нашри гузориши "фоҳишаҳои сатрпӯш" дар Шабакаи аввал
Мӯҳр
Demokrat
Хамин хукумати мо мафхуми демократияро фахмида бошад е не?? Ва дигар суол ин ки , инхо бо ин наворхояшон пеши рохи фохишагариро гирифтаниян е сатрро ? Агар сатр бошад , Худованд аз балохо Точикистони азизро нигахбон бошад !

Зачем гандаги коргари давлат дар ин холат бояд дар фикри иктисодйд ва пеш равии мардум бошад на дар фикри сатру риш.Хукуматдорони точик шумо авал бояд либоси милиро пешниход кунед ки мардум бинанд ва донанд кадом либосро пушидан даркор.Барои чи мини юпка ва майкаи эвропоиро маън накарда факат сатр мегуед ооооо кризис дар пеш шумо чо мекунед.

аник хамаро ба чакан мезгаронан, мардхоро ба челак. ана бизнес. бе сару сомонии

кулоби муслим
786
салом миллат.
1, мо дар чомеаи имруза чуз масала ва праблемаи дигар надоре?
2, сабаби кризит бесатри аст?
3, мо сатрро бардорем ДОЛАР поин меояд?
4, сатр ва хичоб бардошта шавад мушкилоти чомеаи заиф ва кризист задаи точи кадомаш хал мешавад?
4, пушиши исломи монеи хукуматрони шумо хукумат дорон шудааст? ё бекифояти ва бесаводии масулони мансабдор?
5, магар модарони шумо бе сарт будан ва фарҳаги модаронатон галат буд?
6. Кишвархои бо хичоб ва сатр дор аз чумла Эрон дар дунё бо суръати нур ба пеш рафта истодааст, дар иктисод ва ...
7, ва садхо суоле аст ки мо дорем ва хеч кудоми инхо дар кирист ва ба дулор ва бекори ва бе баркии мо хеч дахле надорад лутфан бештар фикр кунеду дикат кунед.

Махина
Муллора тамом кардану сатрпушора капидан бо. Ох Худо,

Ееееееее войййй. Доооодддд
Амри маруфа ман кадан чавонони то сину соли 18
Ба мачит рафтана ман кардан чаврнона дар роххо
Капида мачбуран ришхояшонро тарошидан
Базе чодугаронро капида ба ном мулло гуфта
Исломро паст задан
Диданки хеч пешравие нашудаистодаст
Ина бо занону духтарони бо хичобу бо сатра
Капидестан яке пешрави мекуна точикистон
Мебинемки доллар мефарод 1$ 4 сомони мешавад
Агар дилхои ин хукуматдоро сузад дар ш душанбе
Дискотекахора мебандан мана фохишахои конуни
Хай худо хидояташон кунад
Аз дасти мо чи мебиёд як каф дуо

abdurahmon
begona parasti tanho dar pushidani satr nest.charo az pushidani liboshoi garbi,ki sarchashmai badakhloqist kase sukhan nameguyad tanho pushudani hijobu satr hukumati moro khalaldor mekunad

банда
оё кушодан ва иҷозат додани фоҳишахонаҳо кори кист?

ozodlik
E duzdo diga kor nadoren. Mavoda meduzdenu bozora garm mekne. Ruze mesha javob mege baroi mavodduzdi. Badan satrdore ki xudash mega ma fohishaamu bo in korash obrui digar zanonu xoharoni moro dogdor meknan chi megen????

Чаро аз ашори бузургони мо касе чизе намегуяд ое Рудаки тарафдори сатр набуд??? ое Саьди, Бедил, Хофиз, Сино, Хайем, Чоми, Фирдавси ва гайрахо шайшу мавлави набуданд? Ое онхо пайрави аз Паембар с,а,в, намекарданд? Кани ки мегуяд, ки дар кадом ашори гузаштагонамон МАНИ САТР ОМАДААСТ?????

Ами поишахои сатрдори хушрура ба ман нишон дихед ма хардша мегирм ба зани инта духтарони хушру бо одоб сатрошон мезебашона.

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.
Воқеан ҳузнангез мебошад, ки тамоми мақомоти мо суханони Президентро дарк накарданд.
Дар масалаи андешаи Норасов А, гуфтаниям, ки он андешаи шахсии у мебошад на аз дину мазҳабу донишкада. Аз ин рў хоҳиш мекунам донишкадаро санг назаред.

Ман бо сухани Ҷаноби олӣ таъкид карданӣ ҳастам, ки мо бояд баргардем ба миллати худамон, ба гузаштагони худамон. Пеш аз омадани Ислом чӣ гуна либос доштем”.
Магар пеш аз омадани Ислом занхо шимхои мардона в шимхои танд ба бар мекарданд? (ждинсы, ласины, топики мопики, футболки) барои чи як бор дар бораи нхо сухан намекунанд факат дар бало мондаги калимаи "сатру хичоб"

Ассалому алейкум.Баъдан саломи махсус ба рафик Норасов бале бале ба рафик калимаи дустдоштаи атеистон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)