Бахшҳо

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд.

Ӯ рӯзи 27 март дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз дигар барои мо ҲНИТ лозим нест ва он бояд барҳам дода шавад: “Барои мову Шумо ин Ҳизби наҳзати исломӣ ва тамоми равияҳое, ки боиси фитнаангезӣ мешаванд, лозим нест”.

Сайид Акбар аз сокинон хост, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунанд, то бо баргузории як раъйпурсии умумихалқӣ ба фаъолияти ҲНИТ хотима бахшида шавад: “Ҳизбҳое, ки номи Исломро барои худ шиору парчам карда, ин исми покро доғдор мекунанд, ин гуна ҳизб барои ҳеч касе лозим нест. Бахусус барои мардуми шарифи Тоҷикистон. Паёмбари Ислом (с) дар тули ҳаёти худ ҳеч равияеро ба майдон наовардаанд ва ин бар он далолат мекунад, ки чизеро Худованд ва ё ӯ амр накардааст, барои мо лозим нест”.

Ӯ дар идома бори дигар солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро ёдовар шуда, гуфт, ҳанӯз аз ин солҳо замони зиёде нагузоштааст ва бояд ба қадри ин сулҳу суботи кишвар бирасем. Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хитоб ба намозгузорон гуфт, ҳеч тағйиротеро аз Худованд интизор набошанд, чун тибқи ояти Қуръон “ба дурустӣ, Худо ҳолатеро, ки бар қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир надиҳанд”.

Ба ҳамин монанд суханҳо дар хутбаҳои намози ҷумъаи бархе масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон низ садо додаанд ва ба эҳтимоли зиёд гӯяндаҳо матни мавъизаеро қироат кардаанд, ки зери имзои А. Мавлонов субҳи имрӯз дастраси бархе расонаҳо, аз ҷумла “Озодагон” ҳам шуд. Муаллифи ин мавъиза пешниҳод кардааст, раъйпурсӣ гузаронда ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад.

Матни ин хутба дар 4 саҳфаи андозаи А-4 бо имзои Мавлонов А. В. (бо эҳтимоли зиёд Абдураҳмон Мавлонов, корманди раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) таҳия шудааст бо унвони “Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост” бо иқтибос яз як гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон – “Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон” оғоз мешавад.

Дар ин мавъиза аз натоиҷи интихобот ба Маҷлиси Намояндагон истиқбол шуда, чунин гуфта мешавад: “Шумо худ огоҳед, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарифи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистонро дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинад”.

Дар ин матни хутба раъй надодани мардум ба ҳизби исломиро интихоби роҳи дуруст маънидод шуда, зикт мешавад, ки “дар интихоботи гузашта мардум ба ҳизби исломӣ ва дигар гуруҳҳое, ки фақат ваъдаҳои хом медоданд овоз надод. Зеро одамон аз асли масъала воқиф гаштанд”.

Муаллифи ин матн касонеро, ки ба ҳизби исломӣ райъ додаанд ҷудоихоҳ хондааст. “Мағлубияти ҳизби исломӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷуз аз чанд нафар ҷудоихоҳон дигар касе тарафдори чунин ҳизб нест. Мо медонем, ки ба гуруҳҳо қисмат намудан ва аз номи Ислом сухунгуфтанҳо чӣ натиҷа медиҳад”,-омадааст дар ин матн.

Бо хитоб дар ин навишата гуфта мешавад, “бародарони аҳли ислом, рӯзҳои талхи солҳои навадумро аз хотир набароред! Кадом гуруҳҳо мардумро ба ду майдон кашида, тоҷиконро ба хун оғушта карданд, ба ҳама маълум аст. Танҳо ҷоннисорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ба кишвари мо сулҳ овард ва имрӯз мардум дар диёри ободу осоишта умр ба сар мебаранд. Ин неъмати бузург – сулҳи тоҷиконро мо бояд ба чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва шукронаи онро ба ҷо орем”.

Муаллифи матн менависад, “интихобот нишон дод, ки халқи тоҷик ба Ҳизби наҳзати исломӣ ҳеч ниёз надорад ва умуман ҳар амале, ки дар он амри Паёмбар (с) ворид нашуда бошад, қобили қабул нест”. Дар ин матн пешниҳод мешавад, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барҳам дода шавад, зеро дигар зарурати фаъолияти он намондааст: “Алҳамдулиллоҳ мо ҳама мусулмонем ва ҳамин бароямон кофист”.

Дар идомаи матн омада: “Биёед ҳама дастаҷамъона дархост намоем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳҳои қонунии ин масъаларо дарёфт намояд. Бигзор тариқи райъпурсии умумихалқӣ одамон изҳор намоянд, ки дигар ба ягон ҳизби ба ном “исломӣ” ниёз надоранд”.

Муаллифи ин матн қайд кардааст, “бовар дорам пешниҳоди маро оиди тариқи райъпурсии умумихалқӣ барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамагон дастгирӣ мекунанд, зеро интихоботи гузашта аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳизби исломӣ дар ҷомеаи мо умуман нуфуз надоштааст. Бигзор дар Тоҷикистон як ҳизб бошаду самаранок бошад”.

Муаллифи ин маъвиза вуҷуди ҳизбҳои исломиро дар Афғонистон, Покистон, Миср, Ироқ, Сурия Тунис ва Либия омили аслии муноқишаҳои мазҳабӣ қаламдод мекунад, ки дар натиҷа ҷангҳо ва хунрезиҳо сар задаанд. Ҳодисаҳои Укроин ҳам аз назари ин муаллиф фирефта шудани мардум ба суханҳои гуруҳҳои муғриз будааст.

Дар муқаддимаи ин матн гуфта мешавад, миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд: “Табиист, ки ҳар миллату давлат дар интихоби арзиш ва меросияти таърихӣ бояд манфиатҳои миллат, давлат ва наслҳои ояндаро мадди назар бигирад”.

Ҳамчунин дар ин матн омадааст, “ҳамаи мо медонем, ки дар ҷомеаҳо бояд тартибу низоми муайяне барқарор бошад, то ҳуқуқи инсонҳо риоят гардад ва монеае барои зиндагии осоиштаи онҳо ба вуҷуд наояд. Аммо гоҳе падидаҳо ва ҳодисаҳое дар натиҷаи иртиботҳо ва муомилаҳои инсонҳо эҷод мегардад, ки сабаби барҳам хӯрдани осоишу оромии онҳо мешаванд. Ҳангоми эҷод шуданди чунин вазъият вазифаи ҳар як фарди мусалмон ислоҳ намудан ва сомон бахшидану ба эътидол овардани вазъият мебошад”.

Дар матни мазкур ба таври расмӣ ишора нашудааст, ки онро Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барои масоҷиди ҷомеъ таҳия ва пешниҳод намудааст.


АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд

АКС: Муовини муфтӣ хостори барҳам додани ҲНИТ шуд
Мӯҳр
Баҳри ободии ватан ҲНИТ чи кор кардааст, ки инқадар хотирмон бояд бошад. ДБигзор ин ҳазбе ки ҳама аҳолиро ба мусби ва манфи ба кофиру ба мксалмон ҷудо кардаст, баста шавад. аз ин ҳизб ягон майда фоида нест. М. Кабири кушиш карда истодаст, ки ба сари қудрат омада шиму кастю ми худро нав кунад, хонаи боҳашамат созад ва тамом. баъди ба сари қудрат омадан ана мебинем. ки ва чи хел нисбати аъзоёни худ рафтор мекунад, дар як моҳ зама аз вай ру мегардонад ва намуди зоҳии ҳақиқии ӯро мебинед. аз ҳамин мардкаи хкб Эмомалӣ намонед. ба ҳар ҳол чанди сол стажи кори дошта аз ӯҳдаи кор мебарояд. инчунин бо муносбати ин мард Тоҷикистонро ҳамаи ҷаҳон мешиносад.

ДАВРАИ ТАРАККИЁТИ хнит РАСИД НАВ АКЛАШОН ДАРОМАДОС КИ ХИЗБРО БАРХАМ ДИХАНД, АЛБАТТА САВОБРО МЕГИРЕН АГАР БАРХАМ ДИХЕД, КИНОХОИ ФОХИШАГАРИХАМ КАМ МЕШАВАНД, ЗИНДАГИ ТИНЧУ ОСОИШТА МЕШАВАД.....

Однопартийность мы уже прошли,я не сторонник и не противник партии Исламского возрождения, я понимаю :Если к власти придут исламисты -это тоже шаг назад,не могу даже себе это представить....Нормы шариата вместо конституции...Один козикалон решает судьбу вместо судей...На мой взгляд нужно найти какое то решение между ними,наверное...

Дар ҳақиқат муфти дуруст қайд намудааст, бигзор ин ҳизб аз байн бурда шавад. Ҳизбе ки аз ӯ ба давлат ягон фоида нест сазояш ҳамин аст. Ин ҳизб худро ҳамчун ҳизби исломи эълон кардааст, аммо бинед, ки давлатро ноором ва мардумро озод дода истодааст, ҳол он ки дар Қуръон омадаст, ки озор додани шахсе ҷисме ё ҷинсе гуноҳ мебошад. Чи фикр мекунед, ки агар дар Тоҷикистон мабодо хунрези шавад, М. Кабири дар бари аъзоёнаш истода меҷангад, не ӯ гурехта ба хориҷа рафта аъзоёнашро фас меандозад. Дар натиҷа агар бурд кунад ба ватан бармегардад агар не дар Туркия ё Дубай хона харида зиндагӣ мекунад ва аъзоёнашро аз ёд мебарорад.

sharif
Хар кас фикр карда баъд нависад чизеро надонад хубаш нанависад, ки бесаводи ва бе маданиятияшро маълум мекунад.
ХНИТ хизби бехтаринай пешниходой бехтарин аз дигар хизбхо дорад
Аъзохояшон низ касони босаводу болаёкатанд.
Ман шахсан онхоро дастгири мекунам.
Озодагон чоп кунед.

Сироjиддин
ХНИТ ягона пуштибони расмии дини мубини Исломдар Точикистон мебошад. Бинобар ин мехоханд оно аз байн баранд.

Кори Кумитаи один ба хизбу сиёсат набошад!!!

Дар урфият гуфта шудааст, поятро чени курпаат дароз кун, яъне гуфтаниям. Бигзор ин ҳизбе, ки ба ҳама баҳсу муноқиша меораду дигар чизе не аз байн бурда шавад. ҳамина гуфтаниям, ки с глаз далой и из сердце вон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)