Бахшҳо

Суолҳо ба Ҷаноби Олӣ: Шукрона мекунед, агар...?

Хусрави Рустам, сокини пойтахт

Гирифтори садҳо мушкил будани Тоҷикистону тоҷикистониён ба касе пӯшида нест. Аммо анъанае ба миён омада, ки чун лаб барои ибрози мушкил кушоӣ ба шукрона накардан муттаҳамат мекунанд. Ин ибораро ба хусус мақомот ва расонаҳои давлатӣ ба мавриду бемаврид ҳамчун яроқ истифода мекунанд.

Ношукрӣ дар асл амали хубе нест ва шокир будан хулқи писандида аст. Аммо барои рафъи мушкилот пеш аз ҳама шинохтану муайян намудани худи мушкил зарур аст ва аз мушкил ҳарф задану навиштан маънои ношукриро надорад. Баръакс оне, ки ҳарф аз мушкилоти кишвар мезанад, мантиқан хостори аз миён бурдани мушкил ва боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азиз аст.

Воқеан онҳое, ки ибораи “шукрона кунед”-ро яроқи хеш қарор додаанд номи президентро ба худ сипар мекунанд. Суханҳояшон тақрибан чунин аст: -Ҷаноби олӣ сулҳ кард, ҷангро фаромӯш кардед? Шукрона кунед!

Азбаски ҷонибдорони идеяи «шукрона» дар суханрониву навиштаҳояшон номи президентро истифода менамоянд ва аз номи ӯ сӯиистифода мекунанд, мо тасмим гирифтем дар ҳамин иртибот бевосита ба худи президент бо суолҳои худ муроҷиат намоем.

Ҷаноби президент!
Тасаввур кунед, вақти дар ҳаммом оббозӣ карданатон барқ қатъ мешавад. Оё дар ҳамин вақт шукрона мекунед?
Вақте дар як сол 7 моҳ барқро бо лимит бигиред, он ҳам бидуни вақту соати муайян, шукрона мекунед?
Вақте набераи хурдсолатон дар хонаи бетонӣ аз сардӣ меларзад, шукрона мекунед?
Вақте дар тролейбус нишастаеду то манзил нарасида, барқ хомӯш мешавад ё симаш меканад, шукрона мекунед?
Ё вақте набераи хурдсолатонро ба театр мебаранду бо далели хомӯш шудани барқ намоишномаро тамошо накарда, ба хона бармегардад ва 10 сомониатон ҳам ба боди фано меравад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте барои аз Душанбе ба Хуҷанд рафтан, ба пулчинакҳои ширкати дар кадом як ҷазира сабтиномшудаи соҳибаш номаълум дар навбат истода чандин сомонӣ медиҳед, шукрона мекунед?
Вақте барои дуруст кардани кадом як ҳуҷҷат ё гирифтани як маълумотнома дар дилхоҳ мақомот аз шумо ғайриқонунӣ пул мепурсанд, шукрона мекунед?
Вақте барои ба донишгоҳ дохил кардани фарзандатон пул мепурсанду вақте онро тамом мекунад барои қабул ба кор пул мехоҳанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, кормандони БДА аз ронандаҳо пул гирифта, ба қоидавайронкуниҳояшон чашм мепӯшанд, шукрона мекунед?
Вақте мебинед, як мансабдор, ки маошаш барои зиндагии якмоҳа намерасаду кушку қаср ва мошинҳои навтарин дорад, шукрона мекунед?

Ҷаноби президент!
Вақте бо далели омадани кадом як меҳмони хориҷӣ соатҳои дароз маҷбуред дар кӯчаҳо пиёда ҳайрону саргардон бошед, шукрона мекунед?
Вақте дар кишваре зиндагӣ мекунед, ки даъвои сарчашмаи обҳои мусаффо буданро дорад, аммо оби ошомиданиро аз чандин километр мекашонед, шукрона мекунед?
Вақте дар хонаи баландошёнаи бетонӣ барқро қатъ мекунанд ва дигар на газ ҳасту на низоми гармидиҳӣ ҳатто оби оддӣ, Шумо шукрона мекунед?

Ҷаноби Олӣ!

Вақте, ки чашм ба роҳи фарзанди муҳоҷиратон солҳо интизорӣ мекашед, шукрона мекунед?
Вақте яке аз пайвандони Шуморо беадолатона ба зиндон мефиристанд, шукрона мекунед?
Вақте фарзандонатон дар Ватани худ кор намеёбанд, шукрона мекунед?
Вақте бар ивази 40 сола меҳнататон 80-90 сомонӣ нафақа медиҳанд, шукрона мекунед?...
Мӯҳр
фаришта
Вакте, ки ментхои худобехабар табиби чавон Хуршед Бобокалонови 26 соларо тахти шиканча ва зарбу шаллок ба халокат мерасонанду ду тифли вай бепарастор дар хаёт нимарох мемонаду сипас модари танхо дар гами фарзанди ягонааш талхакаф шуда мемурад, шукрона мекунед?

Сатор
Дар инчо мебинем ки бисёре аз лаганбардорон шукронаи чаноби олию шукронаи тенчира кардестан. Вале мо набояд аз чаноби оли шукрона кунем. Ва ба тенчие, ки гуе у оварда бошад набояд чунин эхтироми сахт гузорем. Бигузон окимият аз руи хакикат ба дасти халк биёяд ва дигарон зиндагии осуда дошта бошанд!!!

Хамватоанони азиз! Шахрвандони мухтарам! ИН масоиле, ки имруз шумо таргиб намуда истодаед, аксарияти онхо ба 190 кишвари руи Олам таалук доранд, аз чумла кишвархое, ки сатхи иктисодиашон аз Чумхурии Точикистон болотар аст. Аз ин лихоз Точикистони чавони мо дар ин тули 23 соли сохибистиклоли ба дастовардхои беназир ки барои баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон накши мухим бозидаанд ноил гаштааст, албатта ин ба шарофати мехнати шабонарузаи Хукумати Чумхурии Точикистон, Президенти кишвар ва мардуми шарифи Точикистон ба даст омадаанд.
Ман хам чавон хастам, оимладор ва хушбахтона сохиба фарзанд, аммо мешаванд холатхое ки талаботу хохиши онхоро конеъ карда наметавонам, холон ки мехохам чунки онхо наздикони ман хастанд. Ман чи гуфтани хастам максади ман он аст ки хамин холат дар сари Чаноби Оли,Президенти кишвар мухтарам Э. Рахмон хам хаст, аммо он кас на гами як оила, балки гами зиёда аз 8 мил шахрванди Точикистонро мехурад, ки миёни онхо мову шумо ва оилахои мову шумо низ хастанд.
Хамватанони азиз рушди давлату давлатдори дар танхои сохта намешавад, зеро ки дар урфият гуфтаанд "аз як даст садо намебарояд" ва тибки ин гуфтахо моро мебояд иттифок бошем, хиссиёти БАЛАНДИ ватандусти (ПАТРИАТИЗМ) дошта бошем ва ба он камбудихое,ки имруз дар ЧТ вучуд доранд бо чашми "ХАЛ" ва дар якчояги бо Эмомали Рахмон , Хукумати ЧТ барои пешрафти кишвар саъю талошхо варзем. Боиси кайд аст, ки такрибан дар солхои 1955-1965 дар Кореяи Чануби мардуми он 7 соати илдоваги (8+7=15), барои давлат бе маош кор карданд ва хатто бисёрихо тиллохои худро оварда ба казнаи давлат доданд, то кишварашон пас аз чанг ба по хезад.
Бо дарназардошти гуфтахои боло, Чон Кенеди дар яке аз суханронихояш чунин гуфта буд: Нагуед, ки давлат барои ман чи кард? бигуед МАН БАРОИ ДАВЛАТ чи кардам?
Барои мухтарам Хусрави Рустам дар бобати ШУКРОНА-гуфтан чунин гуфтани дорам: ШУКР ГУЙИ НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД , ГАР НАГУЙИ АЗ КАФАТ БЕРУН ШАВАД!
Фикр накунед ки ман ягон хеш ё наздикони Президент хастам, ман як фарди одди аз оилаи мехнаткаш баромадаам, аз ин лихоз ба кадри мехнати кас мерасам ва мехнати каси дигарро эхтиром мекунам ва шуморо низ хидоят ба он мекунам Хамватанони азизи ман.

Дилшод
Ҳамватанони азиз, танҳо ба Парвардигор шукр кунед, ҳамаро аз Ӯ бинед. Аминам, ки тавҳиди мутлақ барои мо аз обу нон низ заруртар аст. Масъалаҳоро матраҳ созед, ифрот накунед, аммо шукри танҳо Яктои Беҳамторо ба ҷо оваред.
Саломат бошед.

Эй тарафдорони #шукрона кунен# шумо мехохед,ки мо гарибу дар ба дар кор кардаву азоб кашида руз барему боз шукронаро хам ба чои шумо мо гуем!Яъне мо шукронаи онро гуем, ки шумо ором зиндаги доред?

Drurud ba hamagon ! Barodaroni aziz hej joi shukr guftan nest ... Janobi prezdent agar farzandi shumo baroi yak tikka non kishvarrro tark kunadu ba Rasia ravad shukrona mekuned ? Agar farzandi shumo va yo xeshovandoni shumoro millatparastoni rus lattu kub kunand shukrona mekuned ? Sadho javononi tojikro dar Rusia sarburidand shukrona bikunim ? Chi joi shukr guyi ast inja ? Na mohona (oylik) na joi kor na obu gazu na barqi doimi ... in mulk joi shukr guyi nadorad . Jang dar Tojikiston hanuz ham tamom nashudast , zamoni jangi shahrvandi tojik tojikro mekusht hollo boshad har sol az Rusia hazorho tobuthoi javononi mo omada istodaast... Janobi Prezdent jang idoma dorad har ruz rusho moro mekushand , shumo baroi xalq chi xizmate karded ? sulhi durugi???

"Озодагон "рахмат ба Шумо....

В ТАДЖИКИСТАНЕ ТИПА ДЕМОКРАТИЯ?
А НА САМОМ ДЕЛЕ ЦАРСТВО.
Я ЛЮБЛЮ СВОЮ СТРАНУ,
НО НЕНАВИЖУ ГОСУДАРСТВО.
(классика 21-)
Всему свое время, Аллах видеть как мой народ мучается на чужбине и каждый Боже день несколько Таджиков погибает..
Что могу еще добавлять, не чего. Всем видно в каком состояние наша "бедная страна"..

вакте ба сафар баромадани шавед дар аэропорти худжанд ба зури аз шумо пул мегиранд ки шумо билета карзба гирифта 500 рубли руси барои рохкиро аз айропорти русия то манзили зист омадан монда удед дар аэропорти худжанд аввал 20 сомони барои кимчи баьд барои тафтиши багаж 10 сомон баьд барои таможни 15 сомон бад бо 5 сомони дигар ана шумо дар зал ожидани 50 сомони

Ч,аноби оли дар х,амаи Ч,о Мо-Кулобих,оро барои ч,ангу ч,анч,ол гунах,кор мекунанд,Барои Ч,ияни Нусрати бетурсик писари худорах,матии омузгори ДДОш.Кулоб Талбаковро,ки дар мактаби президентии Бохтар мехонад бо дасти мусалах, зада сарашро кафондаанд.Бо тарси он ки байни Кулобу Дангара-Курган ч,анг нашава директори ин мактаб(банани сиях,шуда) хонанда Бахтиёрро тарс додааст,ки агар ба касе гапи х,ак,ро бигуи дигар ин ч,о намехони!Магар меарзад,ки барои дар Ватани худат тарсида рох,гаштан Шукрона куни??????????????????

хофиз
Албата ки хамааш дуруст аст.вале мо бояд шукур гуем ин гунохи чаноби олли нест гунохи райсону вазирон аст. Карупсия чикор мекунад? Раисон бояд худро ислох намоянд
"Доиман яксон намонад холи даврон ГАММАХУР"!

salomat
шукрона кунем агар дируза тракторчиву анборбон имруз президенти банку раиси рохи охану вазири наклиет астанд??
шукрона кунем ки тамоми домоду духтарону чиянхову домодои акаи президент дар вазифаи равгани астанд??
шукрона кунем ки тамоми фарзандон дар хорича аз хисоби буча кайфу сафо доранду миллионхо чавон дар россия гуломи мекунанд??
шукрона кунем ки чакану фалак имруз рамзи миллат шудаанду чои атласу шашмаком танг шуда??

мехоханд аз эмомали шукрона кунем бояд аз Худо шукргузор бошем.Ман 6 фарзандро дар Точикистон бонда бо хамрои занам дунафара ба Россия коркуни омадаем.Аз чудои бо фарзандонам шукрона кунам? "Шукронаи хамин сарзамин кунед,шукронаи хамин хукумат кунед...." кадом сарзамин ? сарзамини хору зор ,сарзамине ки падар фарзандхояшро хуронда наметавонад??? ШУКРОНАИ РОССИЯ ,ШУКРОНАИ ПУТИН.

гастробайтер,
Эй хонум саломат руятро сиех накун, ин кадар пастии бад чи лозим. Ту гуфтании ки фалаку чакан яъне кулобихо?
Эй ношукр хар сола дар чумхури на иди чакан балки ид шашмакомро бо иштироки президент чашн мегиранд. Махз президент шашмакомро ехе кард холо он ки шимоли нест. Атлас дар хама чо либоси милли гуфта муаррифи мешавад, чакан бошад минтакави!
Так что саломатхони музоботхон дуруг нагуй!
Ман тарафдори хукумати чумхури бо рохбарии эмомали рахмо хастам, вассалом шуд мавзуъ тамом! Озодагон ба. Ахс анчом бибех!

Мусофир
Вактеки мухочиронро дар киса пул надоранд депортации мекунад шукр она мекунед?

Албатта бояд шукрона кард,вале шукрона ба даргохи Офардигор.
иншооллох хамаш хуб мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)