Бахшҳо

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
АЗ БОЗОР СОБИР ГИЛАМАНД НАШАВЕД. У ДАР ЧАВОНИВУ БАРДАМИВУ ПРИАШ ХАМЕША ТАГЙИРИ АКИДА КАРДААСТУ МЕКУНАД. ИМРУЗ ДИЛАШ БА ФАРХУНДА СУХТААСТУ ВАКТЕ БУД, КИ АЗ ЁДАМ НАРАФТААСТ. АНА ХАМИН БОЗОР СОБИР ДАР ЧАМЪОМАДЕ, КИ ЧАНГОВАРОНИ ИНТЕРНАЦИОНАЛ-ИШТИРОКЧИЁНИ ЧАНГИ АФГОНИСТОН, ИШТИРОК КАРДА БУДАНД ВА ЁДБУДИ ХАМЯРОКОНАШОНРО МЕГУЗАРОНИДАНД, БА ОНХО ХИТОБ КАРДА ГУФТА БУД " ШУМО ХЕЧ ВАКТ КАХРАМОН НЕСТЕД, ХОМИИ ВАТАН НЕСТЕД, ШУМО ОДАМКУШУ БАРОДАРКУШ ХАСТЕД. АФГОНХО БАРОДАРХОИ ШУМОАНД ВА ШУМО АЗ ЧОНИБИ КУФФОРИ РОСИЯ ШУДА БАРОДАРОНИ ХУДАТОНРО КУШТАЕД.... АНА ИНАНД СУХАНОНИ ОНВАКТАИ БОЗОР СОБИР. ИМРУЗ БОЗ МАРГ БА АФГОНИСТОН МЕГУЯД. АФСУС БИСЁР АФСУС.

,
"Pushtunu uzbak namekardast in kora" Tojik ki mekarda boshad az Tojik budanaton dast kashed.In chel nafrati ziedi bad ham ne-da!?Ateisti muhtaram yak bor kani kafo gashta hisob kuned kani dar hamin jangi shahrvandii mo sarkardahoi asosi Tojikon budand e ...Shumoro fahmidan mumkin,-lekin ba in daraja na-daa!?...Chayriyat ki Chudovandi buzurg shumoro PREZIDENT-i Tojikiston sazovor nadidaast naboshad az kahr DAvlatu Millatro mesuporded.Mard hamon ast ki dar sari kahr chudashro doshta tavonad- meguyand.....

Мухаммадкарим
Вокиъан хам ин инсон аз илму маърифат ва тарихи ислом бехабар будааст пешравие, ки дар 14 асри гузашта ислом барои чомиъаи башарият кардааст назар кунад. Баъдан суханаш, ки ( Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам) оё ин худро донову шучоъ нищондодан нест.

и мачуси тарафдору хамфикр бсер доштай..меган 99 фоизи точикистон мусалмон 1фоизаш пас хамино бдян.шумо хамаатон мачусии фитнаандозен.тфу ба шумо.

Saif
"Агар ман раиси чумхур мешудам"- пишак чарбу хоб дидааст)))....
мухтарам "Озодагон" баъд хами шеъри бемаъниву мантикро хар бор бозчоп кардан мегиред??.. Ё устодатон ягон чи ваъда кардаги??...
мард бош чоп кун!!

Zara
Zinda boshi ustod, oh chi khel gaphae deli maro paydo kardedOdil,
Odil,
Odil,

Абдуллоҳ
Воӣ бар ҳолат Б.Собир бо ин бехудоият ҳаргиз соҳиби обуру шуда наметавони агар заррае ақли солим дошта боши як нигоҳ ба осмон басанда аст то ки вуҷуд доштани АЛЛОҲро дарк намоӣ.Шумо ки аз лаззати имону ислом дур ҳастед ҳаргиз кушиши камбудии исломро наҷуед ин дин комил ва ҳеҷ айбе надорад.Агар обуру мехоҳи танҳо бо имону ислом доштан метавони пайдо куни магар намебини ҳеҷ як атеес то имруз соҳиби обуру нашудааст ба ҷуз лаънати АЛЛОҲ

Мучохиддини афгон солхои пеш дар Покистон. Эрон ва дигар мамлакатхо "Марг ба Шурави" гуфта шиорпартои мекарданд, байраки Шуравии онвактаро месузонданд, дар расонахои ахборашон мардуми шуравии пешинро тахкир карда буданд ва боинрох гуё эътирози худро мукобили хузури Шурави дар Афгонистон нишон медоданд.
Чанд сол пеш дар Кобул музохирагарон шиорхои "Марг ба Амрико"-ро хамл мекарданд, ки ин як эътироз буд.
Бозор Собир низ эътирози худро нисбат ба чунин вахшонияти бесобикаи асри 21 аз номи дини мубини ислом сангсор кардану сузондани як инсони бегунох баён намудааст. Бо чунин чахолату вахшигарихо Афгонистон хеле дер обод мешавад!!

Рости ба ин мард дигар бовар намондаст чyн ин нафар ҳар вақт мисли мор пусташро иваз мекунад. Дар митингҳои соли 90 аз даҳани ҳамин бедини имруза шереро дар мавриди Ленин шyнидам ки мегуфт Ленин бародар зери по, Ленин бародар зери по. Дар мавриди Афғонистон ҳаминро гифтани ҳастам ки агар Русҳо ба ин кишвар ҳамла намекарданд ин кишвар ором мемонд ва мардyмаш инқадар ҷангҷy намешyданд. Бади Русҳо бесёр давлатҳо барои манофеи кишварҳои хyд нагузоштанд мусалмонҳои Афғонистон ором бимонандy оромона зиндаги кунанд. Имруз мебинем 13 сол мешавад бо раҳбари Амрико чандин кишварҳо дар Афғонистон мебошандy ҳеҷ гоҳе барои оромии ин кишвар ва мардyм намеандешанд балки барои оне омаданд ки пойгоҳе барои заиф кардани Хитой ва Расия дар инҷа дошта бошанд. Бозор ин сиханҳои болоро медонад вале имруз чyн ҳамин сyханонаш ба сармоягузоронаш хуш меояд ба забон меорад. Ин мард як савдогаре беш нест. Ба ин кас ҳеҷ кас ҳақ надорад аз номи миллати Тоҷик ҳарф занадy як миллати бузургро ки ҳамеша озод зистаст ва абарқудратҳои бузургро шикаст додаст таҳқир кyнад. Хyд ки сифати лаганбардори дорад мехоҳад миллати дуст ва ҳамсояро ҳам дар шакли ғyлом бибинад. Дар мавриди қотилини духтари Афғон алакай малyмотҳои дуруст интишор гардида ва даст доштани мyллоҳои асилро рад намyданд. Мyллое ки ҷавононро ба қатли ин дyхтар таҳрик дода бyд як соҳири беш набyдаст ва ҷавонҳои қотил ҳам атрофиёни фасодкори он соҳир бyданд. Алакай 4 нафарро ба едом маҳкyм карданд ва чандин нафари дигар ба солҳои тулони зиндони карданд. Ва дyхтари кyшташyда ҳам як даватгари ҳақиқи исломи бyд ки мехоста ин соҳиринро аз амали бадашон боз дорад. Хyдо шоирони моро тавфиқ диҳад то ақалан қабл аз навиштани чизе ақалан воқеаро дуруст дарк кунанд бадан чизеро нависанд ки барои тарбияти муҷтама муфидy самабахш бошад.

Фирдавс
Бозор Собир танхо дуруя хасту халос худаша дигар Точик нагуяд суханаш факат Точикоя паст задан Мухтарам Бозор Собир пир шудед басаст дуруяги барои дини мубини ислом хеч чиз намегуям ОЛЛОХ бузург аст худаш медонад лекин шумо мисли хамелён ба хама намуд падидор мешавед сиёхи ба сиёх мегардеду сафеди ба сафед чои шеърхои бе маъни равед намоз хонед.Чангхои Точикистонам Исломихо не худи шумо шумо игвогари якум будед ва хастед.Хукумату президенти ТОЧИКИСТОН,аз ин одам эхтиёт шудан даркор хеле ва хеле барои ТОЧИКИСТОНУ ТОЧИКОН одами хатарнок аст

иншолох замин аз ту барин безораст

Абдурахмон
Хитоб ба Бозор!
Бозор аз хозир гуй, ки ''ман агар мурам, маро чаноза накунед . Чунки инсони мусалмонро чанозаву дафн мекунанд.

Ман ин фикрихо бозор собирро нисбати Мардуми диндори Точик як тахкир мехисобам ва ба инкас гуфтаниям факат илми дунявиро варак назан зеро бидуни илми Ислом илми дунё инсонро фанатизм мекунад! Агар ун дунё яъне охират як найранг бошад пас чаро марг хаст? Агар амиктар фикркуни шояд имон ба Худо ори зеро ту Худовандро инкор карда истодаи! Ба ту савол дунёро ки офарид? Офтобу мох ситораву замин хамаи инхоро ки офарид? Албатта Худованд! Ту як шеъро шояд думох бо азоба машаккат нависи лекун Худованд хамаи инро дар шашруз офарид.

Ту барин чанг андохта мардума дар азоб монда гурехтен Америка рафтед ароба кашида гадои карда гашти бо дили Президент сухт бахшидат оварданат боз мардума чангандозира сар карди беимони номусалмон ба ту барин шоир кати шери навиштаат.

шукронаи Аллох,ки мардуми мусалмони мо зидди ин атеист-экстримсти хабисист фикрхои оли баен кардаанд ба чуз ду се барматушнику ду се фохишазан касе тарафдорат нест бо3ор.. номарди накн чоп кун то базар-хона хамаша.

шукронаи Аллох,ки мардуми мусалмони мо зидди ин атеист-экстримсти хабисист фикрхои оли баен кардаанд ба чуз ду се барматушнику ду се фохишазан касе тарафдорат нест бо3ор..озодагон номарди накн чоп кун то базар-хона хамаша.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)