Бахшҳо

Бозор Собир: Агар ман раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам...

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар пайи нашри шеъри баҳсбарангезаш дар бораи қатли Фархунда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ваҳшонияти бемисл”-и ин ҷиноят боис шуд, ки ӯ дар бораи Фархунда шеър эҷод кунад.

Дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ дар мавриди шеъри нави Бозор Собир, “Озодагон” нахуст, суол кард, ки чаро маҳз қазияи Фархунда мавриди таваҷҷуҳаш қарор гирифтааст, зеро ҷиноятҳои даҳшатнок ва қатли мазлумонаи афроди бегуноҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон кам нестанд?

Бозор Собир: Бале, ман дар сомонаатон хондам, ки сафири Афғонистон дар Тоҷикистон низ дар суҳбат бо шумо ин суолро гузоштааст. Сафир маро экстремист гуфтааст. Кори Афғонистонро монда, ба тоҷикҳо гӯиё дилсӯзӣ кардасту гуфтааст, ана шуморо ҳам мекушанд ку дар Маскаву дигар ҷойҳо. Бале дар Русия ҳам мекушанд, дар Амрико ҳам мекушанд дар дигар ҷойҳо низ мекушанд, ин дуруст аст. Дар ҳама ҷо мекушанд, лекин ба ин ваҳшонияте, ки дар Афғонистон мекушанд, дар ягон ҷои дунё нест. Боз як духтари 27-сола бечораи бекасу бепаноҳро куштаанд. Куштораш 4 соат давом кард, 4 соат ӯро дар майдон сангсор кардаанд, ҳукумат дар куҷо буд? Дар ин 4 соат президент дар куҷо буд? Сарвазир дар куҷо буд? Пулисҳо дар канор истода, тамошобин буданд. Садҳо нафар дар гирду атроф тамошо карданд. Як бечора духтарро калтаккӯбӣ карданд, аз болои бом партофтанд, аз болои ҷасадашон мошин гузаронданд, баъди ин боз сӯзонданд. Ин воқеа 4 соат давом кард, касе нагуфт, ки эй мардум шумо чӣ кор мекунед, ин чӣ гап аст? Боз дар маркази шаҳр. Ҳама тамошобин.

“Озодагон”: Шумо, ки мусоҳибаи Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистонро хондаед, медонед, ки сафир шеъри наватонро “тавҳиннома бар миллати Афғонистон” хондааст ва бо зикри он, ки Шумо “марг бар Афғонистон” гуфтаед, хостори муҳокимаатон шудааст?

Бозор Собир: Бале, ман бар инам. Зиёда аз ин ман агар раисиҷумҳури Тоҷикистон мешудам, рӯзи аввали ҳамин воқеа сафоратхонаи Афғонистонро дар Душанбе мебастам. Бо кӯчу бандашон аз сарҳади Тоҷикистон гуселашон мекардам.

“Озодагон”:
Ҷаноби сафир мегӯянд, Шумо уқда, ё худ мушкилоти таърихие бо Афғонистон доред, ки ба баҳонаи ҳамдардӣ бо Фархунда кафидед ва онро ифшо кардед?

Бозор Собир: Ман ягон мушкил бо Афғонистон надорам, лекин медонам, ки носолимиҳо дар он ҷо зиёданд. Афроди динзадаи ақибмондаи террорист дар сартосари Афғонистон ҳастанд. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин экстремистҳое, ки Фархундаро куштанд, маҳз тоҷикони Афғонистонанд. Боварӣ дорам, ин корро ҳатто паштую узбакҳо намекунанд.

“Озодагон”: Дар пайи нашри ин шеъратон, ки ба Фархунда бахшида шудааст, на танҳо сафири Афғонистон, балки шаҳрвандони Тоҷикистон низ иддао пеш гузоштаанд, ки Шумо ҳамчун шоири миллат боре ҳам барои қатл ва “сарбурӣ”-и ҷавонони тоҷик дар Русия садо баланд накардаед?

Бозор Собир: Дурӯғ, дурӯғ, дурӯғ. Ман дар ин бора чандин бор навиштагиям. Нахондаанд. Ҳатто ҳамин хел навиштам, ки ин кори саҳюнистҳо аст. Ҳамин кушторҳое, ки шумо гумон мекунед, миллатгароҳои рус мекушанд, не. Инҳоро созмонҳои саҳюнистӣ мекушанд.

“Озодагон”: Инчунин шеъри нави шуморо “як шиорпартоӣ”-и сиёсӣ гуфтаанд. Он давоми сиёсати исломситезӣ, ки ба мақомоти Тоҷикистон нисбат дода мешавад, нест? Оё ягон ангезаи сиёсӣ дорад?

Бозор Собир: Не, ягон чӣ, на ангеза ва на ғаразҳои сиёсӣ дорад. Ягон ғарази миллию миллатчигӣ надорад. Мустақиман фоҷиаи ҳамон духтари бечора аст.

“Озодагон”: Бархе шеъри наватонро аз нигоҳи адабӣ низ мавриди интиқод қарор додаанд ва гуфта мешавад, ба пояи он шеърҳои қаблиятон нест. Баҳои худи шумо ба ин шеър дар муқоиса бо шеърҳои қаблиятон чӣ гуна аст? Аъло, хуб, миёна?

Бозор Собир: Ман инро нишаста ҳунармандӣ накардам. Инро аз ҳамон воқеа бардоштаам. Шоирӣ накардаам, санъатҳои бадеиро накофтам, аммо то ҳадди имкон талош намудам, ҳамон фоҷиаро тасвир кунам.

“Озодагон”: Шумо мегӯед, “Эй ниёгонҷӯён” ва идома медиҳед, ки ин аст, ниёгони Шумо. Ин хитоб ба кист?

Бозор Собир:
Ин хитоб ба тоҷикон аст. Аз мақолаи охири ман “Падарони миллат” гирифта шудааст.

“Озодагон”: Дар шеъратон инчунин аз муллою асҳоб зикр кардаед. Онҳо ба қатли Фархунда чӣ рабт доранд?

Бозор Собир: Барои он, ки ҳамин муллоҳо, шайхҳо, охундҳо халқро фанатики дин карданд. Мардум дигар ғайр аз дину масҷид дигар ҳеч чизро намефаҳманд. Фаҳмидан ҳам намехоҳанд.

“Озодагон”: Сухани Иқбол, ки “айб дар Ислом нест, дар мусалмонии мост” чӣ мешавад?

Бозор Собир:
Ман ба ин чандон розӣ нестам. Ислом миллатро намешиносад, Ватанро намешиносад. Гузаштагони мо тарғиботчии калони Ислом буданд, аммо барои ҷамъият чизе наоварданд. Ягон касро на пӯшида кард, на сер. Ҳамон гадо гадо монду бой бой монд. Танҳо умеди хушбахтӣ дар он дунё, ки ин як найранги дигар аст.

“Озодагон”: Ҳамин шеваи гуфторҳои Шумо боис шудааст, ки дар бисёри доираҳо Шуморо атеист ном мебаранд. Албатта ин ҳаққи шумост, мо танҳо фаҳмидан мехостем, ки ин дуруст аст?

Бозор Собир: Бале, ман атеистам. Атеисти советӣ.

“Озодагон”: Фикр намекунед, ки баъзан ҳамин ошкоргӯиҳоятон як зарба ба боварҳои динӣ, нохунзанӣ ба ҳиссиёти диндорон мешавад?

Бозор Собир: Ман ба гӯру чӯби мардум кор надорам, лекин бо ифтротгароӣ дар Ислом сарукор дорам ва зидди онам.

Ин дар мусоҳиба дар ҳоле сурат гирифт, ки шеъри нави Бозор Собир, бо номи “Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд” дар ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои зиддунақиз, аз ҷумла норозигии сафири Афғонистонро ба вуҷуд овард. Ин шеъри тозаро Бозор Собир ба Фархунда, як духтари 27-солаи афғон бахшидааст, ки рӯзи 19 март аз ҷониби тӯдаи мардон бо иттиҳоми қуръонсӯзӣ дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистон кушта шуд:

Марги Фархундаи ноком ба ман мегӯяд,
Ки ба ҳар як дару девор нависам ба зуғол:
Марг ба Афғонистон!
Сангдевори занон!!
Маҳбаси зан!!!

Доду бедод аз ин ҷаллодӣ,
Доду бедод аз ин кафторӣ,
Лошахорони Худо дар назарам
Ҷигари духтари маъсуми маро меканданд,
Лошаи хоҳари яктои маро мехӯрданд.

Ватан ин асту ватандор агар бандит аст,
Ватан ин асту ватандор агар авбош аст,
Ватан ин асту ватандор агар мурдагав аст,
Говриш аст,
Туф ба ватан,
Ах ба ватан.

Агар ин аст мусалмонии Афғонистон,
Ҳама он бомба, ки янки ба сараш рехт кам аст,
Кам аст.
Боз ҳам кам нашавад абри матираш аз тир,
Ғайри хумпора набинад гули сурх,
Ғайри норинҷаки тарканда начинад норинҷ.

Эй ниёгонҷӯён,
Ана, ин аст ниёгони Шумо;
Сангборони занон,
Дӯзахи зан,
Ба задан куштани зан...

Араби хонагӣ-шайх аст ниёгони шумо,
Араби хонагӣ-охунд ниёгони шумост,
Араби хонагӣ-муллост ниёгони шумо...
Хуни занҳо ҳама дар гардани асҳоби шумост;
Ана, ин аст ҳамон асли “асиле”, ки шумо меҷӯед.

Иди Наврӯз ҷаҳонӣ шуду фархунда нашуд,
Чунки Фархунда набуд.
Баъди Фархунда, бигӯед дар Афғонистон
Ҳеҷ фархунда наояд Наврӯз.
Мӯҳр
Бозор марразматик шудасту бас. Ин калимотро ман танхо хайфи калам меномаму халос. Бозор агар ту мушкилие бо Ислом дошта боши ин проблемаи ту аст. Валлохи мардуми кур дар хама кунчи дунё хастанд ва марги Фархунда таърихи фочиавии худро дорад. Ту бояд аввал онро мутолиа мекарди. Мардуми Афгон, хох точик бошаду хох гайр хама гунахкор нестанд ва ту Он нести, ки онхоро гунахкор номи! Аз Чаноби Сафир ва тамоми мардуми Афгонистон барои савсатаи Бозор узр мепурсем ва хохони онем, ки Худои Муттаол Фархундаро рахмат кунад. Зеро Фархунда аз ширк миёни бархе афгонхо сухан ронда, шахиди рохи Хак шуд. Бозор сиёхро аз сафед фарк намо!

Ҳамаи комментҳоро хондаму ба хулосае омадам, ки миллати тоҷик аз ҳамун афғонҳо, ки асксарияташ тоҷик ҳастанд ҳеҷ мондание надоранд. Ва Устод Бозор дуруст ва ба умқи масъала сарфаҳм рафта гап мезанад. Вале мардуми хоббурдаи мо мусулмониро ба арабпарасти табдил дода арбобу аҷдоди худро фаромуш кардааст. Мусулмониро фақат дар сатру ҳиҷоб медонанд.
Вся проблема с миром в том, что дураки и фанатики всегда так уверены в себе, а мудрые так полны сомнений. - Бертран Рассел

tojik
доро,
barodar DORO holo mulloho bo libosi milli mashgulan gamshon nate shoyad vaxti margi in boyakdigar jangham kuna MAN MEXONAM JANOZAI IN ATEISTO gufta

аноним,
BARODAR ANONIM intavr nagu vay MUKARRAM HOLO BO LIBOSI MILLI VA RISH MASHGUL HAST KI CHIGUNA INHORO AZ BAYN BARAD GAMUSH NATE BRATAN MONUSH KORSHA KNA

шахрванди одди
Ман як чизро намефахмам.Мухтарам Чаноби Оли хамин одама ин кадар кадрдонихо мекунад аз чи сабаб бошад.Ин Бозор Собир ба Худои олам хиёнат мекунаду дини хакки Аллохро эътироф намекунад чиба ки ба Чаноби Оли хиёнат накунад.Аз дасти ин н хамаи кор меояд. Инро Аллох хидоят не балки чазираш кунад.

РАСУЛИ ХУДО МЕГУЯД КИ ҲАР КАС БА МУКАДАСОИ ШУМО КАВҲИН КАРД ШҚМО ХОМУШ ИСТОЛЕН МИСЛИ ШАЙТОНИ ГУНГ ҲАСНЕН Э МАРДУМИ МУСАЛМОН НАХОДКИ ЯК БИЁЯД ДИНИ ШУМОРО ТАҲҚИК КУЕАД ШУМО ҲАРФИ БАРОИ ИН НАГУЙД ЭЙ СОБИРИ КОФИР ШУМО БА ДИНИ ИСЛОМ ҲИЧ ЗАРАР РАСОНДА НАМЕТАВОНЕД ЗЕРО ПУШТИБОНИ ИН ДИН АЛЛОҲ АСТ

КОФИР

Кохар: ба Мансур
Бозор Собир ва моро тахкир макун. Ин исломат касеро ба рохи дуруст тавсия надодааст, касеро хунар наомухтааст. Шумо барин магасонро ислом тарбия намудааст. Бас аст беорию беномуси.

Худо лаънатат кунад

Бародарони азиз! Хохишмандам Бозор Собирро гунахкор накунед! Чун касе дар бораи катли Фархунда сухану шеъре эчод кунад,дар хол хама ба у хамла карда мегуед,ки даххо фарзандони точикро дар Руссия мекушанд.Дуруст мекушанд.вале дар кишвари бегона,на халки точик,на аз барои тухмати нохак,балки аз беакли ва мусофии фарзандони мо.Фархунда дар натичаи мунокишаи байни занхо не,балки дар натичаи тухмати ба ном "МАРД"е сурат гирифт.уро натанхо куштанд,балки зинда ба зинда сангсору калтаккори карданд,хама мардони боакл тамошобин буданд,зери чархи мошин монданаш,оташ заданд.Ки ин корро кард?Хамватанаш,хамдинаш,хамсояву хамнишонаш! Куштору катли фарзандони Ватани мо боре ба воситаи тамоми барномахои телевизиони чахони ба мисли ин вахшоният пахш нагардидааст.Иллохо нашунавему пахш нагардад.Аз ин рафтори вахшиёнаи номардони майдони афгон дили санг пора мегардад.Аз ин ру,шоири мо Бозор Собир аз дил сухан гуфтааст,ба кавли худи у нахунарманди,на эчоди бадеи балки вокеиятро руи когаз овардааст. Боки Худо хофиз!

Акмал
Агар миллати хамосаофар ва кахрамони Афгонистон, ин тавхинномаи бозорбойро шунаванд, аник капаш дуд мекунад, Афгонистон ватани мардони худо ва шерони нар аст, ки тачовузи инглис ва шуравиро шикаст доданд ва холо НАТО бо 139 кишвари дунё рохи мусолиха ва гурезро пеш гирифтааст, афгон точикони мукими Амрико фахманд ва хусусан Наби Мискинёр шоир ва сарпарасти телевизиони чахонии афгонхои бурунмарзии ОРИЁНО ё хонуми Ночия шармандаву расвоят мекунанд,

Dev
ПАТРИОТ,
Pas 80 dar sadi tojikon gunahkorand.Ohir onho az dinu oini ajdodiyashon , dini mukaddasi zardushti (ba zuri ham boshad) ruj gardondand. Dahon bui shir shoiri millatro devona menomand.Hud ba kujoe norasida shoiri millatro chun har lagadzani dorand...in sharmandagie besh nest.In lagadzaniho az hamun lagadzaniho bar sari Rudakivu Sino, Firdavsiyu Hiloli...hej fark nadorad.Holo ham mo mankurthoi asri 10 -emu hudamon darak nadorem.
Bravo shoiri millat, harfi hakro hamesha boyad guft!

Saif
"Озодагон"-и номард!!! кани назари ман! ??...

Салом Радиои Озодагон. Лутфан, нашри сухани як чавон ва шахрванди точикро хохиш мекунам. Бори аввал дар синфи дуюм мехондам, ки устодам ба ман яке аз шеърхои Бозор Собирро доданд то онро аз ед кунам. Номи шеър рости едам нест, вале мазмунаш дар бораи дучарха буд, ки такрибан 50 мисраъ буд ва куллашро аз ед карда будам. Бо мурури замон бо ашъхори Бозор Собир борхо ру ба ру гаштам ва метавонам гуям, ки Бозор Собор чуз аз сафсата ва гапхои хом чизе навишта наметовад. Ое ин шеър аст магар, кучо радифу кофия ва вазн. Аз шоирони узви нависандагони точик эхтиромона хохиш меунам, ки чунин як сафсатахоро дар макоми шоирони бузурги токичу форсзабон, ки номашон ба гуши олам расиидаанд, чой надиханд то аз шармандаги пешгирии шеъри точики кунанд. Тахкири ак миллат ва пастзадани он зеби "шоир" нест ва дар чомеаи имруза чавобгариро талаб мекад.(расизм ва дискриминатсия)...Харчанд замона озодии суханро талаб ва конститусия кафолати онро медихад, аз ед набояд баровард, ки хар як сухан ва амал дар навбати худ чавобгариро низ талаб мекунад. Ташаккур...

Ба Раднавис!!!! Агар мардӣ мисли Бозор Собир нотарсида номатро пурра навис...Пушти эзори хонумат сар нахалону пинҳон нашав ва бо номи мустаор байтҳои подарҳавои бемаънӣ нанавис..Ана ҳамин ту барин зансифатҳоро сангсор кардану ба дор овехтан кам аст..Савоб аст..Хас каму ҷаҳон пок..

БузургБозор
Навиштахои махкумкунандахои Б. Собирро хонда хурматам нисбати шоири бузург Б.Собир дахчанд шуд. Кош шумо хам мисли Б. Бозор атеист мешудед, мумкин он вакт камтар хислати инсони хам насибатон мешуд. Ин навиштахои махкумкунандгон ойнаест , ки дар он сатхи аслии шуур, фахмиш, чахонбини ва саводи ин миллатро нишон медихад. Инхо ки доду вой аз дину имон мекунанд, то хол бехабаранд, ки дину имон ин аклу хирад аст, на ифроту чохили, бемаданияти. Ин тудаи тарсуи ифротии дар чахолату торики монда, бехабар аз он ки бо пайравии кур курона аз кобиляти дарки хакикати имруза дур монда ба дузахи ин дунё афтодааст. Б. Собир 100солахо 1000 солахо чун як шоири бузург, як рашанфикри ростгу дар таърих човидон хохад монд, бо вай мефахаранд, чуноне ки имруз бо Сино, Рудаки ва дигар гузаштогон, ки аз дасти сагхои ифротии замонашон ранчу азият кашида буданд. Худо ба хамаи миллат дилу чигари Б. Собиро ато кунад, ки фикру андешаашро, этрозашро пешору, аз номи худаш, бо овози баланд мегуяд. Агар имруз ин миллати аз ба чохи ифроту торики рафта 10 тох Б. Собир медошт, рохи начот меёфт, аммо афсус. Бо ин шууру тафаккур, чохиливу ифроти фардои мо хам Афгонистон аст. Ба чунин миллатхо Худо хам коре надорад, дар пеш як торикистони абади моро интизор аст. Озодагон - илтичо, набурида чоп кунед!!

херируд
Сафири бузурги фархангии Афгонистон устод Абдулгафури Орзуи Хирави барои мо точикон мояи ифтихор, хамхун ва хамнажодамон аст! Устод аз суханхои ин "шоири" ёвагуву музахрафотнавис ва ду се гайриточик хеч гох хафа нашавед, Точикистон бо шумост! Дустии мову шумо халалнопазир ва самимиву табиист, хеч як душмани чингизтабор садди рохи дустии точику афгон шуда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)