Вакили парлумон гуфт, бояд ҳамаи нозирони роҳ сабукдуш шаванд

Кенҷабек Бақоев, раиси Кумита оид ба ҳуқуқу тартибот ва мубориза алайҳи ҷинояткории Жогорку Кенеш, Шӯрои олии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки тамоми кормандони Хадамоти назорат дар роҳи Вазорати умури дохилӣ сабукдуш шаванд. Ин вакили шӯро гуфтааст, ба ҷои онҳо бояд кормандони навро аз тариқи озмун ба кор қабул кард.
«Баргузор кардани санҷишҳо роҳи ҳал нест. Бояд чораҳои ҷиддӣ ва мушаххас андешид. Мо омодаем онҳоро дастгирӣ намоем. Ҳама медонанд, ки нозирони роҳ пора мегиранд. Набояд ба ин раванд бетафовут буд»,- гуфтааст, Кенҷабек Бақоев.
Дар посух ба ин пешниҳоди раиси Кумита оид ба ҳуқуқу тартибот ва мубориза алайҳи ҷинояткории парлумон Шамил Отахонов, ноиби вазир оид ба амният гуфтааст, музди меҳнати кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ 7 ҳазор сомро ташкил медиҳад ва «хоҳед нахоҳед, онҳо ришва мегиранд. Бояд моҳонаи онҳоро зиёд кард. Аммо маблағгузорӣ масъалаи доғ аст».
Ришвахории нозирони роҳ дар Қирғизистон масъалаи доғ ба ҳисоб меравад. Чанде қабл дар интернет наворе пайдо гардид, ки ду нозири роҳи шаҳри Бишкек бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудаанд. Зимни таҳияи аснод, яке аз нозирон аз фурсат истифода карда, рӯй ба гурез мениҳад ва ҳатто додзаниҳои афсари “ОМОН”: “ист, мепаронам” ӯро бознамедорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |