Президент гуфт, ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашавед
Алмазбек Атамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба гуруҳҳои мухолифи “бадбин”-и кишвараш ҳушдор додааст, ба умеди хоҷагони хориҷӣ нашаванд.
Атамбоев зимни суханронӣ дар чорабиние бахшида ба Рӯзи модарон дар Қирғизистон гуфтааст, кишвараш дар оянда «аз зумраи давлатҳои пешрафтатарин ба шумор хоҳад рафт ва ба ҷумҳуриҳои дигар кӯмак хоҳад кард.”
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Қирғизистон, бархе аз гуруҳҳо имрӯз ба ин назаранд, ки кишвар дигар қудрати ба по хестанро надорад: “Ба самъи онҳо мерасонам, ки ингуна нест ва мо ба амалӣ шудани ин ҳадафашон иҷоза нахоҳем дод, навобаста ба ин ки пушти онҳо киҳҳо ҳастанд.”
Алмазбек Атамбоев таъкид кардааст, ки тамоми нақшаҳо ба зудӣ амалӣ хоҳанд гашт ва худи ӯ барои ин шабу рӯз талош мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |